Главная / Ҷамъият / Мақомоти андоз

Мақомоти андоз

Моддаи 121-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти андоз 

  1. Мақомоти андоз дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 504, 599-618, 620 ва 623 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти андоз роҳбари мақомоти марказии андоз ва муовинони ӯ, роҳбарони мақомоти ҳудудии андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо, роҳбарони нозироти андозсупорандагони калон, нозироти андозсупорандагони миёна ва муовинони онҳо, роҳбарони шӯъбаҳо ва бахшҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, сардорони шӯъбаҳои нозироти андозсупорандагони калон ва нозироти андозсупорандагони миёна дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва муовинони онҳо ҳуқуқ доранд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1135) 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …