Мақомоти назорати шаҳрсозӣ
Meg S
18.04.2018
Ҷамъият
41 Показы
Моддаи 116-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти назорати шаҳрсозӣ

- Мақомоти назорати шаҳрсозӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 407-436, 438-447 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
- Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати шаҳрсозӣ сардорон ва нозирони Хадамоти назорати шаҳрсозӣ, сардорони хадамотҳои назорати шаҳрсозӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳуқуқ доранд.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-18