Главная / Ҷамъият / Хароҷот барои корҳои ҷустуҷўию геологӣ ва корҳои омодагӣ ба истихроҷи захираҳои табиӣ

Хароҷот барои корҳои ҷустуҷўию геологӣ ва корҳои омодагӣ ба истихроҷи захираҳои табиӣ

Моддаи 121-и Кодекси Андоз. Хароҷот барои корҳои ҷустуҷўию геологӣ ва корҳои омодагӣ ба истихроҷи захираҳои табиӣ

  1. Хароҷот барои корҳои ҷустуҷўию геологӣ ва омодагӣ ба истихроҷи захираҳои табиӣ ҳамчун маблағгузорӣ ба воситаҳои асосие, ки гурўҳи алоҳидаро ташкил медиҳанд, баррасӣ мегардад ва бояд аз даромади умумӣ мутобиқи моддаи 118 Кодекси мазкур дар намуди ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ тибқи меъёри истеҳлоки воситаҳои асосии гурўҳи 2 тарҳ карда шавад.
  2. Ҳамин модда ҳамчунин нисбат ба хароҷоти андозсупоранда барои дороиҳои ғайримоддии вобаста ба гирифтани ҳуқуқ барои иҷрои корҳои ҷустуҷўию геологӣ, коркард ё истифодаи захираҳои табиӣ татбиқ мегардад.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …