Главная / Ҷамъият / Хароҷоте, ки тарҳ карда намешавад

Хароҷоте, ки тарҳ карда намешавад

Моддаи 112-и Кодекси Андоз. Хароҷоте, ки тарҳ карда намешавад

  1. Тарҳинисбат ба хароҷоте, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нест, инчунин хароҷоти вобаста ба хариди мол (кор, хизматрасонӣ) аз соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент фаъолият менамоянд, иҷозат дода намешавад. Тарҳинисбат ба хароҷоти вобаста ба сохтмон, истифодабарӣ ва нигоҳдории объектҳо, инчунин дигар хароҷоте, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ (истеҳсолоти асосӣ) алоқаманд нест, сурат намегирад.
  2. Тарҳҳои пешбининамудаи ҳамин боб иҷозат дода намешавад, агар онҳо ҷавобгўи талаботи моддаи 111 Кодекси мазкур набошанд.
  3. Ҳеҷ гуна тарҳ нисбат ба хароҷоти намояндагӣ ва дигар хароҷоти шабеҳ (гузаронидани ҷашнҳо, ҷойгиронии меҳмонон ва ғайра) зиёда аз меъёри муайяннамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода намешавад.
  4. Қисми 3 ҳамин модданисбат ба андозсупорандае, ки фаъолияти соҳибкориаш дорои хусусияти фароғатӣ мебошад, татбиқ намегардад, агар хароҷот дар доираи чунин фаъолият анҷом дода шавад.
  5. Тарҳи нисбат ба ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравӣ танҳо мувофиқи муқаррароти моддаҳои 115 ва 116 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
  6. Аз даромади умумии корфармо хароҷот аз ҳисоби корманди кироя вобаста ба фаъолияти меҳнатиаш тарҳ карда намешавад.
  7. Тарҳи нисбат ба арзиши молу мулк ройгон (хайрия) додашуда, корҳо ва хизматрасониҳои ройгон (эҳсонкорона), ба истиснои ҳолати пешбининамудаи моддаи 113 Кодекси мазкур, анҷом дода намешавад.
  8. Тарҳи нисбат ба хароҷоти марбут ба мошинҳои сабукрав, ки дар ҳама давра дар ҷараёни давраи андоз дар ихтиёри кормандон ё саҳмдорон (иштирокчиёни андозсупоранда) барои истифодаи шахсӣ қарор дошт, аз ҷумла истифодаи он барои кашондани кормандон ба ҷои кор ва баръакс, анҷом дода намешавад.
  9. Тарҳ инчунин роҳ дода намешавад нисбати:

-аъзоҳаққиҳо ба сармояи оинномавӣ, ҳаққи ҳиссаҳо, пардохтҳо барои аз меъёр зиёд ба ҳаво партофтани моддаҳои ифлоскунанда, ҳақҳо барои суғуртаи ихтиёрӣ, аъзоҳаққиҳои ихтиёрӣ ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мукофотҳо ва тўҳфаҳо дар вақти гузаронидани маъракаҳои рекламавӣ;

-маблағҳои пулӣ, молу мулк, корҳо, хизматрасониҳое, ки ҳамчун пешпардохт дода шудаанд,  молу мулки ба сифати гарав, байъона додашуда;

-тарҳи хароҷоти аз меъёрҳои дар ҳамин боб муқарраршуда барзиёд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …