МИС

cuprumМИС (Cuprum), Cu, элементи химиявии гурӯҳи I ҷадвали Менделеев; рақами ат. 29, массаи ат. 63,546. М.-и табиӣ аз омехтаи ду изотопи собит – 63Cu ва 65Cu иборат аст. М. ба инсоният аз замонҳои қадим маълум мебошад. Он зоҳиран металли сурх ё сурхи гулобии нарм ва ёзанда аст. Зичиаш 8960 кг/м3 (20°С), ҳарор. гуд. 1083°С, ҳарор. ҷӯш. 2600°С. Ҷараёни электр ва гармиро нағз мегузаронад. М. аз ҷиҳати химиявӣ чандон фаъол нест.
М. микроэлементи бебадал мебошад; дар организми одами калон 100 – 150 мг М. (дар ҳолати пайваст бо сафедаҳо) вуҷуд дорад. Аз М. хусусан бофтаҳои майна, ҷигар, дил, гурдаҳо ғанӣ мебошанд. Дар сурати дар организми инсон нарасидани М., ки сабаби он ихтилоли мубодилаи сафедаҳо дар синни кӯдакӣ, бемориҳои ирсӣ ва ғ. аст, мубодилаи оҳан, синтези фосфолипидҳо тағйир меёбад. Дар мавриди дистрофияи гепатосеребралӣ, шизофрения, майзадагӣ ва ғ. миқдори М. дар хун меафзояд. Аз пайвастҳои М. дар амалияи тиб сулфати мис (Cupri sulfas) ё даҳони фаранг (Cuprum sulfuricum) кор фармуда мешавад.
Ҳангоми истифодаи мавзеии сулфати мис дар натиҷаи таъсири мутақобили ионҳои М. бо сафедаҳои бофтаҳо албуминатҳо ҳосил мегарданд. Он ҳамчунин таъсири антисептикӣ дорад. Аз ин сабаб онро дар шакли қатра барои табобати конъюнктивит(маҳлули 0,25%), инчунин уретрит ва вагинит (маҳлули 0,5%) кор мефармоянд. Дар аснои бо вояи кам таъин кардани сулфати мис (5 – 15 чакра маҳлули 1% дар шир, рӯзе 2 – 3 маротиба дар вақти истеъмоли ғизо) оҳан аз рӯдаҳо ҷаббида мешавад. Онро инчунин ба сифати позаҳр ҳангоми заҳролудӣ аз фосфори сафед низ таъин мекунанд.

Т. Идрисов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …