Моддаи 126-и Кодекси Андоз. Ситонидани андоз аз суди саҳмияҳо дар манбаи пардохт
- Суди саҳмияҳое, ки корхонаҳои резидентӣ мепардозанд, ба истиснои суди саҳмияҳои (пардохтҳои ғайриандозии) корхонаҳое, ки тибқи санади меъёрии ҳуқуқии дигар аз фоидаи соф ба буҷети давлатӣ пардохт шуда, андозбандӣ мегардад, пардохт мешаванд, бояд аз манбаи пардохт тибқи меъёри 12 фоиза андозбандӣ шаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
- Суди саҳмияҳое, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда андозбандӣ мегарданд, ба даромади умумии шахси гирандаи он дохил карда намешавад ва минбаъд андозбандӣ намегардад.