Главная / Илм / МИКОЗИ КАФИ ПОЙ

МИКОЗИ КАФИ ПОЙ

mikozi-poyМИКОЗИ КАФИ ПОЙ, як навъ бемории занбӯруғист. Ангезаи М. ба пӯст ва нохуни пой осеб мерасонад. Манбаи сироят одами бемор буда, ангезандаҳои беморӣ ба муҳити зист тавассути пулакчаҳои пӯст, резаҳои нохун мегузаранд. Одам ба М. аксар вақт дар оила ва хобгоҳ ҳангоми пӯшидани ҷӯроб, пойафзор, либоси таг, инчунин дар натиҷаи истифодаи тағораи пойшуӣ, исфанҷ, қайчии нохунгирӣ ва дигар ашёи шахси бемор гирифтор мешавад. Инчунин, агар ба қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва ҷамъиятӣ риоя карда нашавад, дар ҳаммом, душхона ва ҳавз низ сироят ёфтан мумкин аст. Ҳодисаҳое маълуманд, ки ҳангоми дезинфексия накарда кор фармудани асбобҳои педикюрӣ одамон ба М. гирифтор шудаанд. Серарақии кафи пой , рафтани пӯсти он, васеъ ва шахшӯл шудани сиёҳраги пой ва ғ. боиси М. мегарданд.
Занбӯруғ бештар ба пӯсти байни ангуштон ва кафи пой таъсир мерасонад. Дар аввал беморӣ бо рафтани пӯсти ин ё он ҷои кафи пой ноаён ҷараён мегирад. Сипас доначаҳои гуногун пайдо мешаванд, ки дар аввал моеи дарунии ҳар кадомаш шаффоф буда, сонитар ранги он хира мегардад. Доначаҳо бо ҳам пайваста, мекафанд ва ба як захми газакгирифтаи намнок табдил меёбанд (он дард ва хориш мекунад). Пӯсти канорҳои ангуштон сафед ва нарм гашта, қабат-қабат ҷудо мешавад, чинҳои кафи пой кафида, дард мекунанд ва мехоранд. Сонитар ин нишонаҳо нест шуда, пӯсти пой меравад. Вале ин ҳанӯз аломати шифо нест, зеро занбӯруғ дар қабати шохии пӯст инкишоф меёбад. Агар беморӣ саривақт муолиҷа карда нашавад, он дар фасли гарми сол авҷ гирифта, музмин мегардад. Нохун хира гашта, дар рӯи он доғҳои зард ва рахҳо пайдо мешаванд; нохунҳо ғафс ва нарм шуда, мешикананд. Дар резаҳои нохун, инчунин дар пулакчаҳои пӯсти рехтаи кафи пой ва байни ангуштони он торҳои митселий ва спораи занбӯруғ мавҷуд аст.
Бемориро духтур ташхис мекунад. Тадқиқи микроскопии пулакчаҳои пӯст ва тароши нохунҳо барои ошкор кардани занбӯруғҳо ва дар муҳити ғизоӣ парваридани онҳо (барои муайян намудани шакли занбӯруғ) имкон медиҳад. Агар беморони гирифтори М. саривақт, махсусан ҳангоми иллат ёфтани нохун, муолиҷа карда нашаванд, табобати беморӣ минбаъд хеле душвор гардида, тӯл мекашад. Аз ин сабаб ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои аввалини беморӣ ҳатман ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. Худмуолиҷа оқибати хеле ногувор дорад. Чунончи, дар пӯсти беморони гирифтори эпидермофитияи кафи пой доначаҳои аллергӣ мебароянд, ки бо қубо монанд буда, муолиҷаашон хеле душвор аст.
Ба чунин қоидаҳои пешгирӣ риоя кунед: пойафзор ва ҷӯроби каси дигарро напӯшед, қайчии ӯро кор нафармоед; дар ҳаммом, душхона ва ҳавз пойфзори резинӣ пӯшед; кафи пой, махсусан байни ангуштонро бо сачоқи алоҳида нағз пок кунед. Аҳли оилаи шахси бемор бояд аз муоинаи диспансери бемориҳои пӯст гузарад. Рӯбучин ва тамйизи ҳаррӯзаи ҳаммом, душхона, залҳои спортӣ ва асбобу анҷоми онҳо, тамйизи асбобҳои пардозӣ, сартарошхонаҳо, муоинаи тиббии мунтазами кормандони ҳаммом, сартарошҳо ва ғ. дар кори пешгирии М. аҳамияти калон доранд. Ниг. низ Пӯст, Нохун, Занбӯруғҳои микроскопӣ.
Ад.: Зоиров П. Т., Бемориҳои пӯст, Д., 1999; ҳамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

А. А. Ҳусайнов

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …