Главная / Илм / МОДДАҲОИ ГАНДЗУДО

МОДДАҲОИ ГАНДЗУДО

gandzudoМОДДАҲОИ ГАНДЗУДО, маводе, ки барои нобуд кардани микроорганизмҳои бемориовар истифода мешаванд. Дар вақти интихоби моддаҳои химиявӣ, муайян кардани миқдору таркиби онҳо ва мӯҳлати дорупошӣ хусусиятҳои ангезандаи бемориро ба назар мегиранд. Ба М. г.-и нисбатан маъмул хлорамин, оҳаки хлордор, гипохлорити калтсий ва формалин мансубанд.
Хлорамин хокаи сафед (ё зардча) аст. Онро дар шишаҳои сиёҳи маҳкам ё халтаҳои полиэтиленӣ (дар ҷои торик) нигоҳ медоранд. Бештар дар шакли маҳлули 0,2 – 3-фоиза барои гандзудонии хона, зарфҳо ва ғ. истифода мебаранд. Мӯҳлати дорупошӣ 30 –60 дақ. аст. Маҳлули хлораминро дар зарфи сарпӯшдоре, ки рӯшноиро намегузаронад, то 15 рӯз нигоҳ доштан мумкин аст.
Оҳаки хлордор сафед аст; аз таъсири гармӣ, рӯшноӣ ва намӣ зуд таҷзия меёбад. Бинобар ин, онро дар зарфи ҳаво ва рӯшноиногузари даҳонаш маҳкам (дар ҷои хушк, ки ҳарораташ аз 20°С баланд набошад) нигоҳ доштан лозим. Оҳаки хлордорро ҳам хушк (барои безарар гардонидани пасафканди беморон; таносубаш 1:5 дар 1 соат) ва ҳам дар шакли маҳлули 10 – 20-фоиза (барои гандзудоии ҳоҷатхона, чоҳи партовҳо, ахлотқуттӣ, сафед кардани девор), инчунин ба сифати маҳлули 05 – 1-фоизаи соф (барои гандзудоии биноҳо, асбобу анҷоми хона, зарфҳои рӯзгор, чизу чораи ҳоҷатхона; мӯҳлати дорупошӣ ба ҳисоби миёна 30 – 60 дақ.) кор мефармоянд. Маҳлули оҳаки хлордор зуд вайрон мешавад, бинобар ин онро фақат пеш аз истифода тайёр кардан лозим аст. Аз таъсири оҳаки хлордор матоъ ва филизот зарар мебинад, аз ин сабаб онҳоро бо дигар моддаҳои химиявӣ бояд гандзудоӣ кард. Оҳаки хлордорро дар биноҳои рутубатнок ва шамолпанаҳ низ истифода намебаранд.
Гипохлорити калтсий хокаи кристаллии сафед буда, дар шакли маҳлули 0,1 – 1-фоиза барои гандзудоии зарфҳо, ванна, дастшӯяк ва ғ. (мӯҳлати дорупошӣ 30 – 60 дақ.) истифода мешавад; хокаи онро барои безараргардонии пасафканди беморон (таносубаш 1:5 ё 1:10) низ кор мефармоянд.
Формалин маҳлули 40-фоизаи формалдегид буда, бӯи тези махсус дорад. Онро барои гандзудоии камеравӣ, инчунин пойафзору дастпӯшакҳо дар аснои бемориҳои занбӯруғии пӯст истифода мебаранд.

Ш. Самиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …