Главная / Ҷамъият / Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ

Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ

Моддаи 1322-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ

  1. Мубориза бо обхезӣ бояд бо назардошти хавфи сар задани он, хусусиятҳои ҳар як объекти об ва ҳавзаҳои дарёҳо дар асоси барномаи ягона анҷом дода, дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин карда шавад.
  2. Номгўи объектҳои об ва ҳавзаҳои дарёҳоро, ки нисбати онҳо Барномаи давлатии мубориза бо обхезӣ таҳия ва амалӣ мешавад, бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  3. Барномаҳои маҳаллии мубориза бо обхезӣ дар объектҳои дигари об ва ҳавзаҳои дарёҳо бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дахлдор таҳия, тасдиқ ва амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)
  4. Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ, ки бо мақсади пешгирӣ, ҳимоя ва кам намудани зарари обхезӣ пешбинӣ шудаанд, бояд чорабиниҳои зеринро дар бар гиранд:

– ҷамъоварӣ ва таҳлил намудани маълумоти  мониторинги ҳолати объектҳои дахлдори об,  ба ҳисоб гирифтани иншооти мавҷудаи соҳаи мелиоратсия ва захираҳои об, арзёбии техникию иқтисодии ҷузъҳои мавҷуда ва  зарурии иншооти мазкур бо мақсади мубориза бо обхезӣ:

– ҷорӣ намудани равандҳои мутавозии истифодаи захираҳои об бо роҳи ҳамаҷониба ва асоснок кор фармудани оби партов, заҳбуру заҳкашҳо ва обҳои дигар дар хоҷагӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти  иқтисодӣ;

– амалӣ намудани лоиҳаҳои кўчонидани аҳолии минтақаҳое, ки ба онҳо хавфи зиёди обхезӣ таҳдид менамояд, барқарорсозии саддҳои муҳофизи соҳил ва иншооти дигари гидротехникӣ,  мустаҳкам намудани соҳили дарёҳо ва каналҳо.

  1. Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ бо назардошти маблағҳои мавҷуда, ҷалби маблағ ва захираҳои моддию техникии имконпазир таҳия мешаванд.
  2. Барномаҳои мубориза бо обхезӣ дар маҷмўъ таҳия шуда, онҳо дар баробари мубориза бо обхезӣ инчунин чораҳои мубориза бо биёбоншавиро низ пешбинӣ менамоянд. (КҶТ аз 3.12.09с, №572).

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …