Моддаи 133-и Кодекси оила. Розигии ҳамсари шахсе, ки кӯдакро ба фарзандхондӣ мегирад
- Ҳангоми кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кардани яке аз ҳамсарон, агар кӯдакро зану шавҳар якҷоя ба фарзандхондӣ қабул накунанд, розигии ҳамсари дигар зарур аст.
- Агар зану шавҳар муносибатҳои оилавиро қатъ намуда, зиёда аз як сол ҳамроҳ зиндагӣ накунанд ва ҷои истиқомати ҳамсари дигар маълум набошад, розигии ӯ барои фарзандхондӣ зарур нест.