Главная / Ҷамъият / Мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо
Мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо
18.04.2018
87 Показы
Моддаи 114-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо

- Мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 377 қисми 2, 624-627, 628 қисми 1, 630-636, 638, 641, 643, 645 ва 646 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
- Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати стандартҳо, воситаҳои ченак ва қоидаҳои савдо, муовинони ӯ, роҳбарони марказҳои вилоятию минтақавии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарнозирони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятию минтақавӣ оид ба назорати стандартҳо, воситаҳои ченак ва қоидаҳои савдо, ҳуқуқ доранд.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-18
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Мувофиқи ҳисоби илмӣ рўзи Иди саиди Фитр Рамазон дар Точикистон ба рўзи 22-уми апрели 2023 рост меояд. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Рамазон …