Главная / Ҷамъият / Банақшагирии тадбирҳои ҳифзи об

Банақшагирии тадбирҳои ҳифзи об

Моддаи  122-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзи об

1.Тадбирҳои ҳифзи об дар  дурнамои рушду иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  нақшаи истифодаи  маҷмӯӣ ва ҳифзи  захираҳои оби ҳавзаи дарёҳо ва умуман ҷумҳурӣ, инчунин барномаҳои дарозмӯҳлати давлатию минтақавӣ ва нақшаҳои рушду ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда ва соҳаҳои хоҷагии халқ пешбинӣ карда  мешаванд.

2.Банақшагирии минтақавии ҳифзи  об аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар асоси  нақшаҳои ҳавзавии  зикргардида  сурат мегирад.

3.Банақшагирии соҳавиии ҳифзи обро вазорату идораҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, дар асоси  нишондиҳандаҳои банақшагирии минтақавӣ  анҷом медиҳанд.

4.Маблағгузории тадбирҳои ҳифзи об аз ҳисоби давлат буда, ҳангоми ташаккули буҷети ҳарсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба инобат гирифта шавад, инчунин ин тадбирҳо аз ҳисоби маблағҳои  истифодабарандагони об низ ба амал бароварда мешаванд.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …