Главная / Маданият ва санъат / МИРЗО СОДИҚИ МУНШӢ

МИРЗО СОДИҚИ МУНШӢ

Мирзо Муҳаммади Содиқи Муншӣ тақрибан байни солҳои 1753-58 дар деҳаи Ҷондори Бухоро таваллуд шудааст. Пас аз таҳсили ибтидоӣ Мирзосодиқ ба яке аз мадрасаҳои Бухоро дохил шуда, онро бомуваффақият хатм менамояд.

Шоир пас аз хатми мадраса ҳамчун донишманди закӣ, олими тавоно, муаррихи пухтакор ва котиби чирадаст эътироф карда мешавад. Муосири Мирзосодиқ, шоири закӣ Носеҳи Хатлонӣ ба табъу санъати Содиқ чунин баҳо медиҳад:

Хусусан Муншии маънимувофиқ,

Сипеҳри назмро субҳ аст Содиқ.

Кунад таҳрири иншо он гуҳаррез,

Қалам гардад саропо найшакаррез.

arabСодиқ ҳамчун шоир ва олими забардаст тез машҳур мешавад. Ӯро ба зуддӣ шоҳони манғитӣ ба дарбор даъват мекунанд. Содиқ дар дарборҳои амир Дониёл (1758-85), амир Шоҳмурод (1785-1800) ва амир Ҳайдар (1800-1827) хидмат намудааст. Содиқ баробари дафтардорӣ ва муншигӣ, инчунин ба мадҳи амирони мазкур камар бастааст. Аз баъзе ишораҳояш маълум мешавад, ки Содиқ аз хидмати дарбор чандон хурсанд набудааст. Чунончи:

Гаҳ мадҳи яке зи нафси томеъ кардам,

Гаҳ қадҳи яке беманофеъ кардам.

Шуд умри азиз сарф бо нокасу кас,

Афсӯс, ки нақди умр зоеъ кардам.

Содиқ хеле шахси ҳозиҷавоб будааст. Рӯзе ӯ ҳамроҳи амир Шоҳмурод дохили чорбоғ мешаванд. Ӯ аз он ҷо себе мечинад, ва амир фавран аз шоир талаб мекунад ки таърихи чаҳорбоғро иншо кунад. Содиқ мегӯяд:

Таърихи чаҳорбоғи гулгун кардам,

«Себе» зи «чаҳорбоғ» «берун кардам».

Дар ин байт калимаҳои «себе» ва «чаҳорбоғ», ки мутаносибанд, таърих буда, вожаи «чаҳорбоғ» ба ҳисоби абҷад 1212 мешавад. Аз он се «б»-ро берун кунем, яъне шашро тарҳ кунед, 1206 боқӣ мемонад, ки он ба соли 1792 м. баробар буда, таърихи бинои чаҳорбоғ аст.

Баъдтар Мирзосодиқ бо иғвои ҳасудон ба Дарвоз бадарға карда мешавад. Дар ин бора баъзе ишораҳои худи шоир низ гувоҳӣ медиҳад. Ӯ ба ҳокими дарвоз Муҳаммад Раҳимхон ду қасида бахшидааст, ки дар яке аз онҳо чунин ишораҳои шарҳиҳолӣ дида мешавад:

Намуда нафйи ватан омадам сӯи Дарвоз,

Ки то зи худ кунам исботи фикри султонӣ.

Зи гарди роҳи Муҳаммадраҳим Баҳодурхон,

Ба чашми бахт кунам сурмаи Сулаймонӣ.

Аз ин қазоват бармеояд, ки дар пиронсолӣ шоир ба ин қаламрав бадарға гардида будааст. Шоир баъдтар ба амир Ҳайдар маъзаратномае навишта дар он ёд мекунад, ки синнаш аз 63 гузашта ва то ин муддат хидматҳои арзандае ба дарбор кардааст. Вале акнун дар айёми пирӣ ӯро аз дарбор дур кардаанд. Пас аз ин ӯ ба ватан меояд ва соли 1819 дар Қаршӣ вафот мекунад.

Дар ин бора ҳамасри ӯ Хумулии Моғиёнӣ бахшида ба санаи вафоти Содиқ қитьаи таърихие эҷод намудааст:

Умри гузарон далели мо бас, ки ҳаким

Аз оби равон ҳаёти куллу шайъ кард.

Аз ҷоми фалак касе, ки як нӯш кашид,

Сад неши ситам нишонааш аз пай кард.

Муншии фалак ҷаноби Мирзосодиқ,

К-абнои замона офарин бар вай кард.

Бигзашт чун аз ҳаёт дар таърихаш:

«Муншии қадар номаи умраш тай кард» Содиқ ба сухан,

Хумулӣ, он Хусрав буд,

К-аз Ҳинд сипоҳи фатҳи руму Рай кард.

Яьне «Муншии қадар номаи умраш тай кард» моддаи тарих буда, ба ҳисоби абҷад 1235 (соли 1819/20) мешавад.

Мероси аДабии МирзосоДиқ

Олими фозил, муаррихи шинохта, муншии мумтоз ва ниҳоят шоири тавоно Содиқ аз худ девон ва маҷмӯаи дигаре боқӣ гузоштааст. Яьне девони ғазалиёт ва дигаре маҷмӯаи мусаммати мухаммас, қитьа ва маснавиҳои ӯ мебошад. Девони ғазалиёти Содиқ аз 345 ғазал, 14 мусаммат, 59 рубоӣ, 20 қитьа, 2 қасида, 34 муаммо ва 20 фард иборат мебошад. Маҷмӯаи дигари асарҳои шоир, маснавиҳои «Дахмаи шоҳон», «Рафьи тумани Оҳугиру Хайробод», манзумаҳои «Қазову қодир», «Ба духтаре ошиқ шудани дарвеш» ва 33 қитьаи таьрих мебошанд.

Мавзӯъ ва мазмуни газалиёти шоир

Мирзосодиқ лирик, шоири ғазалсаро аст. Ӯ дар ғазалсароӣ ғолибан ба Саьдӣ, Хусрав, Ҳофиз, Камол ва ба Соибу Бедил пайравӣ кардааст. Аз ӯ то ба имрӯз 345 ғазал боқӣ мондааст, ки 2291 байтро ташкил медиҳад. Вале аслан девони Содиқ дорои 15 ҳазор байт будааст. Шоир дар аксари жанрҳои назми замон: ғазал, қасида, рубоӣ, мусаммат, қитьа, маснавӣ ва ғайра шеьр гуфтааст.

Бо вуҷуди шоири сермаҳсул будан, пеш аз ҳама, Содиқ лирик – шоири ғазалсаро мебошад. Ӯро абулмаонии сонӣ, шоҳаншоҳи иқлими сухан ном бурдаанд, ки беҳуда нест.

Барои намуна чанд ғазали шоирро метавон зикр намуд ва зимни он аз саньати сухан, истеьдоди эҷодӣ, ҳунари сухансанҷӣ ва пояи шоирии ӯро метавон муайян намуд. Чунончи:

Чанд резӣ ба ҷафо ашки ҷигаргуни маро,

Ай ҷафопеша, биё, рез дигар хуни маро.

Дил ба занҷири сари зулфи ту ороме дошт,

Шуд сабо силсилаҷунбон дили маҷнуни маро.

Бо ту, ай сангдил, афсонаи ман дарнагирифт,

Дар дили сахти ту набвад асар афсуни маро.

Шӯълаи оҳи дил оташ зада дар пираҳанам,

Сӯзи пииҳои чу дарун сӯхта беруни маро.

Гуфтӣ аз хотири маҳзуни ту шодам, Содиқ,

Шод кардӣ ба ҳамин хотири маҳзуни маро.

Ғазали мазкур аз 5 байт таркиб ёфтааст ва дорои радиф («маро») буда, шоир радифи соддаро кор фармудааст, ки ҳадаф аз он таҳким бахшидан ба мазмуни ғазал мебошад. Калимаҳои қофияшуда: ҷигаргун, хун, маҷнун, афсун, берун, маҳзун буда, ҳуруфи қофия якҷоя бо бандаки изофӣ («и») дар шакли «…уни» омадааст. «Н»-ҳарфи равӣ буда худи қофия мутлақ мебошад.

Аз нигоҳи вазн низ ғазали боло ҷолиб аст. Ғазал дар баҳри Рамали муасаммани махбуни маҳзуф иншо гардида, шакли афоъили он чунин аст:

– V – – / V V – – / V V –        – / V V –

Яъне: фоъилотун, фаъилотун, фаъилотун, фаъилун.

Аз нигоҳи мавзӯъ, мазмуну мӯҳтаво ғазали боло ишқӣ буда, маҳбуба ҷафопеша, бераҳм, бесабру тоқат, бемеҳр, сангдил, ҳатто хунрез аст. Ошиқ бовафо, пурмеҳр, ростқавл, собир, ғамноку ғамхор, ҳатто ҷоннисор мебошад. Ҳадафи ошиқ висол аст ва маҳз ба хотири вафои маҳбуба ба ҷоннисорӣ розист. Албатта, оҳангҳои қавии иҷтимоӣ касб намудани ғазалиёти ин давра ва махсусан, ғазалҳои Мирзосодиқ ба қонунияти инкишофи адабиёти давр ва авзои таърихии замон сахт вобастагӣ дорад. Зеро мантиқан нақши образҳои лирикӣ – ошиқ ва маъшуқа ба ҳам нақши образҳои лирикӣ – ба ҳам зиёд гузошта шудааст. Ба назари шоир ин дарду ранҷҳо, азобу шиканҷаҳо завқи лаззати дигар доранд:

Дарду алами ишқ аҷаб лаззати завқе,

Дарду аламе нест туро бас аҷаб аст ин.

Ишқу муҳаббатро Содиқ беолоишу пок, озодаву соф тасаввур мекунад ва чунин ишқ кори ҳар дуну сифла нест:

Бошад муҳаббат ончунин покиза дурри бебаҳо,

Натвонад ӯро доштан ҳар сифлаю дун дар бағал.

«Мо дар лирикаи ишқии Содиқ – менависад профессор У.Каримов, ду майл, ду равияи ифодаро – эҳсоси ошиқона ва тафаккуроти ошиқонаро дида метавонем». Аз ин рӯ, дар лирикаи Содиқ хеле заъиф бошад ҳам, оҳангҳои сӯфиёнаву орифона ҷой доранд ва ин майлҳо ғолибан дар ашъори ҷавобии ӯ бештар ба назар мерасад:

Ба роҳат мерасонад ранҷ бар худ ошно кардан,

Ба нохун най шикастан банд аз шаккар ҷудо кардан.

Намо паҳлу тиҳӣ аз тору пуди пастии ғафлат,

Набояд такя бар болини ин махмал бино кардан.

Хамидан пои қадди ростӣ зинат наафзойяд,

Зи пирон хуш наояд такя бар дӯши асо кардан.

Дурустиҳои имкони шикаста ваҳшате дорад,

Ки аз ғайр аз шикастан нест фикри мӯмиё кардан.

Дар ин дарё гуҳар шав, қатрае гар обрӯ дорӣ,

Ҳубосо сари холӣ чӣ лозим бар ҳаво кардан.

Зуд оят занги зулмат аз миси шаб субҳдам, Содиқ, Ҳамин иксир мебахшад нафас аз худ раҳо кардан.

Аз нигоҳи шакл ғазали закршуда навоворие надорад. Яъне, ғазал дорои радифи содда («кардан»), қофияҳои муқайяд: ошно, ҷудо, бино, асо, ҳаво, раҳо буда, бо равӣ хотима ёфтаанд. Аз нигоҳи вазн низ ҷолиб аст, зеро сӯзу гудоз бо ранҷу машаққат баробар баён шуда, табиати жанр баҳри Ҳазаҷро тақозо намудааст. Бинобар он, ғазал дар баҳри Ҳазаҷи мусаммани солим эҷод шудааст, ки шакли афоъили он чунин мебошад:

  • – – – / V – – – / V – – – / V – – –
  • – – – / V – – – / V – – – / V – – –

яъне: мафоъӣлун, мафоъӣлун, мафоъилун, мафоъӣлун.

Ғазал оҳанги хеле нозук ва муассири орифона дошта, ҳадаф сайри маънавии солик ва паймудани марҳалаҳои камолот аст, ки танҳо тавассути ранҷ, азоб, сабр, ҳушёрӣ, фурӯтанӣ, шикастанафсӣ, дурӣ аз таносоӣ, парҳезкорӣ, канорагирӣ аз дунё ва алоиқи он ва ғайра мебошад. Аз ин ҷост, ки рӯ овардан ба ранҷ, бо нохун шикастани най (инкисори қолаб), банд аз шакар ҷудо кардан (барҳам задани ҳиҷобҳо), паҳлу тиҳӣ кардан аз тору пуди ғафлат (дил кандан аз дунёи моддӣ), такя бар дӯши асо кардан (ба олами бесамар дил бастан), ваҳшат (душвориҳои роҳ), гавҳар шудан (пинҳон будан), ҳубоб (худнамоӣ) ва ғайра. Интихоби калимаҳо, коргирӣ ва маънисозиву мазмунбофӣ аз онҳо, рамзу киноя касб кардани баёну ифода низ вобаста ба мазмуну муҳтаво ва мавзӯи ғазал мебошад. Ин ҳолот, албатта, хости табиати ашъори ирфонист, ки дар ашъори шоирони ин аср низ хеле кам бошад ҳам, дида мешавад.

Яке аз масъалаҳое, ки дар ашъори Содиқ ва бештар дар ғазалҳои ӯ ба назар мерасад, инъикоси оҳангҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар ин аср низ вобаста ба сиёсати пешгирифтаи ҳукуматдорони амирӣ ҳолати қувваҳои эҷодӣ-адабӣ чандон хуб набудааст. Бинобар он, оҳанги шикоят аз ҳолати танги муҳит ва аҳволи нохуби аҳли адаб, бо омезиш ба панду насиҳат, андарзу мавъизат, танқиди ҷаҳолату нодонӣ, зулму бедодӣ, ноодиливу қаллобӣ, фитнагариву фиребдиҳӣ, инчунин танқиди зимомдорони замон, рафтори рӯҳониён, кирдори зоҳидону парҳезкорон ва ғайра дар лирикаи Содиқ тасвир шудааст:

Чуз китобам ҳамнишини нуктадон пайдо нашуд,

Чуз наи килкам ҳарифи ҳамзабон пайдо нашуд.

Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, дилороме наёфт,

Ҷони беоромро ороми ҷон пайдо нашуд…

Ё худ:

Бо мо замона тарки хусумат намекунад,

Чун сифла ҳеҷ касби мурувват намекунад.

Чанд афканад ба маҷлиси мо шӯр мӯҳтасиб,

Он беадаб риояти сӯҳбат намекунад.

Дар лирикаи Содиқ ва махсусан, дар ғазалҳои ӯ дар баробари ишқу ошиқӣ, васфи маҳбуба, баёни олами маънавӣ ва зебоиҳои зоҳирии ӯ, ситоиши баҳор, гулу лола, насиму накҳати баҳорон, маю мусиқӣ низ ҳаст. Инчунин, мавзӯъҳои пандуандарзӣ: эҳтироми инсон, дӯст доштани ватан, рӯ овардан ба илму таҳсил, меҳнатдӯстӣ, хайрхоҳиву хоксорӣ, фурӯтаниву шикастанафсӣ, ростгӯӣ, ширинзабонӣ, парҳезкорӣ, ҳалолкорӣ, эҳтироми падару модар, устоду омӯзгор, вафо ба аҳд ва ғайра хеле хуб ба мушоҳида мерасад. Дар баробари ин шоир хислатҳои бади инсониро аз қабили қатлу ғорат мардумозорӣ, авомфиребӣ, бӯҳтону дурӯғгӯӣ, муфтхӯрӣ, ҳавобаландӣ, кибру ғурур, худписандӣ, хасисиву мумсикӣ, танпарварӣ, қалтабонӣ ва ғайраро накӯҳиш менамояд. Вале мавзӯи марказии ғазалиёти ӯ суннатӣ буда, ишқу исёнҳои қалбии инсон, шӯру валвалаҳои ботинӣ, садои дилҳо, зории ошиқу истиғнои маҳбуба ва ғайра хеле қавӣ садо медиҳанд. Чунончи:

Зор мурдему рухат сер надидем, дареғ,

Нуктае аз лаби лаълат нашунидем, дареғ.

Ҷон зи бемории ҳиҷрон ба лаб омад аз шавқ,

Шарбати васли ту ҳаргиз начашидем, дареғ.

Дар ғамат ғунчасифат сар ба гиребон бурдам,

Чун ғул аз ғусса гиребон надаридем, дареғ.

Монд дар пои дили хастаи мо хор фурӯ,

Гуле аз гулшани васли ту начидем, дареғ,

Бими онро, ки шавад сӯзи дили мо зоҳир,

Сӯхтем аз ғаму оҳе накашидем, дареғ.

Остони ту бувад мақсади арбоби вафо,

Мо ба он мақсади олӣ нарасидем, дареғ.

Ҷон надидем чу Содиқ ба ғами дарди ту ҳайф,

Сарф шуд нақди матое нахаридем, дареғ.

Аз нигоҳи шакл ғазали мазкур анъанавӣ буда, дорои ҳафт байт, радифи сода («дареғ»), қофияи мутлақ (ҳарфи равӣ- «д»), матлаъ, мақтаъ, тахаллус ва ғайра мебошад. Инчунин, ғазали мазкур дар баҳри Рамали мусаммани махбуни мақсур (баъзан аслам, аслами мусаббағ) эҷод шудааст, ки шакли афоъили он чунин аст:

  • V – – / V V – – / V V – – / V V ~ (баъзан: – – / – ~)
  • V – – / V V – – / V V – – / V V ~

Радиф дар ин ғазал бори ғоявӣ мекашад ва барои муайян намудани ҳолати қаҳрамони лирикӣ – ошиқ мусоъидат мекунад.

Аз нигоҳи мавзӯъ, мазмуну мӯҳтаво бошад, ғазали боло ишқӣ буда, баёни ҳолати ошиқ, яъне ҳиҷрон ва дурӣ аз висол, интиҳои рӯзгор ва афсӯсу ҳайфу дареғ изҳор намудани ошиқ мазмуни онро фароҳам овардааст.

Ҷанбаҳои ҳунарӣ низ хеле ҷолиб аст: вобаста ба мавзӯи ишқ: зор мурдан, сер надидани рӯй, нашунидани нукта, ба лаб расидани ҷон, чашидани шарбат, дареғ ва ғайра, калимаҳои мутаносиб ҳамагӣ дар ду байт мебошанд. Ин ҳолат то интиҳо идома дорад. Киноя, маҷоз – яъне мурдан – гузаштани беҳудаи умр; ҷон ба лаб омадан – яъне тоқат намудан ба ҳама гуна душвориҳо; начашидани шарбати васл – иттифоқ наафтодани висол; ғунчасифат – мисли ғунча; сар дар гиребон будан – ҳанӯз нашукуфтан, яъне ба маънии ҳанӯз аз дунё баҳра набардоштан ва ғайра. Тавсиф: дили хаста, мақсади олӣ; истиора – ғунчасифат, гул, ки танҳо монандкунандаҳо иштирок доранду монандшавандаҳо нестанд ва ғайра.

Албатта, ҷанбаҳои ҳунарӣ дар шеъри шоирони ин рӯзгор мисли асрҳои XII, XIII, XIV, XV нест, вале шоирони ҷудогона дар ҳар сурат нисбатан санъату ҳунари воло доранд, ки Содиқу Ҳозиқ, Шӯхию Парӣ аз он ҷумлаанд. Хусусан, дар ғазалсароӣ ин шоирон нисбатан панҷаи қавитаре доштаанд. Зеро ғазали онҳо дар интиҳои ҳол қонуниятҳои таҳаввули жанрро дар ин давра муайян менамояд.

Маснавии «Дахмаи шоҳон».

Мирзосодиқ на танҳо дар навъҳои хурди лирикӣ хушзавқ аст, балки дар достонсароӣ ҳам адиби тавоно мебошад. Аз ӯ чор маснавӣ низ боқӣ мондааст. Аз ҷумла: «Рафъи тумани Оҳугиру Хайробод», «Ба духтаре ошиқ шудани дарвеш», «Қазову қадар» ва «Дахмаи шоҳон». Маснавии «Дахмаи шоҳон», ки соли таълифи он аниқ қайд нашудааст, муҳаққиқон таърихи онро солҳои 1785, 1791 ва 1796 ишора кардаанд. «Дахмаи шоҳон» аз нигоҳи сохтор ва мазмуну мундариҷаи худ хеле ҷолиб аст. Достон аз муқаддима ва қисмати асосӣ иборат мебошад. Муқаддимаи асар аз се бахш фароҳам омадааст. Дар бахши аввал мулоҳизаҳои фалсафии адиб, муносибати ӯ ба мирону шоҳон, адлу дод, ноодиливу бедодӣ баён гардидааст.

Дар бахши дуюм оид ба авзои замон, муҳити зиндагӣ, бевафоии дунё, арзиши илму дониш, фазлу ҳунар баҳс карда мешавад. Бахши сеюми муқаддимаи асар доир ба мушоҳидаву сайру гашти шоир дар атрофи шаҳри Бухоро ва ҳаводиси ба ӯ дучоромада баҳс мекунад. Муқаддимаи достон бо зерфасли «Тасвири девони маъбад» интиҳо меёбад.

Қисмати асосии достон, ки пас аз муқаддима меояд, «Ибтидои шурӯъ дар мақсуд» нахустзерфасли он мебошад. Мушоҳидаҳои шоир ба тасвири «Дахмаи Субҳонқулихон» оғоз гардида, сонӣ тасвири Дахмаи Убайдуллоҳхон, «Дахмаи Абулфайзхон» ва «Дахмаи Абдулмӯъминхон» меояд ва бо ҳамин достон ба поён мерасад.

Дар қисмати асосии достон, ҳангоми сайри шоир ногаҳ аз дахмае садое баланд мешавад, ки:

Кушо сӯи мо чашми ибрат, нигар,

Ки будем шоҳони зарринкамар!

Ҳадаф зикри бебақоии дунё, пушаймонӣ аз амалҳои носавобу зишт мебошад.

Баъд шоир садои басо ҷозибу ҷолибе аз як дахмаи мармарин мешунавад, ки он аз зиндагии бемаънӣ, кирдори носавоб, амалҳои нохуби худ ҳангоми ҳукуматдорӣ бо сӯзу гудоз ривоят мекунад. Ин дахмаи ҳокими аштархонӣ – Субҳонқулихон будааст.

Мирзосодиқ баъд аз шунидани садои ин амир боз пештар меравад ва дахмаи Убайдуллоҳхон пеш меояд. Ӯ садои ин амирро мешунавад, ки аз таърихи салтанати золимонаи худ ҳикоя менамояд. Амири мазкур аз фаъолияти золимонаи хеш сахт пушаймон гардида, худро хеле сарзаниш мекунад. Убайдуллоҳхон аз кардаҳояш пурра норизост ва таъкид мекунад, то ин ки одамон чунин ғалатҳоро содир накунанд.

Мирзосодиқ ба оромгоҳи Абулфайзхон наздик мешавад. Абулфайзхон ҳам мисли дигар амирон аз кирдорҳои худ сахт пушаймон аст:

Манам шоҳ Абулфайзи мулки Бухор,

Падар то падар хусрави тоҷдор.

Абулфайзхон вақти сари қудрат омаданаш асосан ба айшу нӯш, танпарвариву фориғболӣ дода мешавад. Худи амир мегӯяд:

Маро модари даҳр рӯзе, ки зод,

Дари айшу ишрат ба рӯям кушод.

Нишонданд дар мадҳ ҳамчун сарир,

Ба комам шакар рехт, бар ҷон шир.

Дувумбора бар тахти шоҳӣ нишонд,

Ба фарқам хазойини дунё фишонд.

Шоир зулми амирро аз забони муғаннӣ ва созҳои мусиқӣ ба тариқи ташхису тамсил зикр мекунад:

Яке дод танбӯрро гӯшмол,

Ки аз дасти ман пеши шоҳам манол.

Чунин гуфт танбӯр: Ай зулмгар,

Чаро мезанӣ захмам андар ҷигар?

Расида маро корд бар устухон,

Нишаста бурун аз танам тори ҷон.

Ба нохун дилам хунфишон мекунӣ,

Маро манъ боз аз фиғон мекунӣ?

Ҳамегуфт танбӯр нолида зор,

Дили чангу най шуд зи дардаш фигор,

Ба якборагӣ ҷумла кардӣ фиғон,

Найистон шуд аз нола рӯи ҷаҳон.

Ин амир ҳатто барои мансаб писари худро нест мекунад:

Хусусан, ки аз мастии ҷоми ҷоҳ,

Писарро намудам ба дастам табоҳ.

Сабоҳе гузаштам ба тарфи чаман,

Чу гул лаб пур аз ханда аз анҷуман.

Шунидам ман аз боғбони ҷаҳон,

Ки мегуфт дар хидмати гулситон: –

Бибурранд гар беҳҷасти ниҳол,

Физояд бар он нахл бори камол.

Чу бишнидам аз боғбон ин сухан,

Ба сӯи ҳарам омадам аз чаман.

Ниҳоле, ки аз решаам руста буд,

Ба пеши қадам сарв дилхаста буд.

Ба теги ғазаб кардам ӯро ҳалок,

Ба хокаш супурдам, задам рӯйи хок.

Чунин кор кардам ба уммеди он,

Ки шояд маро давлати ҷовидон.

Абулфайзхонро дар мавриди зарурӣ, яъне ҳамлаи Раҳимбии манғит дӯстон-душман, итоаткорон-нофармон ва ҷамъаш-парешон шуданд. Раҳимбӣ ӯро қатл кард, аз ин рӯ, Абулфайзхон мукофоти амалро пеши рӯ меорад ва бо сӯзу гудоз мегӯяд:

Зи бас маст будам зи ҷоми ғурур,

Мукофотро дидам аз хеш дур.

Кунун ин мукофоти кирдорҳост,

Ҳамин ранҷам озори озорҳост.

Маранҷон дили халқ аз баҳри ӯ,

Ки бошад ҷаҳон душмани дӯстрӯ.

Яъне дар достон сокини ҳар як дахма саргузашти худро бо тамоми ҷузъиёт, бо забони худаш қоил мешавад. Агар зишткору золим бошад, пас аз кардааш сахт пушаймон аст. Агар заррае кори хуб карда бошад, натиҷаи онро ҳатман дидааст. Дареғо, ки ин амирон ҳанӯз солҳои салтанатдорӣ инро фикр накрдааст. Онҳо салтанати худро «безаволу ҷовид» донистаанд. «Дахмаи шоҳон»-и Содиқ дар заминаи ривояте, ки миёни мардум паҳн шудааст, эҷод гардидааст. Он ривояти шоҳони афсонавии Эрони қадим мебошад ва бо наср таълиф шуда, аз пораҳои шеърӣ барои тасдиқи фикр кор гирифта шудааст.

Яъне Искандари Мақдунӣ бо Афлотун ва лашкараш ба қаламрави Аҷам ворид шуда, Афлотун дахмаҳоро ба ӯ нишон медиҳад. Инҳо дахмаҳои Ҷамшед, Рустам, Фаридун, Исфандиёр, Наримон, Манучеҳр, Барзӯ, Сӯҳроб ва дигарон аст.

Тавофути асари Содиқ аз дахмаи ривоятӣ аз он иборат аст, ки:

  1. Дар ривоят аз кирдори нек қисса карда мешавад ва дар асари Содиқ танҳо амалҳои зишти онҳо баён шудааст.
  2. Асари халқӣ бо усули ривоят, нақл буда, асари Содиқ бевосита аз забони худи қаҳрамон аст.
  3. Дар асари халқӣ пир донишманду соҳибтаҷриба буда, дар асари Содиқ мушоҳидаи адиб асоси тасвир қарор дода шудааст.
  4. Мавзӯъ ва мазмуни асари Содиқ дар адабиёти тоҷик нав буда, ба адабиёт таъсири амиқ мегузарад. Адибон: Мирзо Абдулазими Сомӣ, Абдурраҳмони Тамкин, Аҷзии Самарқандӣ дар пайравии Мирзосодиқ асар таълиф кардаанд.

Бояд гуфт, ки тозакориҳо ва навовариҳои Мирзосодиқ дар таҳаввули ғазал ва эҷоди маснавӣ хеле ва хеле назаррас мебошад. Аз ин рӯ, ӯ дар таърихи адабиёти охирҳои асри XVIII ва оғози асри XIX чун адиби навовар мавқеъ дорад.

Савол ва супоришҳо:

  1. Доир ба овони ҷавонии Мирзосодиқи Муншӣ чӣ медонед?
  2. Сабабҳои асосии ба дарбор ҷалб намудани Мирзосодиқро дар чӣ мебинед?
  3. Сабаби ба Дарвоз бадарға шудани шоир чист?
  4. Поёнии рӯзгори Мирзосодиқ дар куҷо ва чӣ гуна сипарӣ гардидааст?
  5. Мероси адабии шоирро номбар кунед.
  6. Мавқеи ғазал дар таркиби девони Мирзосодиқро шарҳ диҳед.
  7. Мазмуну мӯҳтавои ғазали «Чанд рези ба ҷафо ашки ҷигаргуни маро»-ро нақл кунед.
  8. Ғазали «Ба роҳат мерасонад ранҷ бар худ ошно кардан»-ро азёд гӯед.
  9. Ғазали «Зор мурдему рухат сер надидем, дареғ» ба кадом мавзӯъ бахшида шудааст.
  10. Мазмуни мухтасари маснавии «Дахмаи шоҳон»-ро нақл кунед.
  11. Тавофути достони «Дахмаи шоҳон» аз ривояти халқии онро тавзеҳ диҳед.
  12. Мирзосодиқ дар маснавии «Дахмаи шоҳон» ба кадом масъалаҳои иҷтимоӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст?
  13. Хусусиятҳои бадеии маснавии «Дахмаи шоҳон»-ро шарҳ диҳ

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …