Главная / Маданият ва санъат / Модарномаи Мирзо Турсунзода

Модарномаи Мирзо Турсунзода

МИРЗО ТУРСУНЗОДА МУНТАХАБИ ОСОР (МОДАРНОМА)

Ҳайати таҳрирон:
Маҳмадулло Лутфуллоев, Мирзо Муллоаҳмад, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Мубашир Акбарзод, Наҷмиддин Зайниддинов

Т-89. Мирзо Турсунзода. Мунтахаби осор. Мураттиб М. Холов. Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2011. 256 саҳифа.

«Муҳаббати поки устод Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард. Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеъре барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад.
Устод Мирзо Турсунзода воқеан Қаҳрамони Тоҷикистон аст. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард».

Имтихон

Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон

ISBN 978-99947-1-101-1 «Маориф ва фарҳанг», 2011

НАЗМИ ПУРЭЪҶОЗ

Мовароуннаҳру Хуросон, ки як ҳиссаи хурди онро Тоҷикистони азизи мо ташкил медиҳад, аз замони Абӯҳафси Суғдӣ ва Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то ба имрӯз дар бағали гарму нарми худ, новобаста ба сарвариҳову сиёсатмадориҳои мухталиф, суханварони мутааддиди мумтозеро тарбия намудаву ба камол расонидааст, ки яке аз онҳо шоиру сиёсатмадори бузурги асри ХХ устод Мирзо Турсунзода (02. 05. 1911 – 24. 09. 1977) мебошад. Зодрӯзи ӯ ба даҳаи авали қарни ХХ, солҳои пурошӯбу пурхархаша, солҳои инқилобҳои дар Аврупо сарзада бар манофеъи табақаҳои поёнии ҷамъият, раҳоӣ аз истисморҳои дохиливу берунӣ бар навъи башар, худшиносиву баҳамоии миллӣ ва ғайра рост меояд.

Дар Мовароуннаҳр барҳам хӯрдани аморати Бухоро дар авали асри ХХ ва ғолибияти шӯроҳо дар Руссия, баъдтар ба узвияти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ҳамроҳ гардидани кишвари имрӯзазамон-Тоҷикистон халқи моро ба олами нав ворид сохт, ки устод Мирзо Турсунзода ва ҳамсолонаш дар ин миён истисно набуданд. Хушбахтона, устод дар он гирумонҳо, «хокбозиву харсавориҳо» ба панҷаи тавонои Инқилоби Октябри Кабир, ки имрӯз аз бурду бохтҳояш, паҳлӯҳои мусбату манфиаш барои Банӣ-башар хеле зиёд мегӯянду менависанду Ҷумҳурии мо тӯли он солҳо фармонбардори ҳамон сиёсат буд, тавонист роҳу равиши худро дарёбад ва бардори ҳамон сиёсат буд, тавонист роҳу равиши худро дарёбад ва на танҳо роҳу равиши худро дарёбад, балки дар андак муддат раҳнамои бахши адабиёту фарҳанги ҳамнавъон шавад, ғулғулаи шӯҳраташбо офаридаҳои адабии зиқиматаш Шарқи озодиҳоро пахш намояд, сухани гирояш парчами озодихоҳонаи Шарқи қарнҳо дар зери асорати аҷнабиён монда гардад.

Барои тоҷикписаре, ки тоза аз асорати тангу тори асри миёнагии Осиёи Миёна бадар омадаву аввалин нурҳои дар ҳақиқат озодӣ чашмҳояшро фурӯзон намуда буданд, беҳтарин машғулият хонишу омӯзиш ва сабақ гирифтан аз устодони асил маҳсуб меёфт. Дар равиши таҳсил чи дар мактаби миёнаи замони нав ва чи дар Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд (1930) завқу майли мавсуф ба ҳарисона азбар намудани осори бадеии гузаштагони адабиёту фарҳангамон будааст, дар ин бора шоҳиди беминнат эҷодиёти адиб дониста мешаванд. Вай дар мақолаи «Дар хизмати халқу ватан» ба ин маънӣ навиштааст: «Ҳеҷ як арбоби барҷастаи адабу санъат аз осмон намеафтад, вай пеш аз ҳама дар заминаи омӯзиши хеш ва сониян, аз сарчашмаҳои дигар истифода бурда, ба воя мерасад».

Устод Мирзо Турсунзода омӯхт , андӯхт ва андӯхтаҳояшро дар қолаби осори бадеӣ, дар шакли жанрҳои гуногуни манзуму мансур, вобаста ба мавзӯъҳои талаботи замон рӯйи қоғаз овард, ун суханаш ҷавобгӯи замон буд, интишор доду пешкаши ниёзмандон гардонид.

Фаъолияти эҷодии устод Мирзо Турсунзода бо навиштани очерк оғоз ёфтааст. Маҷмӯаи нахустини шеъру мақолаҳои публисистиаш «Байроқи зафар» соли 1932 интишор гардид, ки ҳақиқати гуворову ногувори он замонро дар худ таҷассум мекард. Минбаъд шоир дар мавзӯъҳои ватану ватандӯстӣ, заҳмати боманфиат, озодии занон, меҳнати босамари ҷавонони даврони худ шеъру манзумаҳои зиёде, монанди «Суруди ҷавонӣ», «Оҳанрабо», «Чаманистон», «Водии Ҳисор», достонҳои «Офтоби мамлакат», «Хазон ва баҳор», ва ғайраҳо эҷод кардааст.

Ашъори дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) навиштаи шоир, минҷумла достони ӯ «Писари Ватан» (соли 1942) устод Мирзо Турсунзодаро ҳамун эҷодкори асил ба майдони адабиёт баровард. Вазъи мураккаби он солҳои муқовимати шадид ва ваҳдату баҳамоӣ, дӯстии мардуми Шӯравӣ мояи асосии достон буда, ду симои асосии асар –Қодир ва Саодат муҳорибаҳои ҷангӣ ва корнамоиҳои ақибгоҳро дар худ таҷассум намудаанд.

Соли 1947 дар ҳаёти эҷодии устод Мирзо Турсунзода воқеаи муҳими таърихӣ ба вуҷуд омад, ки ин баъди сафари Ҳиндустон эҷод гардидани силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»-и шоир мебошад. Вай менависад: «Дар ҳамин сол ба ман хушбахтие пеш омад, ки дар ҳайати делегатсияи советӣ ба Ҳиндустон, ба Конференсияи якуми мамлакатҳои Осиё рахти сафар бандам. Аз ҳамон вақт мавзӯи Шарқи бедоршаванда моҳияти асосии эҷодиёти ман гардид». Қисми аввали ин силсила шеърҳои «Бозгашт», «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Рӯди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара-Чандри» ва қисми дувум шеърҳои «Дар ёди кас», «Сайёҳи Ҳинд», «Тоҷмаҳал», «Дар орзуи ошён», «Қадаҳи ман», «Кулоҳи профессор Ахвледиани», “Модарнома” «Ду роҳ»-ро дар бар мегирад. Эҷоди ин силсила ба устод Мирзо Турсунзода шӯҳрати ҷаҳонӣ овард, ки дар ин бора дар матбуоти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ борҳову борҳо навиштаанд. Гузашта аз ин, -«Қиссаи Ҳиндустон» барои як идда суханварони он давраи Иттиҳоди Шӯравӣ, монанди Н. Тихонов, К.Симонов, М. Бажан, С. Вурғун, Сулаймон Рустам, Сурков дар эҷоди осорашон дар мавзӯи Шарқ чун намунаи сармашқ хидмат намуда будааст.

Минбаъд мавзӯи шарқи хориҷӣ дар манзумаву достонҳои ӯ «Ду дастрӯймол», «Ман аз Шарқи озод», «Дар мамлакати ғуломон», «Садои Осиё», «Духтари муқаддас» инкишоф меёбад ва овози шоири инсондӯсту сулҳпарвар баландтар мегардад:

Осиё гӯяд сухан,
Овози онро бишнавед!
Мавҷи дарё, ғурриши баҳри домонро бишнавед,
Осиё бедор шуд, бедор, тарки хоб кард,
Ростиву дӯстиро оқибат дарёб кард…

Минбаъд шеъру достонҳои устод Мирзо Турсунзода «Ҳасани аробакаш» (1952-1954), «Чароғи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1959), «Роҳи нури офтоб» (1964), «Аз Ганг то Кремл» (1970), «Дастовез» (1975) пай дар пай чоп шуда, бо тезӣ ба дили хонандагони тоҷик роҳ меёфтанд, тавассути тарҷума ба Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ паҳн мегардиданд, хориҷ аз кишвар мухлисони худро доштанд ва ғайра.

Дар эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода мавзӯи ватану ватандӯстӣ, сулҳу амонӣ, бародарӣ, зан ва мавқеи он дар ҷомеа аз мавзӯъҳои асосӣ ба шумор меравнд. Шоир бо муҳаббати нисбат ба инсоният доштааш гуфтааст, ки «Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре…»

Барои шоири асил шеъри коргару нишонрас навиштан кори саҳлу осон нест. Бахусус шеъре, ки мардумро ба ваҳдату ягонагӣ даъват намояд ва сулҳро дар байни инсонҳо тараннум созад:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беорому рӯзафзуни дил.
То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,
Ҷангӯёнро кунад шармандаи рӯйи ҷаҳон…

Ниҳоят, устод Мирзо Турсунзода бо назми пурэъҷози худ аз он эҷодкоронест, ки дар даврони нави созанда, замони инқилобҳо бо тамоми маънояш, ҳаёти пурҷӯшу хурӯши сотсиалистӣ, бо он ки камбудиву норасоиҳо дошт, зуҳур кард ва шеъри озодиро барои халқу ватани худ ва халқҳои Шарқи дар он замон мазлум хонд, сохту мӯҳтавои шеърро ғанитар намуд, пеш бурд ва такмил дод.
Заҳматҳои устод Мирзо Турсунзода дар назди халқу ватанаш борҳо қадр карда шудааст. Вай соли 1951 академики Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1961 Шоири халқии Тоҷикистон ва соли 1967 Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ гардидааст. Эҷодиёт ва фаъолияти ҷамъиятиву давлатии устод бо Мукофотҳои давлатӣ (1948) ва ленинӣ (1960), Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба адабиёт ва фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қадр карда шудааст.Ҷоизаҳои зиёди байналмиллалӣ дорад.

Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2001 ба устод Мирзо Турсунзода барои заҳматҳои бузург ва матанат нишон доданаш дар бунёди пояҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои хизматҳои пурарҷаш дар инкишофи адабиёт ва таҳким бахшиданаш ба дӯстии халқҳо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Месазад, ки ба устод Мирзо Турсунзода ва дар ҳамин поя фарзандони барӯманди кишварро пайравӣ намуд, ҳаёту фаъолиятҳои созандаи гуногунпаҳлӯи эшонро сармашқи кори худ интихоб кард, то ояндаи Тоҷикистон соҳибистиқлоламонро беш аз пеш озоду обод ва шукуфон бинем.

Алии Муҳаммадии Хуросонӣ

МОДАРНОМА

ХАЙР, МОДАРИ АЗИЗ!

Модарам, меравам аз пеши ту ман,
Ба дифои шарафу шаъни Ватан.
Меравам то ки зиреҳ пӯшам ман,
Дар раҳи фатҳу зафар кӯшам ман.
Хабар омад, ки ба тороҷи аман
Боз карда дари худ зоғу заған.
Модарам, дар сари хашму ғазабам,
Бар сари гарму тани ғарқи табам.
Мепарам сӯйи фазо мисли уқоб,
То кунам зоғи сияҳро дарёб.
Мепарам рӯ ба ҷанубу ба шимол,
То ки орам ба сари хасм завол.
Барқсон пора кунам абри сияҳ,
То насозад рухи хуршед панаҳ.
Сангаму оҳанаму пӯлодам,
Сипари мамлакати озодам.
Аз сари лонаи ҷуғзон гузарам,
Бомба резонда чу борон гузарам.
Ғазабам оташу қаҳрам пир аст,
Синаам тӯпу парам шамшер аст.
Мебарам дар сари болам тобон
Ахтари толеи халқони ҷаҳон.
Кӣ тавонад, ки маро банда кунад?!
Ин фақат хобби фашистона бувад,
Орзуи саги девона бувад.
Модар аз чеҳраи гулгуни писар
Нарм бӯсиду гирифташ дар бар,
Гуфт: « Рав, ҷанги далерона бикун
Ҷанг бо лашкари бегона бикун.
Бош фарзанди сазовори падар,
Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар».
Фурсате рафту зи паҳлӯи саҳоб
Ҷилва кард ахтари пурнури уқоб,
Ашми модар ба фазо дӯхта шуд,
Рухаш аз шӯъла барафрӯхта шуд.
1941

ДАСТИ МОДАР

Бо ҳамон дасте, ки чодар сӯхтӣ,
Гулхани шаъну шараф афрӯхтӣ,

Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ,
Кишвари гул-гулшукуфон хостӣ,

Ба ҳамон дасте, ки манзил сохтӣ,
Қасрҳову кушкҳо андохтӣ,

Бо ҳамон дасте, ки дар рӯи замин,
Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин,

Бо ҳамон дасте, ки кардӣ интихоб,
Дилпурона давлати олиҷаноб,

Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз,
Ашми шаҳло карда во аз хобби ноз,

Аллагӯён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ,

Ба ҳамон дасте, ки ширам додаӣ,
Сӯям оғӯшат калон бикшодаӣ,

Бо ҳамон дасте,ки дастам доштӣ,
Дасти шафқат бар сарам бигзоштӣ.

Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо,
Пока кардӣ ашки чашмони маро,

Бо ҳамон дасте, ки гул бӯ кардаӣ,
Шонаро бар кокулу мӯ кардаӣ,

Сӯйи фатҳи тоза кун аз сидқи дил
Кафзанон фарзандҳоятро гусел!
1963

СЕ НОЗАНИНИ ШАРҚ

Нақл кунам сурати се нозанин,
Сурати се ҳусни самову замин,

Сурати се мӯъҷиза, се нодира,
Сурати се лавҳаи хушманзира,

Сурати се воқеаи безавол,
Сурати се рӯзи саиди висол,

Сурати се замзамаи Шарқро,
Шарқи фурӯзандатар аз барқро.

Қисми I
Бандаи дирӯза зани Шарқ буд,
Дар сари он зан кафани Шарқ буд.

Рӯи зани Шарқ, ки дар парда буд,
Ҳусни варо парда панаҳ карда буд.

Бе рухи зан Шарқ баҳоре надошт,
Зан ба ғами Шарқ қароре надошт.

Модари машриқ ба ин сарзамин,
Дод агарчи зани зеботарин,

Шарқ вале чун қафаси танг буд,
Дашти ғарибонаи якранг буд.

Шоири дилбохта гари намуд
Бар қадаму хоки дари зан суҷуд,

Рӯйи занонро гули хӯшбӯй гуфт,
Қоматашон сарви лаби ҷӯй гуфт.

Гуфт: «Даҳан-ғунчаву абрӯ-ҳилол,
Чашми сиёҳаш чу рамида ғизол…»

Лек, сад афсӯс, зани пардапӯш,
Монд ба таърифи сифоташ хамӯш…

Шарқ надонист, чи сон бо сухан
Зинда кунад акси ҳақиқии зан.

Партави Октябр ба додаш расид,
Шарқи ситамкаш ба муродаш расид.

Шарқ музайян шуда аз рӯйи зан,
Шаъну шараф омада дар кӯйи зан.

Зан ба сари курсии иззат нишаст,
Одати леринаи маро шикаст.

Даст ба мо лаби пурханда дод,
Ҳусни чун хуршеди дурахшанда дод.

Кас нашунидаст чунин кашфиёт,
Дар ҳама таъриху гузашти ҳаёт.

Кас нашунидаст чунин нозанин-
Зиннату зеби Ватани дилнишин.

Қисми II
Чашмҳо сӯйи осмон буданд,
Сӯйи моҳу ситорагон буданд.

Моҳро машъали фазо гуфтанд,
Даст бардошта дуо гуфтанд.

Қисмати Шарқ бедимоғӣ буд,
Дарди он дарди бечорагӣ буд.

Зулмати шаб замин чу мепӯшид,
Хуни дил аҳли Шарқ менӯшид.

Шарқ мехонд моҳи тобонро,
Шабчароғи ҳама ғарибонро.

Шаби маҳтоб ёри ошиқ буд,
Ёр дар ихтиёри ошиқ буд.

Ногаҳон моҳ мегирифт агар,
Шарқ месохт дар замин маҳшар.

Одамон мебаромаданд тамом,
Шӯр бардошта ба рӯйи бом.

Табақу дегу коса мекӯфтанд,
То набинанд маҳ, намехуфтанд.

Бо фалак гӯиё ба ҷанг буданд,
Ба ғазаб омада таҷанг буданд.

Моҳ мекард чун рухашро боз,
Сӯйи маҳ буд дидаҳои ноз.

Аз ҳамон дам, ки моҳ пайдо шуд,
Нозанин моҳи пуртаманно шуд.

Як рухашро фақат намоён кард,
Рухи дигар зи дида пинҳон кард.

Дар фироқаш замин надошт қарор,
Ҷустуҷӯ кард сирри маҳ бисёр.

Чарх зад, чарх зад ба даври хеш,
Кард пайдо ба қувваи дониш.

Рӯйи пинҳони моҳи зеборо,
Орзуву умеди дунёро.

Ҳикмати Октябр ёрӣ дод,
Нозанин моҳ рӯйи худ бикшод.

Шарқ дигар ду нозанин дорад,
Осмон дораду замин дорад.

Қисми III
Осмон ошиқи замин гардид,
Бо замин бештар қарин гардид.

Гашт ҳайрон ба гирудори замин,
Шӯҳрату шаъну иқтидори замин.

Он замине, ки одам аз он ҷо
Мепарад то ба арш, авҷи фазо.

Он замине, ки гар ишора кунад,
Одамаш ҳукм бар ситора кунад.

Он замине, ки равшан аз моҳ аст,
То ба хуршед аз дараш роҳ аст,

Он замине, ки осмонранг аст,
Тӯда-тӯда ситора дар ҷанг аст,

Он замине, ки аз ароғи барқ
Кард дар баҳри пур моро ғарқ,

Он замине, ки киштзоронаш
Муждаҳо орад аз баҳоронаш,

Он замине, ки ҷойи дилҳо шуд,
О ба дилҳои аҳли дунё шуд,

Он замине, ки ирқу аслу насаб,
Муттаҳиданд баҳри як матлаб.

Он замине, ки ҳуснобод аст,
Ватани бахту мардуми шод аст.

Осмон ошиқи замин гардид,
Бо замин дӯсти қарин гардид.

Аз замин ёри нозанин пурсид,
Нозанин духтаре матин пурсид.

Аз барояш раҳи калон бикшод,
Кӯаи тоза Каҳкашон бикшод.

Кард парвоз бо мушак дина
Бо фалак нозанин Валентина.

«Шарқи шаш» бо ситора пайрав шуд,
Ба гумонам, ки осмон нав шуд.

Партави Октябр болафшон
Бо Валентина рафт то кайҳон.

Шарқ се нозанин ба бар дорад,
Бо раҳи Каҳкашон сафар дорад.
1965

МОДАРАМ

Тифл мондам аз ту, модар, рӯйи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абрӯйи ту дар ёд нест.
Дар суроғат мезанам худро бар ҳар як кӯю дар,
Унки то имрӯз, модар, кӯйи ту дар ёд нест.
Рафтам аз занҳои пири деҳа кардам ҷустуҷӯ,
Рафта бо санги мазори ту намудам гуфтугӯ,
Гӯш кардам рафта ҳар як ҷунбиши шохи дарахт,
Бо гиёҳу сабзаҳои дашт гаштам рӯбарӯ.

Рӯд мегуфтам, ки аз ӯ оби маро нӯшида буд,
Кӯҳ мегуфтам, ки дар оғӯши ман кӯшида буд,
Ғуза мегуфтам, ки карбоси маро пӯшида буд,
Доя мегуфтам, ки бо ман шири гав дӯшида буд.

Чашма мегуфтам, ки омад кӯза бар сар пеши ман,
Хор мегуфтам, ки пояш кард захмин неши ман,
Барқ мегуфтам, ки аз ман буд чашмаш дар гурез,
Абр мегуфтам, ки буд дар гиря кардан хеши ман.

Шаҳд дар комаш ҳамеша талхтар аз заҳр буд,
Ҳам шариат, ҳам тариқат сарвари бақаҳр буд,
Модари бечораи ту, мухтасар, сар то ба по,
Як зани н-осудаю як муштипар дар даҳр буд.

Як зани дигар, ки дар деҳ беш аз сад сол дошт,
Модарат, -мегуфт ӯ, -дар кунҷи лаб як холл дошт.
Куларӯ, занҷирмӯ, дар қадду қомат чун ниҳод,
Гар саволе ояд аз мулло, забони лол дошт.

Модарам, дар ёди ту манн гашту гузоре мекунам,
Баҳри меҳри ту дили худро мазоре мекунам,
Хизмати шоиста бар ёру диёре мекунам,
Назми худро бар сари қабрат мазоре мекунам.

Дӯст дорам, модарам, бо ёди ту қишлоқро,
Рӯдҳои нуқрагину нилгун офоқро,
Ҷилвагар дар боми мактаб лолагун байроқро,
Ҳамзамон қишлоқиёни дар муҳаббат тоқро.

Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гӯям, маар сарам ояд ҳавои модарам,
Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман,
Гӯямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои модарам!
1966

ДИЛИ МОДАР

Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд,
Ба сели ашк мешуд ғарқ манзил, манзили ман буд.
Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд,
Ба зери мавҷи дарё монда соҳил, соҳили ман буд.

Агари мурдани фарзандро дар ҷанг дидам ман,
Агари борҳо бегонаи дилсанг дидам ман,
Ба умеде, ки бинам чоҳканҳоробар зери чоҳ,
Намурдам, гарчи бо чашмам аҷал ҳар ранг дидам ман.

Намурдам, зистам, фарзанди худамро калон кардам,
Шаби тӯйи арӯсӣ ашки шодиро равон кардам ман.
Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро
Ба келин пешкаш кардам, дуо чун модарон кардам.

Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз,
Саросар сӯхтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз,
Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз,
Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз!

ЗАН, ЗАН АСТ

Синну соли зан ба кас пурсидан аз одоб нест,
Синну соли хешро гуфтан ба занҳо хос нест.
Зан, за насту дар ҳама ҳолат чун зан мемонад он,
Ин муаммоест, ки ҳоҷат ба пурсу пос нест.

Аз зани имрӯзаи мо ҳикмату эъҷоз пурс,
Дар фазои зиндагӣ кайфияти парвоз пурс.
Дар замин зан меравад, сайри кавокиб мекунад,
Давраи мо кард занро дар ҳунар мумтоз, пурс.

Зан набошад, зебу зинат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.
Зан набошад, нест дар рӯйи замин нақши ҳаёт,
Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пайи мо.

Мард бошӣ, байрақи болои сар кун номи зан,
Сабт дар бобби зафар бо хатти зар кун номи зан.
Номи зан то осмон бардор дар болои каф,
Машъали тобанда чу шамсу қамар кун номи зан.

ДАР ЁДИ ҶАВОНӢ

Агар бинам туро, орам ба ёдам навҷавониро,
Ба мисли чашмаҳо ҷӯшу хурӯши зиндагониро,
Ҳама лутфу адоҳои ниҳониву аёниро,
Ба ёд орам баҳореро, ки ҳарду лола мечидем,
Ба ғайр аз рӯйи ҳамдигар мо чизе намедидем.
Ту тозон сӯйи дар меомадию боз дар мешуд,
Дамиданҳои субҳ аз омаданҳои ту сар мешуд,
Намедонистам он рӯзамчӣ сон рӯзи дигар мешуд,
Рақиби айбҷу дигар ба ҳоли ман намехандид,
Муҳаббат дар вафодорӣ дигар маро намесанҷид.

Шукуфта дилбари озод ун гулдаста мегаштӣ,
Ба ҳар як тори мӯят сад ҷавонро баста мегаштӣ,
Дилеро ёфта, дигар диле бишкаста мегаштӣ,
Намешуд ҳеҷ кас аз дидани ҳусну ҷамолат сер,
Ҳаё гардида буд аммо ба пойи ошиқон занҷир.

Туро бо тӯҳфаҳои комсомол табрик мекардам,
Таманно дар дил аз бахти зани тоҷик мекардам,
Худамро бо висолат сӯхта наздик мекардам,
Рухат медидаму мерафт аз ёдам ҳама дардам,
Дигар ман ҳеҷ парво аз ғами дунё намекардам.

Ба ёд орам замонеро, ки ту хомӯш ҳам будӣ,
Парешон дар паси деворҳо рӯпӯш ҳам будӣ,
Ғарибу бенавову кӯҳи ғам дар дӯш ҳам будӣ,
Намуда даст оташкобу мӯ ҷорӯб дар хона,
Гила аз хештан мекардиву даъво зи бегона.

Даме, ки аз миёни обу оташҳо гузар кардӣ,
Ба сӯйи зиндагии нав далерона сафар кардӣ,
Ба ҳар як рушноӣ ту ҳарисона назар кардӣ,
Зани зеботарину номдори Шарқ гардидӣ,
Азизи Тоҷикистон, ифтихори Шарқ гардидӣ.

Саломат бош, ҷоно, ки бақои умри ман ҳастӣ,
Насими навбаҳори пурсафои умри ман ҳастӣ,
Ту охир ибтдою интиҳои умри ман ҳастӣ,
Маро аз ту тамоми умр ёрои ҷудоӣ нест,
Ба ҷонат сад қасам, ки дар сириштам бевафоӣ нест.

ЗАН АГАР ОТАШ НАМЕШУД

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.

Зан агар моро намебахшид умри бардавом,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Гар намедидем мо аз кӯдакӣ оғӯши гарм,
Аз муҳаббат бехабар, ноком мемондем мо.

Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш,
Кӯри модарзод дар айём мемондем мо.

Гар намеомӯхтем аз зан раҳу расми адаб,
Бадгуҳар, бадзот, бадфарҷом мемондем мо.

Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,
Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо.

Гар каломи аввалин аз зан намеомӯхтем,
Лаб фурӯ баста ҳама чун лом мемондем мо.

Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем,
В-арна чун санги сари аҳром мемондем мо.

ЗАН ПОСБОНИ ОТАШ АСТ

Зан ҳамеша рафт аз ҳамсояҳо оташ гирифт,
Аз дигарҳо бо тавалло, илтиҷо оташ гирифт,
Баски гӯгирд он замон чун гавҳари ноёб буд,
Аз гадои кӯчаю аз бенаво оташ гирифт.

Лахчаро мекард зан дар зери хокистар ниҳон,
То намонад беалав дигар танӯру ошдон.
Дар танӯр оташ агар гулхан шавад, рухсори зан,
Сурх мегардад у кула ё ба мисли гарм нон.

Баски аз рӯзи азал зан посбони оташ аст,
Посбони оташ асту хеш кони оташ аст.
З-ин сабаб бо за нагар гаштем ҳар вақте дучор,
Бингарӣ, сар то ба пойи мо ҷаҳони оташ аст.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …