Главная / Ҷамъият / Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин

Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин

Моддаи 118-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин

  1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 474 қисми 1, 4742, 4743 ва 4744 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин инҳо ҳуқуқ доранд:

– раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 474 қисми 1, 4742, 4743 ва 4744 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд;

– роҳбарони сохторҳо оид ба корҳои дин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 474 қисми 1, 4742 ва 4743 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.

Инчунин кобед

bophotos-101660-2

ИДИ РАМАЗОН 22 Апрели 2023 таҷлил мешавад

Мувофиқи ҳисоби илмӣ рўзи Иди саиди Фитр Рамазон дар Точикистон ба рўзи 22-уми апрели 2023 рост меояд. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Рамазон …