Главная / Илм / МИЛКИ ДАНДОН

МИЛКИ ДАНДОН

milki-dandonМИЛКИ ДАНДОН (Gingiva), луобпардаи ҷавфи даҳон, ки решаи дандонҳои ҷоғи боло ва поёнро фаро гирифтааст. Дар коми сахт М. д. бидуни сарҳади аниқ ба луобпардаи ком мепайвандад.
М. д. бо устухонпардаи шохаҳои алвеолаҳои ҷоғҳо пайваст буда, рагу асабҳои сершумор дорад. Милк дастгоҳи такяи дандонҳо аст ва онҳоро аз ҳар гуна осеб муҳофизат мекунад. Як қисм нахҳои милк гарданаи дандонҳоро сахт дошта меистад, қисми дигар, ки озод аст, пистонакҳои байни дандонҳоро ба вуҷуд меоранд. Роғи байни дандон ва канори милк ҷӯяк ё ҷайби дандону милк ном дорад.
Осебҳои М. д. бинобар қобилияти баланди таҷдидӣ доштани луобпардаи даҳон зуд шифо меёбанд; фақат ба осебҳои калон бандина гузошта мешавад ё онҳоро кӯк мезананд. Илтиҳоби М. д. ба бисёр бемориҳои дигар вобаста аст. М. д. аксар вақт дар мавриди периодонтит, периостит, остеомиелити ҷоғ, пародонтит ва диг. бемориҳо осеб меёбад. Ҳангоми сил, сифилис, актиномикоз, стоматит ва ғ. дар М. д. захмҳои махсус пайдо мешаванд. Эпулис ва фиброма омосҳои маъмули М. д. мебошанд. Омосҳои М. д.-ро бо ҷарроҳӣ дармон мебахшанд.
Ниг. низ Даҳон.

С. С. Субҳонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …