Главная / Илм / Мева ва тухми растанӣ

Мева ва тухми растанӣ

Дар фаслҳои тобистону тирамоҳ меваҳои гуногунранги пухтарасидаи растаниҳои дастпарвару худрӯй диққати касро ҷалб мекунанд. Себҳои сурху ҷилодор, нок, олую олуболуҳои сершира, шингилҳои пурбори ангур шохи дарахту буттаҳоро бо серборӣ хам мекунаид. Меваи бисер растаниҳои сабзавотӣ: помидор, бодиринг, қаламфур, боимҷон хушрангу ботароват мебошанд.

mevai-tar-xush

Новобаста ба гуногунии шакл, ранг, маза, бӯй ва андозаашон аксари меваҳо аз ғӯраки гул ташаккул меёбанд. Девораи сабзидаю тағйирёфтаи ғӯрак – мевапарда номида мешавад. Ва он та- шаккул ёфта ба мева табдил меёбад. Ҳар мева дар дохилаш тухм (ё дона) дорад.

Мева тар ва хушк мешавад.

Ғуҷуммева (ё буттамева) як навъ тармеваест, ки мағзи онро аз берун пӯсти тунук пӯшидааст. Дар даруни мева тухмҳои бисёре мавҷуданд  Қот, нордонак, мӯрди ҷангалӣ, помидор ва ангур ба гурӯҳи растаниҳои ғуҷуммева дохил мешаванд.

Донакмева як навъ тармеваест, ки пӯсти тунук дошта, магзаш сероб буда, донаки сахти якмағза 5 дорад. Олуболу (олучабандак), олу, зардолу, шафтолу донакмева доранд.

mevai-tar-xushk

Баръакси меваҳои тар, меваи хушки пухта мағзи сершира надорад.  Дон (ё дона) меваи хушкест, ки мевапардаи тунуки он бо пӯсти тухм ба монанди донаи гандум  ва ҷуворимакка ба ҳам сахт (маҳкам) часпидаанд.

Кӯсакниз меваи хушк буда, дар вақти кушодашавиаш ба ду палла ҷудо мешавад. Пас аз пухтани кӯсак паллаҳои хушкидаи он тоб мехӯранд ва донаҳояшон мерезанд. Кӯсаки лӯбиё, нахӯд, боқило ва ақоқиё ҳамин хел мепазад.

Ғ илофак монанди кӯсак ду палла дорад, аммо дона ё тухмҳои он чун кӯсак на дар худи палла, балки дар сатҳи девораи дарунии мева ҷой гирифтаанд. Чунин тарзи меваи хушк ба вазирак, карам, шалғамча, шалғам, сарсонкарам, турб хос аст.

Мағзакмева ҳам меваи хушк аст. Мевапардаи он агарчанде тухмашро пӯшонида бошад ҳам, аммо ба якдигар часпида нарустаанд. Доираи офтобпараст ҳамин гуна мева аст.

Ғӯза дар зағир, пахта, хошхош (кӯкнор), бунафша, тамоку ва лола инкишоф меёбад. Пас аз пухта расидани мева аз сӯрохии махсус ё ҷои ка-фидаи девораи ғӯза (масалан, кӯкнор) 6 тухми бисёр ба берун мерезад.

  1. Меваҳо аз рӯи кадом аломатҳо тар ва хушк мешаванд?
  2. Кадом меваҳои тарро медонед?
  3. Ғуҷуммева аз донакмева бо чӣ фарқ мекунад?
  4. Растаниҳои хушкмеваро номбар кунед.
  5. Кӯсак аз ғилофак чӣ фарқ дорад?
  6. Растаниҳои ғилофакмеваро номбар кунед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …