Главная / Илм / МИРОҶОВ Ғиёсуддин Қудбуддинович

МИРОҶОВ Ғиёсуддин Қудбуддинович

nophoto-mМИРОҶОВ Ғиёсуддин Қудбуддинович (тав. 12. 10. 1944, деҳаи Ярхаби Калони ноҳ. Рашт), духтури гастроэнтеролог, доктори илми тиб (1981), проф. (1992), узви пайвастаи АИ ҶТ (2001; узви пайваста – 1991), Ходими шоистаи илм ва техникаи ҶТ (1999), барандаи Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи Е. Н. Павловский (2003), Узви фахрии Ҷамъияти гастроэнтерологҳои Булғория (1988), Аълочии тандурустии ИҶШС (1977). Фак-ти муолиҷаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст (1968). Аспиранти Ин-ти 1-уми тиббии ш. Москва (1968 – 71), ходими калони илмӣ (1971 – 72), муовини директори Ин-ти гастроэнтерологияи АИ ҶТ (1972 – 95), Сардори раёсати илм ва муассисаҳои илмии Вазорати тандурустии ҶТ (1995 – 2000), директори Ин-ти гастроэнтерологияи Вазорати тандурустии ҶТ (аз с. 2000), ҳамзамон Президенти АИТ Вазорати тандурустии ҶТ (2010 – 11).
М. муаллифи зиёда аз 400 мақолаҳои илмӣ ва 5 монография буда дар пешрафти илми гастроэнтерологияи Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Ҳамроҳи акад. Ҳ. Ҳ Мансуров дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шуда аломатҳои болинию морфологии фибрози ирсии ҷигар ва шакли шадиди сиррози машруботии ҷигарро таҳқиқ кардааст. М. дар кори таҳия ва таҳқиқи давраи аввали бемориҳои машруботӣ ва вирусии ҷигар, омӯзишу таҳқиқи гепатитҳои В, D, С ва вирусҳои онҳо саҳми арзанда дорад. Оид ба мақоми бактерияи ҳалқашакли пилори (ҳеликобактер пилори) ва штаммҳои он дар пайдоиш ва хуруҷи бемориҳои илтиҳобии меъда ва захми меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта низ тадқиқот анҷом додааст.
М. борҳо илми гастроэнтерологияи тоҷикро дар анҷуманҳои гастроэнтерологҳои умумииттифоқӣ, ҳафтаҳои гастроэнтерлогҳои Россия, анҷуманҳои терапевтҳои Россия (1982) Қирғизистон (1996), Туркманистон (1996), Конгресси гастроэнтерологҳои Олмон (1988), Булғория (1989), Конгресси умумиҷаҳонии гастроэнтерологҳо дар Австрия (1998), ҳафтаи гастроэнтерологҳои Европа дар Италия (1999) муаррифӣ кардааст. Аъзои фахрии Ассотсиатсияи гастроэнтерологҳои Булғория (аз 1989), проф. фахрии Ин-ти тадқиқоти илмии гигиенаи Россия (аз 2001). Иштирокчии Ассамблеяи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Кения (Найроби; 2009). М.
Ос.: Маркеры вируса гепатита В и ткани печени носителей НВ8-антигена. «Архив патологии», 1984, № 4; Гелиотропная гепатоангиопатия, Д., 1995; Фиброз печени, Д., 2003; Клинические очерки по гепатологии и гастроэнтерологии, Д., 2006; Метаболический синдром с проявлением желчнокаменной болезни, Д., 2007.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …