Главная / Ҷамъият / Шартҳои имконпазири партофтани оби партов ба объектҳои об

Шартҳои имконпазири партофтани оби партов ба объектҳои об

Моддаи 100-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шартҳои имконпазири партофтани оби партов ба объектҳои об

1.Партофтани оби партов танҳо дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки агар ин амал боиси дар таркиби объекти об аз меъёрҳои муқарраргардида, зиёд шудани маводи ифлоскунанда нагардад ва  ва истифодабаранда оби партовро то ҳадде, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об муқаррар намудааст, тоза кунад.

2.Дар сурати вайрон кардани талаботи мазкур партофтани оби партов бояд аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об манъ ва ҳатто фаъолияти ташкилотҳои саноатӣ, сехҳо, дастгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳои алоҳида қатъ гардонида шавад.

3.Дар ҳолатҳои мавҷуд будани хавфи таҳдид ба саломатии аҳолӣ мақомоте, ки назорати давлатии санитариро амалӣ мегардонанд, ҳуқуқ доранд партофтани оби партовро то қатъ гардонидани истифодаи  объекти истеҳсолӣ ва дигар объектҳо манъ карда, дар ин хусус ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об хабар диҳанд. Тамоми тадбирҳое, ки тоза ва безараркунии оби  партови корхонаҳои аз нав сохташаванда ва таъмиршавандаи саноатӣ, коммуналию кишоварзиро дар объектҳои об таъмин менамоянд, бояд то ба истифода додани иқтидорҳои истеҳсолии ин корхонаҳо анҷом дода шаванд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …