Главная / Илм / МИОРЕЛАКСАНТҲО

МИОРЕЛАКСАНТҲО

miorelaksantМИОРЕЛАКСАНТҲО (Myorelaxantia; аз мио… ва лот. relaxans, relaxantis – сустиовар, заифсозанда), доруҳое, ки тонуси мушакҳои скелетро то ҳадди комилан беҳаракат гаштани онҳо суст мекунанд. М. вобаста ба таъсир ду хел – марказӣ ва канорӣ мешаванд. Ба М.-и таъсирашон канорӣ моддаҳои кураремонанд мансубанд; онҳо бевосита ба холиноретсепторҳои мушакҳои скелет таъсир расонда, интиқоли асабӣ-мушакиро халалдор месозанд.
Ба М.-и таъсирашон марказӣ доруҳои гуногун, ки дар баробари самараи муолиҷавӣ ҳамчунин маркази танзими тонуси мушакҳоро табоҳ менамоянд, дохил мешаванд, мас., транквилизаторҳо (сибазон, хлозепид, феназепам ва ғ.). Мидоклам ва баклофен низ ба гурӯҳи моддаҳои таъсирашон марказӣ мансуб мебошанд. М.-и таъсирашон марказӣ бар фарқи моддаҳои кураремонанд ба интиқоли импулсҳо ба синапсҳои асабу мушакӣ таъсир намерасонанд.
Дар амалияи тиб моддаҳои кураремонанд бо мақсади суст кардани тонуси мушакҳо ҳангоми амалиёти ҷарроҳӣ кор фармуда мешаванд. М.-и таъсирашон марказӣ асосан ҳангоми бемориҳое, ки тонуси мушакҳои скелет баланд мегарданд, ба кор мераванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …