Главная / Ҷамъият / Назорати иловагии молҳои зераксизӣ ва фаъолияти дигар

Назорати иловагии молҳои зераксизӣ ва фаъолияти дигар

Моддаи 41-и Кодекси Андоз. Назорати иловагии молҳои зераксизӣ ва фаъолияти дигар

  1. Ба молҳои алоҳидаи зераксизӣ бояд тамғаҳои аксизӣ гузошта шаванд.
  2. Истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони молҳои зераксизӣ барои тамғагузории молҳои зераксизӣ масъул мебошанд.
  3. Мақомоти андоз бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ назорати аз ҷониби истеҳсолкунандагон риоя гардидани қоидаҳои тамғагузории намудҳои алоҳидаи молҳои зераксизиро амалӣ менамоянд.
  4. Назорати тамғагузории молҳои зераксизие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо низоми гумрукии иҷозат ба муомилоти озод ворид карда мешаванд, инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низоми дигари гумрукӣ ба фурўш бароварда мешаванд, аз ҷониби мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
  5. Бо мақсади пурра ба ҳисоб гирифтани гардиши молҳо, аз ҷумла молҳои зераксизӣ ва маблағҳои пулӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави (маҳалли ҷойгиршавии) андозсупоранда дидбонгоҳҳои андоз гузорад.
  6. Дидбонгоҳи андоз дар қаламрави (маҳалли ҷойгиршавии) андозсупорандагони зеринметавонад гузошта шавад, ки:

-молҳои зераксизӣ истеҳсол менамоянд;

-қарзи андоз доранд;

-ҳисоботи андозро мунтазам бо нишондоди ба сифр баробар пешниҳод менамоянд;

– маъданҳои фоиданокистихроҷ менамоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …