Главная / Ҷамъият / Иҷрои тадбирҳои таъхирнопазири пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки бо сабаби таъсири зараровари об, окибатҳои ифлосшавии объектҳои об дар натиҷаи садама ва офатҳои табиӣ ба вуҷуд омадаанд

Иҷрои тадбирҳои таъхирнопазири пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки бо сабаби таъсири зараровари об, окибатҳои ифлосшавии объектҳои об дар натиҷаи садама ва офатҳои табиӣ ба вуҷуд омадаанд

Моддаи 130-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иҷрои  тадбирҳои таъхирнопазири пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои  табиӣ, ки бо сабаби  таъсири зараровари об, окибатҳои ифлосшавии объектҳои об дар натиҷаи садама ва  офатҳои  табиӣ ба вуҷуд омадаанд

1.Иҷрои тадбирҳои таъхирнопазири пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои  офатҳои табиӣ, ки бо сабаби таъсири зараровари об, оқибатҳои  ифлосшавии объекти об вобаста ба садама ва офатҳои табиӣ ба вуҷуд омадаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои  байналхалқӣ танзим карда мешаванд.

2.Ҷиҳати  роҳбарии фаврии корҳо доир ба пешгирӣ ва рафъи  оқибатҳои  офатҳои табиӣ,  ки бо сабаби таъсири зараровари об ба  вуҷуд омадаанд, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти  ҳокимияти  иҷроия дар маҳалҳо комиссияҳое ташкил мекунанд, ки ба ҳайати онҳо намояндагони ташкилотҳои дахлдор, инчунин намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об ва ҳангоми зарурат намояндагони  давлатҳои ҳамсарҳад ворид мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …