Моддаи 138-и Кодекси оила. Нигоҳ доштани ҳуқуқи кӯдаки фарзандхондашуда ба нафақа ва ёрдампулӣ
Кӯдаке, ки дар вақти ба фарзандхондӣ гирифта шуданаш бинобар вафоти падару модараш ба нафақаю ёрдампулӣ ҳуқуқ дорад, ин ҳуқуқро дар сурати ба фарзандхондӣ қабул шуданаш низ нигоҳ медорад.