Моддаи 108-и Кодеки Андоз. Тасҳеҳи даромад
- Даромад аз таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо бояд дар ҳолатҳои зерин тасҳеҳ карда шавад:
-пурра ё қисман баргардонидани молҳо, қабул нашудани корҳо ё хизматрасониҳо;
-тағйир ёфтани шартҳои аҳд.
- Тасҳеҳи даромад ҳаҷми даромади умумии чунин давраи андозро, ки дар муддати он молҳо баргардонида шуданд ё шартҳои аҳд тағйир ёфтанд, тағйир медиҳад.
- Мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи фасли XVI Кодекси мазкур тасҳеҳи даромади умумӣметавонад,инчунин дар ҳолати ба низоми махсуси андозбандӣ гузаштан ва баръакс анҷом дода шавад.