Главная / Илм / МОДДАҲОИ ЗИДДИУФУНӣ

МОДДАҲОИ ЗИДДИУФУНӣ

ziddiufuniМОДДАҲОИ ЗИДДИУФУНӣ, маводе, ки микроорганизмҳои бемориоварро нест мекунанд ё афзоишу инкишофи онҳоро бозмедоранд. Барои бесироят гардондани ҷароҳату захмҳо, ҷойҳои сӯхтаи бадан, муолиҷаи бемориҳои мадданоки пӯст, гандзудоии биноҳо, либос, ҷиҳози бистар ва ашёи бемор кор мефармоянд. Дар тиб пайвастҳои хлор (хлорамин ва ғ.), йод (маҳлули спиртии йод, маҳлули Люгол, йодоформ ва ғ.), пероксиди гидроген, перманганати калий, баъзе кислотаҳо (борат, салитсилат, карболат) ва асосҳо (спирти навшодир, содаи хӯрокӣ), пайвастҳои симоб (сулема, марҳами симоб ва ғ.), сурб, алюминий (моеи Буров ва ғ.), спирт ва арақ, формалин ва ғ. чун М. з. истифода мешаванд. Антибиотикҳои пӯст (грамисидин ва ғ.) ва фитонсидҳои баъзе растаниҳои дараҷаи олӣ (мас., сир, пиёз, росан, ҳамешабаҳор ва ғ.) гурӯҳи махсуси М. з. мебошанд.
Баъзе М. з.-ро барои консервонии хӯрокворӣ (мас., спирти этил, кислотаҳои сирко ва шир) низ истифода мебаранд. Маҳлули онҳоро ба хӯрокворӣ мувофиқи меъёр илова мекунанд. Онҳо маҳсулотро аз вайрон гаштан нигоҳ медоранд, хушбӯю болаззат менамоянд (мас., кислотаи атсетат).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …