Главная / Гуногун / Модар: иншо дар бораи оча

Модар: иншо дар бораи оча

Аввали солҳои 90 ҳоли мардум дар Душанбе ҳам аз ҳоли мардуми деҳот бадтар буд. Дар деҳот мардум мазраа доштанд, мол доштанд, ки ҳадди ақалли қутро барояшон медод. Дар шаҳр бошад, мардум аз ин ҳама маҳрум буданд. Ислоҳоти пайдарпайи пулӣ пасандозҳои мардумро сифр гардонда буд. Сатҳи таваррум он қадр боло рафта буд, ки маоши моҳонаи одамон ба як халтаи панҷоҳкилоии орд ҳам намерасид. Одамон шабу рӯз дар назди корхонаҳои нонпазӣ навбат мепоиданд. Аз як сӯ ёриҳои башардӯстонаи кишварҳои хориҷӣ, аз сӯи дигар хешовандони деҳотии мардуми шаҳрнишин ҷони онҳоро аз гушнамурӣ халос мекарданд. Вале бо вуҷуди ин, мутаассифона, одамони зиёде аз гушнагӣ мурданд.

Меҳри модар бар фарзанд (мақола - эссе)
Меҳри модар бар фарзанд (мақола)

Ин қаҳтӣ дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ ҳукмрон буд. Ёд дорам, боре як ҳайати давлатии Иттиҳоди Аврупо аз сафар ба Русия ба сабаби қаҳтӣ худдорӣ карда буд. Онҳо эълон карда буданд, ки намехоҳанд дар тӯли сафарашон маводи ғизоии бе ин ҳам ками Русияро хӯранд ва зомини ризқи мардуми гурусна шаванд. Хонандаи закӣ худ метавонад қазоват кунад, ки агар дар Русия вазъ ин гуна буд, пас дар Тоҷикистони ҷангзада чӣ вазъе метавонист бошад?

Як хешдухтари модарам бо аҳли оилааш дар Душанбе зиндагӣ мекард. Падарарӯси ӯ – Нақиб Саид амаки худаш буд. Ин мард безуриёт буда, як писарбаччаро аз хонаи ятимон ги- рифта, тарбия карда будааст. Номи ин писар Фаррух буд. Фар- рух наҳифу сиёҳҷурда буда, зоҳиран, ба ҷӯгиҳо монандӣ дошт. Падархонди Фаррух духтари додари худаш – Ғанӣ Саидро, ки аз тарафи модарияш ба модари ман хешӣ дошт, ба ана ҳамин писархондаш арӯс карда буд. Ин хонумро Оча меноманд. Оча дар лаҳҷаи Панҷрӯд маънои модарро дорад. Модари Оча дар хурдияш фавтида буд ва шояд аз ин сабаб ба ӯ номи модарашро дода бошанд. Дар Панҷрӯд баъзан ба навзодон номи бузургони фавтидаро медиҳанд. Ва баъд ба ӯ «додо», «бобо», «амак», «хола» гуфта муроҷиат мекунанд. Номи Оча шояд аз ҳамин қабил бошад.

Модар биҳишти орзуҳо

Рӯзгори Очаву фарзандонаш хеле ба сахтӣ мегузашт. Ӯ дар бозори «Дӯстӣ» нонфурӯшӣ мекард ва нонвоӣ ҳар рӯз ҳаққи хизматаш ба ӯ ноне медод, ки буду шудаш ҳамин буд.

Фаррух аз ҷавонӣ майхорагиву дайдуӣ мекард. Он солҳо ӯ дигар ба нафарони дайду, ки дар хиёбонҳо зиндагӣ мекунанд, пайваста буд ва дар ду-се рӯз як бор ба хонааш, он ҳам барои ҷанҷолу даъво меомад, мехост хонаро фурӯхта, сарфи арақу ғизои худашу ҳамкешонаш кунад. Фаррух бо дигар оворагар- дон аз қутиҳои партов барои рӯзгузаронӣ ғизо меёфтанду дар зерзамину рӯи боми хонаҳои мардум рустӣ зиндагӣ мекарданд. Одатан, ин тоифа ба касалиҳои сироятӣ мубтало ё дар кашо- кашҳои авбошонаи кӯча талаф мешаванд.

Рӯзе Оча гирякунон ба офиси мо омада, арз кард, ки Фаррух чанд рӯз аст, ки нопайдост. Ва хоҳиш кард, ки дар ёфтани ӯ ку- мак кунам. Ман кормандам Исмоилро ба милисахонаи ноҳияи зисти онҳо фиристодам. Ба зудӣ маълум шуд, ки милисаҳо рӯзе пеш чанд мурдаи бесоҳибро аз сардхона бурда дар як гӯри умумӣ дафн кардаанд. Вале онҳо пеш аз дафн кардан аз ҷасадҳо акс бардошта будаанд. Исмоил Очаро ба милисахона бурд ва ӯ Фаррухро дар акс шинохт. Оча аз милисахона боз бо ашки шашқатор ба офис омада, зорӣ мекард, ки ёрӣ кунам, то ҷасади Фаррухро аз он қабри ҳамагонӣ берун биёранд ва ӯ онро ҷаноза карда, гӯр кунад. Ӯ он қадар афсурдаву пурғусса буд, ки ман натавонистам ҳарфе бигӯям.

Боз ҳам Исмоилро фиристодам, бо милисаҳову кормандони қабристон ҷасади Фаррухро берун оварда, ба хонааш бурданд. Оча ҳамон бегоҳ ҷаноза хабар карда, бо иштироки ҳамсоягону шиносҳо ҷасади Фаррухро тибқи урфу расми мусулмонӣ ба хок супурд ва ба қаҳтиву нодорӣ нигоҳ накарда, бо ёрии ҳамдеҳагон маъракаҳои маъмулро гузаронд. Ин ҳикояро барои он нақл кардам, ки амали ин зан, аз як сӯ, то чи андоза суннатгаро будани мардуми моро нишон диҳад, аз сӯи дигар, намоди матонату истодагарии зани тоҷикро, ки дар тӯли таърих яке аз сабабҳои зинда мондани ин миллат будааст, нишон бидиҳам.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …