Главная / Ҷамъият / Мошинҳои назоратӣ

Мошинҳои назоратӣ

Моддаи 38-и Кодекси Андоз. Истифодаи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ

  1. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ ҳангоми фурўши мол, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо бо пули нақд, кортҳои пардохти бонкӣ, чекҳо бо истифодаи ҳатмии мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва додани чеки назоратӣ анҷом дода мешаванд.
  2. Муқаррароти ҳамин моддаба ҳисоббаробаркуниҳои пулии шахсони зерин татбиқ намегарданд:

1) Соҳибкорони инфиродӣ (ба истиснои фурўшандагони молҳои зераксизӣ), ки:

а) тибқи патент фаъолият мекунанд;

б) агар аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии андозсупоранда ба сифати соҳибкори инфиродӣ (ба истиснои онҳое, ки тибқи патент фаъолият мекунанд) се моҳ нагузашта бошад.

2) Андозсупорандагон дар қисми хизматрасониҳо ба аҳолӣ бо додани расидҳо (квитансияҳо), чиптаҳо, талонҳо, тамғаҳои пардохти почтавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба чекҳо баробаркардашудаи ҳисоботи қатъӣ тибқи шаклҳои тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3) Шахсони воқеие, ки маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худашонро дар бозор ва дигар ҷойҳои махсус ҷудошуда, берун аз биноҳо мефурўшанд.

4) Супорандагони андози ягона ҳангоми фурўши маҳсулоти истеҳсоли худашон дар маҳалли истеҳсол берун аз биноҳо.

  1. Тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ–хазинавии дорои хотираи фискалӣ (аз ҷумла ҳангоми муомилот бо кортҳои пардохтӣ ва штрихкодҳо), талаботи техникӣ ба мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (назоратӣ), инчунин талабот нисбат ба системаи компютерӣ оид ба назорати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва хизматрасониҳои электрониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  2. Мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ – ин таҷҳизоти электронӣ бо блоки хотираи фискалӣ ва (ё) системаҳои компютерие мебошанд, ки интиқоли электронии маълумотро таъмин намуда, барои сабти ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ ҳангоми фурўши мол ва хизматрасонӣ истифода бурда шуда, қайди тасҳеҳнашавандаи ҳарбастӣ ва нигоҳдории дарозмуддати маълумотро, новобаста ба мавҷудияти қувваи барқ, таъмин менамоянд. Мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти дахлдори дигар Феҳристи давлатии мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалиро, ки барои истифодаи онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, тасдиқ менамоянд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  3. Дар ҳолатҳои аз ҷиҳати техникӣ корношоям шудани мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ, набудани қувваи барқ ё амали шартҳои зербанди б) банди 1) қисми 2 ҳамин моддаистифода ва додани чекҳои молӣ ба харидорон бо тартиби пешбининамудаи банди 2) қисми 2 ҳамин моддамуваққатан иҷозат дода мешавад. Барои чунин андозсупорандагон пешбурди дафтари сабти қайди маблағҳои пулии нақд, ки шакли онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ҳатмист.
  4. Ҳангоми истифодаи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ риояи талаботи зерин ҳатмӣ мебошад:

-то оғози фаъолият мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ дар мақомоти андози маҳалли амалӣ намудани фаъолият ба қайд гирифта мешаванд;

-додани чеки мошини назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ амалӣ карда мешавад;

-дастрасии мақомоти андоз ба мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ таъмин карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …