Главная / Гуногун / ММД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон: Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ

ММД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон: Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ

Рушди воқеии ММД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таҳлили вазъи нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ нишон дод, ки дар ин давра дар кулли соҳаҳои иқтисоди миллӣ тамоюли мусбии рушд нигоҳ дошта шуда, дар маҷмӯъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ таъмин карда шуд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 47517,9 млн. сомонӣ баробар гардид. Рушди воқеии он 7,0 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли сипаригардида 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Индекс дефлятори ММД дар ин давра ба 104,7 фоиз баробар гардид.

Ҳаҷми номиналӣ ва рушди воқеии ММД дар нуҳ моҳи солҳои 2014-2018

mmd-tojikiston

Дар маҷмӯъ рушди ММД аз ҳисоби ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, ки онро ташаккул медиҳанд, таъмин гардид. Истеҳсолоти саноатӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз, маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 4,0 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,8 фоиз, ҳаҷми умумии гардиши савдо 15,6 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 2,0 фоиз афзуд.

Таносуби нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ дар нуҳ моҳи солҳои 2017-2018 дар ҷадвали зерин оварда шудаанд.

 

Номгӯи

Нишондиҳандаҳо

Суръати афзоиш (бо фоиз)
январ – сентябри

соли 2017

январ – сентябри соли 2018 таносуб

+ / –

ММД 106,8 107,0 0,2
Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 106,1 104,0 – 2,1
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 122,0 113,5 -8,5
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 104,3 115,8 11,5
Гардиши савдои чакана 106,2 107,3 1,1
Хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 102,4 98,6 – 3,8
Гардиши савдои хориҷӣ 99,0 109,1 10,1
– содирот 134,0 89,8 -44,2
– воридот 88,4 117,9 29,5
Сатҳи таваррум (нисбат ба декабри соли гузашта) 5,6 3,9 1,7

Аз нишондиҳандаҳои мазкур бармеояд, ки суръати рушди соҳаи саноат нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 8,5 банди фоизӣ, кишоварзӣ 2,1 банди фоизӣ поён рафта, соҳаи маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ 11,5 банди фоизӣ ва гардиши савдои чакана ба андозаи 1,1 банди фоизӣ зиёд шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми суръати гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,1 банди фоизӣ, аз ҷумла ҳаҷми воридот 29,5 банди фоизӣ зиёд гардида, ҳаҷми содироти мол 44,2 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.

Таҳлили муфассал оид ба сабабҳои коҳишёбии суръати рушди соҳаҳои қайдгардида дар қисмҳои ба ин соҳа дахлдори гузориши мазкур пешниҳод мегардад.

Аз рӯи тақсимоти сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ,  45,6 фоизи арзиши иловашуда дар истеҳсоли молҳо   (47,6 фоиз дар январ-сентябри соли 2017), 43,1 фоиз тавассути хизматрасонӣ (41,3 фоиз) ва 11,3 фоиз аз ҳисоби андозҳои холис (11,1 фоиз) ба амал омадааст.

Аз нишондиҳандаҳо бармеояд, ки дар сохтори ММД ҳиссаи истеҳсоли молҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст, ки ин асосан аз ҳисоби кам гардидани ҳиссаи кишоварзӣ дар сохтори ММД ба андозаи 2,1 банди фоизӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳамзамон афзоиши ҳиссаи соҳаи саноат ба андозаи 0,1 банди фоизӣ ба назар мерасад.  Ҳиссаи сохтмон дар сатҳи соли гузашта боқӣ монд.

Дар давраи ҳисоботӣ  афзоиши ҳиссаи хизматрасониҳо дар сохтори ММД нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизиро ташкил дод, ки он асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳиссаи арзиши изофа дар соҳаи савдо ва хизматрасониҳо ташаккул ёфтааст.

Дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ воридоти андозҳои ғайримустақим 5458,0 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 13,9 фоиз зиёд мебошад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …