Главная / Илм / МИЛЗАНИИ ДУВОЗДАҲА

МИЛЗАНИИ ДУВОЗДАҲА

milzanii-duvozdahМИЛЗАНИИ ДУВОЗДАҲА, бо мақсади ташхис ва табобат ба рӯдаи дувоздаҳангушта фиристодани мил (зонд). Бо мақсади ба даст овардани муҳтавои рӯдаи дувоздаҳангушта (омехтаи талха, шира ва усораи ғадуди зери меъда) ба амал оварда мешавад. Тадқиқи муҳтаво имкон медиҳад, ки дар бораи ҳолату фаъолияти рӯдаи дувоздаҳангушта, ғадуди зери меъда, ҷигар, талхадон, маҷрои талха маълумоти аниқ барояд; бо ин роҳ баъзан бемории узвҳои мазкурро низ муқаррар кардан мумкин аст.
Дар аснои васеъшавии варикозии венаҳои сурхрӯда, омосу захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, аневризмаи аорта, иллати шуш ва дилу рагҳо, хуруҷи холетсистит ва панкреатити музмин, бемориҳои вазнини роҳи нафас М. д. ҷоиз нест.
М. д. бо дили наҳор, 10 – 12 соат пеш аз истеъмоли таом, гузаронда мешавад. Дар баъзе беморон бинобар бисёр ҳосил шудани газ мумкин аст, ки меъдаро рӯдаи ғафс зер кунад. Дар натиҷа милзанӣ метавонад натиҷа надиҳад. Аз ин рӯ чунин беморонро пешакӣ тайёр кардан лозим аст. М. д. дар утоқи махсус зери назорати корманди тиб мегузарад. Мил бояд дуруст бошад; барои нест кардани бӯи резин ҳангоми ҷӯшондан ба об чанд қатра ментол чакондан мумкин аст.
Ниг. низ Милзанӣ, Милзании меъда.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …