Главная / Ҷамъият / Таъинот ва қароре, ки ҳангоми тайёрӣ барои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул карда мешавад

Таъинот ва қароре, ки ҳангоми тайёрӣ барои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул карда мешавад

Моддаи 134-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Таъинот ва қароре, ки ҳангоми тайёрӣ барои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул карда мешавад 

  1. Ҳангоми тайёрӣ барои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ масъалаҳои зерин ҳал гардида, доир ба онҳо таъинот ё қарор қабул карда мешавад:

– дар бораи таъин кардани вақт ва маҳали баррасии парванда;

– дар бораи даъвати шахсони дар моддаҳои 26-34 ва 36 Кодекси мазкур пешбинигардида;

– дар бораи талаб карда гирифтани маводи зарурии иловагӣ барои парванда;

– дар бораи таъини экспертиза;

– дар бораи мавқуф гузоштани баррасии парванда;

– дар бораи боздоштани баррасии парванда;

– дар бораи ба мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки протоколро тартиб додаанд, баргардонидани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводи парванда бинобар аз тарафи шахсони ба он ваколатдорнабуда тартиб додани протокол ва ба расмият даровардани дигар маводи парванда ё нодуруст тартиб додани протокол ва нодуруст ба расмият даровардани маводи дигари парванда ва ё нопуррагии маводи пешниҳодшуда, ки наметавонад зимни баррасии парванда пурра карда шавад;

– дар бораи аз рӯйи тобеият барои баррасӣ супоридани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводи парванда, агар судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводи парванда барои баррасӣ  ба онҳо ворид шудаанд, салоҳияти баррасии парвандаро надошта бошанд ё ҳангоме, ки дар бораи радкунии судя, ҳайати мақоми коллегиалӣ ё шахси мансабдор таъинот бароварда шуда бошад.

  1. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор қабул карда мешавад.
  2. Ҳангоми мавқуф гузоштани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар бе сабабҳои узрнок ба мурофиа ҳозир нашудани шахсони дар Кодекси мазкур пешбинигардида судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки ин парвандаро баррасӣ менамоянд, дар бораи маҷбуран овардани ин шахсон таъинот ё қарор мебароранд, агар ба мурофиа ҳозир нашудани онҳо барои ҳаматарафа, пурра, воқеъбинона ва саривақт муайян кардани ҳолатҳои парванда ва мутобиқи қонун ҳал гардидани он мамониат намояд.
  3. Ҳангоми бемор шудан ва ё дар сафар будани шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ мегардад, дигар иштирокчиёни пешбурди парванда, инчунин ба миён омадани дигар ҳолатҳое, ки баррасии парвандаро бе иштироки онҳо ва дар мӯҳлати муайяншуда истисно мекунад, баррасии парвандаи маъмурӣ то бартараф шудани ҳолатҳое, ки барои боздоштани он асос мегарданд, боздошта мешавад. Дар ин бора судя таъинот ва мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) қарор қабул мекунанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …