Главная / Илм / МИЕЛОЛЕЙКОЗ

МИЕЛОЛЕЙКОЗ

mieloleykozМИЕЛОЛЕЙКОЗ (Myeloleucosis; аз юн. myelos – мағзи устухон ва leukos- сафед), миелоз, бемории системаи хун аз гурӯҳи лойкозҳо. Ҳангоми М. дар узвҳои хунофар шаклҳои норасидаи гранулоситҳо (миелоситҳо, промиелоситҳо, баъзан миелобластҳо) барзиёд ҳосил мешаванд. Аломати М. дар хун афзудани адади лейкоситҳо (дар ибтидо 10 – 15 – 20 ҳаз. дар мкл, баъдтар то 200 – 400 ҳаз. дар мкл) аст. Дар аснои М. сипурз калон шуда, дар давраи охири он лоғарӣ ва анемия (камхунӣ) падид меояд, дар хун миелобластҳо меафзоянд.
М.-ро бо доруҳои химиявӣ, нуршифоӣ, хунгузаронӣ ва ғ. муолиҷа мекунанд.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …