Главная / Ҷамъият / Розигии падару модар барои фарзандхондии кӯдак

Розигии падару модар барои фарзандхондии кӯдак

Моддаи 129-и Кодекси оила. Розигии падару модар барои  фарзандхондии кӯдак 

  1. Барои фарзандхондии кӯдак розигии падару модари кӯдак зарур аст. Дар сурати фарзандхондии кӯдаки падару модари ноболиғи ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида инчунин розигии падару модар, васиён ва парасторони онҳо ва дар сурати набудани падару модар ё васиён (парасторон) розигии  мақоми васояту парасторӣ  зарур аст.

Розигии падару модар барои фарзандхондии кӯдаконашон бояд дар аризаи тасдиқнамудаи идораи наториалии давлатй ё маъмурияти муассисае, ки кӯдаки бе парастории падару модар монда  дар он қарор дорад, мақоми васояту парастории маҳалли фарзандхондӣ сурат мегирад ё маҳалли истиқомати падару модар ифода ёбад ё бевосита дар суд ҳангоми фарзандхондӣ баён  карда шавад.

  1. Падару модар ҳуқуқ доранд розигии додаи худро дар бораи ба фарзандхондӣ додани кӯдакашон то баровардани ҳалномаи суд оид ба фарзандхонӣ бозпас талаб кунанд.
  2. Падару модар метавонанд барои фарзандхондии кӯдак ба шахси мушаххас ё бе зикр кардани шахси мушаххас розигӣ диҳанд. Мақомоти васояту парасторӣ дар мавриди мутобиқати фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак хулосаи худро ба суд пешниҳод менамоянд. Дар сурати аз ҷониби падарандари (модарандари) кӯдак ба фарзандхондӣ  қабул кардани ӯ чунин хулоса талаб карда намешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …