Главная / Ҷамъият / Мониторинги кўли Сарез

Мониторинги кўли Сарез

Моддаи 1326-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мониторинги  кўли Сарез

Бо мақсади пешгирӣ намудани оқибатҳои фалокати рахнаи оби кўли Сарез Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи махсуси мубориза бо обхезӣ аз ҷумла  чорабиниҳои зерин таҳия менамоянд:

– пешгўӣ ва пешгирии хавфи ҳолатҳои фавқулодда вобаста ба рахнаи оби кўли Сарез;

– ташкил ва таъмини мониторинги эҳтимолияти оқибати деформатсия (тағйири шакл), заминҷунбӣ, обуҳавосанҷӣ дар натиҷаи рахнаи оби кўли Сарез;

– таҳия ва татбиқи системаҳои боэътимоди муоинаи маҳаллӣ ва огоҳонии фаврӣ;

– ба нақша гирифтани амалиёти якҷоя бо мамлакатҳои манфиатдор дар ҳолати рух додани ҳолати фавқулодда,  мубодилаи иттилоот бо онҳо оид ба арзёбии хавфе, ки бар асари рахнаи оби кўли Сарез ба муҳити зист ва аҳолӣ таҳдид менамояд;

– банақшагирии якҷоя, таҳия ва татбиқ намудани лоиҳаҳои таҳқиқоти илмӣ, мубодилаи адабиёти илмию техникӣ ва натиҷаи таҳқиқоти илмӣ. (КҶТ аз 3.12.09с, №572).

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

belorus

Вазорати корҳои дохилии Беларус эътирозгаронро бо силоҳи низомӣ таҳдид кард

Вазорати умури дохилаи Беларус таҳдид кардааст, ки алайҳи тазоҳуркунандагон силоҳи низомӣ истифода хоҳад кард, то …