Главная / Ҷамъият / Мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Моддаи 1211-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 

  1. Мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 140, 619, 621 ва 622 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъйини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони раёсатҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳуқуқ доранд.

(ЌЉТ аз 8.08.15с., № 1222) 

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …