Главная / Гуногун / МИКРОПРОТСЕССОР

МИКРОПРОТСЕССОР

Микропротсессор элементи аз ҳама муҳимтарин ва марказии компютер ба шумор меравад. Онро баъзан «майнаи» компютер ҳам мегўянд. Микропротсессор схемаи электронии начандон калон (ҳамагӣ як-чанд сантиметр) буда, ба воситаи он ҳамаи қисмҳои компютер идора, амалҳои арифметикию мантиқӣ иҷро ва информатсия кор карда баромада мешаванд. Микропротсессор метавонад садҳо намуд амалиётро, аз қабили ҷамъу тарҳкунӣ, зарбу тақсимкунӣ, муқоисакунӣ, дохилкунӣ, хориҷкунӣ ва ғайраҳо бо суръати ниҳоят тез даҳҳо ва ҳатто садҳо миллион амал дар як сония, иҷро намояд.

mpu_nvidiaКомпютерҳои ҳозиразамон аз компютерҳое, ки дар асоси принсипи фон Нейман кор мекарданд, бо он фарқ мекунанд, ки дар онҳо қисмҳои идоракунӣ ва арифметикӣмантиқӣ дар як ҷо муттаҳид карда шуда протсессори марказӣ ном гирифтааст. Дигархелтар карда гўем, протсессори марказӣ якбора функсияҳои ду қисми мустақили компютерҳои пешинаро иҷро менамояд.

Дар компютерҳои IBM PC асосан микропротсессорҳои фирмаи Intel ва баъзан фирмаҳои AMD, Cyrix, IBM ва ғайраҳо истифода бурда мешаванд. Микропротсессорҳои Intel-8088, 80286, 80386 SX, 80386 DX, 80486 SX, 80486 SX2, 80486 DX, 80486 DX2, 80486 DX4, Pentium, Pentium Pro, Pentium 2, Pentium 3 ва ғайраҳо моделҳои машҳуртарини

микропротсессорҳои Intel ба шумор мераванд. Онҳо дар рўйхат аз рўи зиёдшавии иқтидори маҳсулнокӣ ва нархашон оварда шудаанд. Фарқи маҳсулнокии ин микропротсессорҳо бениҳоят калон аст. Масалан, иқтидори маҳсулнокии микропротсессори Intel Pentium Pro аз микропротсессори Intel 8088 ҳазорҳо маротиба зиёдтар аст. Бинобар ҳамин ҳам, компютерҳои дар асоси микропротсессорҳои Pentium 3 ва Pentium 4 ва аз ин зиёд коркунанда имрўз компютерҳои пуриқтидортарин ба ҳисоб

мераванд.

Моделҳои якхелаи микропротсессорҳо метавонанд аз ҳамдигар бо зудии зарбаашон фарқ кунанд:

Зудии зарбаи микропротсессор гуфта, суръати аз тарафи онҳо иҷрокунии амалҳоро мегўянд.

Зудии зарба бо мегагерсҳо (1Мгс = 106 герс) чен карда мешавад. Ҳар қадаре, ки зудии зарбаи микропротсессор зиёдтар бошад, ҳамон қадар вай сермаҳсултар ҳисоб карда мешавад. Масалан, микропротсессорҳои модели Pentium бо зудиҳои зарбаи аз 75 Мгс то 200 Мгс истеҳсол карда мешуданд, ки фарқи сермаҳсулии микропротсессори 75 Мгс аз 200 Мгс тақрибан дуним маротиба камтар аст. Одатан, дар ҳуҷҷатҳо зудии зарбаи микропротсессорро бевосита пас аз номи онҳо меоранд (масалан, Pentium/200).

Агар моделҳои микропротсессорҳо гуногун, вале зудии зарбаашон якхела бошад, он гоҳ он микропротсессор пуриқтидортар ҳисоб карда мешавад, ки моделаш навтар бошад. Моделҳои гуногуни микропротсессорҳо як намуд командаро (масалан, ҷамъкунӣ ё тақсимкунӣ) бо миқдори гуногуни зарбаҳо иҷро менамоянд. Барои ҳамин ҳам, чӣ қадаре модели микропротсессор навтар бошад, барои иҷрои як намуд амал аз он ҳамон қадар миқдори камтари зарбаҳо

талаб карда мешавад. Масалан, Intel Pentium/133 аз Intel 80486/133 ва Intel80486/133 аз Intel-80386DX/133 тақрибан ду маротибагӣ тезтар кор мекунанд. Моделҳои ҳозиразамони микропротсессорҳо, аз Intel-80486 DX сар карда, қобилияти беандоза хуби ҳисоббарорӣ доранд. Вале моделҳои аз Intel-80486 DX поёнтар барои ҳисоббарориҳои баъзе синфи масъалаҳои математикӣ ва муҳандисӣ, махсусан кор бо ададҳои ҳақиқӣ, иқтидорашон камӣ мекунад. Барои иҷрои маҳз чунин амалиёт, ба компютерҳо дар қатори микропротсессорҳои мавҷуда микропротсессорҳои махсус илова карда мешуданд, ки онҳоро сопросессорҳои математикӣ меномиданд. Масалан, микропротсессорҳои Intel-8087, 80287, 80387 ва 80487SX аз қабили чунин сопротсессорҳо ба шумор мераванд.

Саволҳо:

  1. Чаро микропротсессорро «майнаи сари» компютер меноманд?
  2. Компютерҳои ҳозиразамон аз компютерҳои дар асоси принсипи фон Нейман коркунанда бо чӣ фарқ мекунанд?
  3. Дар компютерҳои IBM PC микропротсессорҳои кадом фирмаҳо истифода бурда мешаванд?
  4. Зудии зарбаи микропротсессор гуфта чиро мефаҳмед?
  5. Сопротсессор чист?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Доир ба микропротсессорҳо дар ҳаҷми дусе саҳифа фикратонро дар дафтар баён намоед.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …