Главная / Илм / МИРЗОЕВА Зӯҳро Амондуллоевна

МИРЗОЕВА Зӯҳро Амондуллоевна

nophoto-wМИРЗОЕВА Зӯҳро Амондуллоевна (тав. 1947, деҳаи Рарзи ноҳ. Айнии вил. Суғд), акушер-гинеколог, доктори илми тиб (2002), проф. (2004). Хатмкардаи омӯзишгоҳи тиббӣ (1967) ва факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1973). Акушер-гинекологи Таваллудхонаи №1-и ш. Душанбе (1973 – 74), аспирант (1974 – 77), ходими калони илмии кафедраи акушерӣ ва гинекологияи ДДТТ (1978 – 81), ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модар ва кӯдак (1981 – 86), раиси кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони тиби ҶТ (1986 – 92), узви коллегияи ҳифзи тандурустӣ (1995) ва ҳамзамон роҳбари лоиҳаи «Сомонӣ» доир ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ (1995 – 2003), корманд (2003 – 04) ва мудири кафедраи тибби оилавии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (аз с. 2004), ҳамзамон Президенти Ассотсиатсияи табибони оилавии ҶТ ва декани факултаи тансиҳатии оилавии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон. Муаллифи зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ, тавсияномаҳои методӣ, монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва даҳҳо пешниҳодҳои навоварона.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …