Главная / Ҷамъият / Имтиёзҳои андозӣ

Имтиёзҳои андозӣ

Моддаи 104-и Кодекси Андоз. Имтиёзҳои андозӣ

Аз намудҳои зерини даромадҳои шахсони воқеӣ андоз аз даромад гирифта намешавад:

1) Даромад аз фаъолияти расмии дипломатӣ (консулӣ) ва фаъолияти ба он баробаркардашудаи шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2) Арзиши молу мулк дар шаклҳои аслӣ (натуралӣ) ва (ё) пулӣ, ки аз шахсони воқеӣ ҳамчун мерос ё тўҳфа гирифта шудаанд, ба истиснои даромадҳое, ки аз ҳисоби ин молу мулк гирифта шудаанд, аз ҷумла маблағҳое, ки ба ворисони (ворисони ҳуқуқии) муаллифони асарҳои илмӣ, адабӣ, санъат, инчунин барои кашшофӣ, ихтироъкорӣ ва намунаҳои саноатӣ пардохт мешаванд.

3) Арзиши тўҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ гирифташуда, инчунин ҷоизаҳои (бурдҳои) дар озмунҳо ва мусобиқаҳо гирифташуда, аз ҷумла дар шакли пулӣ, ки агар:

а) арзиши тўҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ гирифташуда, ки аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест;

б) арзиши ҷоизаҳои (бурдҳои) дар намоишҳо ва мусобиқаҳои байналмилалӣ гирифташуда, ки аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест;

в) арзиши ҷоизаҳои (бурдҳои) дар озмунҳо ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ гирифташуда, ки аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест.

4) Нафақаҳои давлатӣ васуғуртавӣ стипендияҳои давлатӣ, ёрдампулиҳои давлатӣ ва ҷубронпулиҳои давлатӣ.

5) Алиментҳо аз шахсоне, ки онро мегиранд, маблағҳое, ки барои супоридани хун, шири модарӣ ва дигар кўмакҳои ба донорҳо додашаванда.

6) Пардохтҳои якдафъаина ва кўмаки моддӣ аз ҳисоби буҷет, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дода мешаванд, маблағҳои аз ҷониби корфармо ба шахси воқеӣ – резидент пардохтшавандаи хароҷоти сафарҳои хизматӣ аз рўи меъёрҳои муқарраршуда, маблағи ҷуброни хароҷоти сафарҳои хизматии аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои онҳо, фондҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ – ғайрирезидент аз ҳисоби маблағҳои ин шахсони дар боло номбаршуда, инчунин кўмаки башардўстона (гуманитарӣ) ва кўмаки эҳсонкорӣ, аз ҷумла ҳангоми офатҳои табиӣ.

7) Афзоиши арзиш ҳангоми фурўш ё дигар шакли бегона кардани:

а) биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ, ки на кам аз 3 сол ҷойи зисти (истиқомати) асосии андозсупоранда то бегона кардан қарор дошта бошанд;

б) дигар объектҳои ғайриманқул (ба истиснои объектҳои ғайриманқули барои мақсадҳои соҳибкорӣ истифодашаванда), ки на кам аз 2 сол то санаи бегона кардан дар моликияти андозсупоранда қарор дошта бошанд (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188).

8) Афзоиши арзиш аз фурўш ё дигар шакли бегона кардани молу мулки манқул, ба истиснои:

а) молу мулке, ки аз ҷониби андозсупоранда барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешавад;

б) воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд ва на камтар аз як сол то санаи бегона кардан дар моликияти андозсупоранда қарор дошта бошанд;

в) фурӯхтан, додан, гузашт кардан ва дигар намуди бегонакунии саҳмияҳо ва ҳиссаҳои иштирок дар сармояи оинномавии корхонаҳо (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188);

г) моликияти қиматноки таърихӣ (антиквариат).

9) Маблағи ҷоизаҳо ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

10) Пардохтҳои суғуртавие, ки тибқи шартномаҳои дорои хусусиятҳои ҷамъшаванда ва баргардонидашаванда дар доираи маблағҳои аз ҷониби шахси воқеӣ ба ҳисоби чунин шартномаҳо пардохтшуда ва пардохтҳои суғуртавие, ки дар натиҷаи фавти шахси суғурташуда гирифта шудаанд.

11) Маблағҳои маош, подошпулиҳо ва дигар маблағҳои пардохтшуда вобаста ба адои хизмат (иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ) ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, мақомоти давлатии амнияти миллӣ, оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъовар, Гвардияи миллӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188).

12) Бурдҳо аз вомбаргҳои давлатӣ ва лотереяҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст, дар ҳаҷми на зиёда аз 50 сомонӣ ба як вомбарг ё лотерея.

13) Кўмаки иҷтимоии суроғавӣ, ёрдампулӣ ва ҷубронпулиҳо, ба истиснои пардохтҳо вобаста ба музди меҳнат, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ тибқи ҳаҷм ва тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дода мешаванд.

14) Ҷуброни зарари ҷисмонӣ ё дигар намуди зарари ба саломатии корманд вобаста ба иҷрои ўҳдадориҳои меҳнатиаш ва хизматиаш расонидашуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

15) Арзиши либоси махсус ва (ё) либоси расмӣ ва пойафзол, воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва кўмаки аввалияи тиббӣ, собун, воситаҳои безараркунанда, шир ё дигар маҳсулоти истеъмолии ба онҳо баробари барои истеъмоли табобатию профилактикӣ додашуда тибқи меъёрҳо ва вобаста ба соҳаҳои фаъолият, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд.

16) Пардохтҳои суғуртавӣ тибқи шартномаҳои суғуртаи ҳатмии масъулияти корфармо (аз ҳисоби маблағҳои корфармо) барои расонидани (ҳангоми расонидани) зарар ба ҳаёт ва саломатии корманд ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои меҳнатӣ (хизматӣ).

17) Маблағи ҷуброни зарари моддӣ, ки бо қарори суд муқаррар карда шудааст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …