Главная / Илм / МЕТАСТАЗ

МЕТАСТАЗ

metastazМЕТАСТАЗ (Metastasis; ба маънои гузариш, ҷойивазкунӣ), манбаи дуюми беморӣ, ки дар натиҷаи аз манбаи якуми он ба организм паҳн гаштани омили бемориовар (ҳуҷайраҳои омос, ангезандаи сироят ва ғ.) пайдо мешавад. Вобаста ба тарзи густариш М.-ҳои лимфагенӣ ва гематогениро фарқ мекунанд. Аз рӯи тасаввуроти ҳозира М. густариш (диссеминатсия)-и ҳуҷайраҳои омоси бадфарҷомро дар назар дорад. Ҳолатҳои ба М. табдил ёфтани омосҳои некфарҷом низ дучор меоянд. Қобилияти ҳосил кардани М., яъне ба воситаи лимфа ва хун ба организм паҳн гаштан, хоси ҳуҷайраҳои солим низ мебошад (мас., ҳуҷайраҳои чарбӣ, ҳуҷайраҳои хунофари мағзи устухон ва ғ.). Хусусияти асосии ҳуҷайраҳое, ки М. ҳосил мекунанд, дар рушди онҳоро назорат карда натавонистани организм аст. Уқдаҳои ба М. табдилёфта тамоми хусусиятҳои омоси аввалро, ки аз он пайдо шудаанд, соҳиб мегарданд (сохти микроскопӣ, қобилияти ҳосил кардани ҳуҷайраҳои монанд ва ғ.).
Тарзи М.-и гематогенӣ нисбатан хуб таҳқиқ шудааст (дар шуш, ҷигар, устухон ва диг. узвҳо). М.-и гематогенӣ чанд давраи инкишоф дорад: 1) аз омоси аввалин канда шудани ҳуҷайра ва аз девораи раг гузашта ба хун ҳамроҳ гаштани он; 2) дар хун гардиш кардани ҳуҷайраҳои омос; 3) ба девораи раг часпидан ва дар он ҷо инкишоф ёфтани ҳуҷайраи омос; 4) девораи рагро сӯрох карда берун омадани массаи омосӣ ва дар бофтаи узви зарардида инкишоф ёфтани М. Мавҷудияти М. далел ба шакли густаришӣ гирифтани беморӣ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …