Главная / Ҷамъият / Ҷобаҷокунии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

Ҷобаҷокунии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

Моддаи 124-и Кодекси оила. Ҷобаҷокунии кӯдаконе, ки бе  парастории  падару модар мондаанд

  1. Кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, бояд барои тарбия ба оила (барои фарзандхондӣ), тaҳти васоят (парасторӣ) супурда шаванд ва дар сурати мавҷуд набудани чунин имконият чунин имконият» калимаҳои «тибқи шартнома барои тарбия ба оилаҳои (мураббии) парастор дода шаванд ё дар муассисаҳои кӯдакони ятим ё ҳар навъи муассисаҳо барои кӯдакони бе парастории падару модар монда (муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд) ҷойгир карда шаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

Ҳангоми ҷобаҷо намудани кӯдак бояд баромади этникии кӯдак, мансубияти  мазҳабӣ ва фарҳангӣ, забони модарӣ, имконияти таъмини идомати тарбия ва таълим ба назар  гирифта шавад.

  1. То лаҳзаи дар оила ё дар муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ҷобаҷокунии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, иҷрои вазифаи ваcӣ (парастор) муваққатан ба зиммаи мақоми васояту парасторӣ гузошта мешавад.

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

belorus

Вазорати корҳои дохилии Беларус эътирозгаронро бо силоҳи низомӣ таҳдид кард

Вазорати умури дохилаи Беларус таҳдид кардааст, ки алайҳи тазоҳуркунандагон силоҳи низомӣ истифода хоҳад кард, то …