Главная / Гуногун / МЕРОСИ ИЛМИИ ИМОМИ АЪЗАМ ВА Ё ФИШӮРДАИ МӮҲТАВОЙИ РАСОЙИЛ (ИЛМИ ФИҚҲ) -И КАЛОМИИ ИМОМ АБӮҲАНИФА (Р)

МЕРОСИ ИЛМИИ ИМОМИ АЪЗАМ ВА Ё ФИШӮРДАИ МӮҲТАВОЙИ РАСОЙИЛ (ИЛМИ ФИҚҲ) -И КАЛОМИИ ИМОМ АБӮҲАНИФА (Р)

Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) нахустин донишманди бузурги соҳибасари фиқҳ ва яке аз нахустин ҳакимест, ки мактаби илми каломро асос гузошта аст ва баъди худ диққати тамоми муҷтаҳиддину муҳаққиқини Исломро барои таҳким ва тақвияти имон ва барои шинохти ҳақ аз ботил (на барои эҷоди шак ва куфру бидъат) ба илм ҷалб намудааст.

Чуноне ки қаблан ҷо-ҷо ишора намудем, Ҳаким Имоми Аъзам (р) дар оғози фаъолияти илмии хеш, яъне, аз солҳои донишандӯзиаш, ки ҳанӯз ҷавон буд, ба фалсафаи илми калом машғул ва саргарм буд ва худро аҳли калом меҳисобид. Ба ин хотир аст, ки тамоми осори илмии ӯ, ки дар риштаи фиқҳ арзи вуҷуд кардаанд, ҳама дар заминаи Қуръон ва суннат ва низ ҳикмати илми калом нигошта шудаанд.

Вале дар бораи илми калом байни муҳаққиқин ва уламойи дин, аз он ҷумла аима (имомон)-и Ислом, зиёда аз ҳазору сесаду даҳ сол ин ҷониб баҳс меравад. Яъне, баҳс ба он мазмун, ки гурӯҳи ҷонибдори илми калом буда, аз он ҳамчун асос ва замина ва сарчашма барои таҳким ва тақвияти имон истифода мекунанд. Гурӯҳи дигар бошанд, ба мисли аимаи Ислом-Имом Шофеъӣ, Ибни Ҳанбал ва Молики Анас илми каломро сабабгор ва ба вуҷуд оварандаи ширку гуноҳ шакку гумон ва куфру бидъат дониста, назарияи манъи иштиғол ба илми каломро баён доштаанд. Ва пайравони хешро аз машғул шудан ба ҳикмати илми калом, ба як ҷиддият нигоҳ доштаву фаъолияти онҳоро манъ кардаанд.

Барои рӯшанӣ андохтан, ба матолиби баёншуда, зарур мешуморем, ки ба муҳаққиқин ва мутолиъини гиромӣ (дар асоси андешаҳои пас аз пажӯҳишҳои амиқ, нисбати илми калом баён доштаву нигоштаи устоди фақиду донишманди фозил Иноятуллоҳи Иблоғ) чанд нукоти ҷолиберо дарҷ намоем.

Устод Иноятуллоҳи Иблоғ хеле хуб дарҷ намуда, ки « Имоми Аъзам (р) дар марҳалаи аввал, ба илми калом машғул гардид ва дар масойили он дақиқ шуд ва рисолоте дар он таълиф кард, вале баъдан онро тарк гуфт, аммо на ба сурати куллӣ ва қатъӣ, балки аз мудохила дар қазоёи каломӣ, тавре ки дар фасли аввали китоб ишора кардем, худро бар канор кард ва ба масойили фиқҳӣ машғул шуд. Имом дар ҳоли иштиғол ба илми калом низ мутолиъоти каломии худро идома медод, мунтаҳо ин, ки тадриси ӯ мунҳасир ба ҳалқаи фиқҳ буд ва бо андозаи собиқ ба илми калом дилчаспӣ нишон намедод, зеро ӯ мактаби каломиро асос гузошта буд, ки барои раҳнамоии мардум, бо роҳи рост кофӣ шумурда мешуд ва акнун вазифа дошт, ки мутаваҷҷеҳи мактаби фиқҳӣ гардад (зеро ки ин илм дӯстдоштатарин илми Расули акрам (с) буд ва илмест ҷомеъасоз С.Б.Б)., аммо на ба ҳайси тахрибкунандаи асосоти каломӣ, балки ба унвони таъсиси як бинойи мустаҳкам ва басо устувори динӣ, дар паҳлӯи бинойи дигари динӣ ва ё ба таъбири худи Имом таъсиси: «Ҳалқаи фиқҳи асғар, баъд аз такмили ҳалқаи фиққи акбар».47-114.

Бале, Имом Аъзам Абӯҳанифа (р) бешак дар андешаи он буд, ки дар асоси Қуръони Маҷид ва аҳодиси Расули акрам (с) роҳи миллионҳо умматони Расули гиромӣ (с)-ро ба он тарзу усуле, ки шариъати ғурройи Муҳаммадия (с), аз умматон ва пайравони хеш тақозо мекунад, мунаввар созад. «Имом (р) пас аз иштиғол ба фиқҳ на танҳо дар фиқҳ, балки дар тамоми улуми исломӣ, доройи мавқуфи муҳими динӣ гардид ва мардум аз атрофу акнофи дурдаст, барои касби дониши мукаммал, дар дини Ислом, назди ӯ муроҷиъа мекарданд ва ҳеҷ гоҳ шунида нашуда, ки Имом аз ҷавоб ба саволоти каломӣ, маъзарат хоста бошад, балки барои ҳар кас иҷозат медод, дар мавриди умури динӣ, аз вай савол кунанд ва мегуфт:

«Худовандо! Агар дигарон аз мо тангдил мешаванд дили мо барои онҳо фарох аст» 47-114.

Оре, Ҳаким Абӯҳанифа Имоми Аъзам (р) дар мактаби фалсафии хеш дари назарияи озодандеширо ба рӯи уламойи дин ва ҳикмат фарох кушода буд. «Агар Афлотуни юнонӣ, бар дарвозаи мадрасааш навишта буд; «Касе, ки бо илми ҳандаса ошно нест, дохил нашавад»,Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ва файласуфи бузург, ки қазоёи диниро бо диққати хос таъқиб мекард, дар ифодоти худ муқайд ва маҳдуд набуд ва аз вай нақл нашуда, ки ҳалқаи илмӣ ва фалсафии худро ба мавзӯъи хосе тахсис дода бошад, балки ба мардум иҷоза медод, роҷеъ ба умури динии хеш, бо озодӣ ва ҳуввияти комиле аз вай савол кунанд». 47-114.

«Афлотун дар маҷолиси илмии хеш ҷиддӣ буд ва камтар ба интиқод ва мубоҳисот гӯш медод, вале Ҳаким Имоми Аъзам (р) пас аз тааммуқ ва таҳқиқ, дар қазоёи динӣ, аз қабили фиқҳ ва калом мегуфт: ««-Ин як назария аст ва агар касе беҳтар аз онро арза кунад, бо дилу ҷон мепазирем».

Бале, ин вазъ ба ҳавсалаи фарохи Имоми Аъзам (р) далолат дорад, ки ба ҳар гуна савол, аз ҳар гуна масойил, дар ҳар мавзӯъ, гӯш медод». 47-114.

Баъзе аз уламойи бузург, дар бораи илми калом таън гуфтаанд ва худро аз ҳикмати ин илм, ба шиддати том дур гирифтаанд. Чунончӣ гӯянд: «Имом Розӣ дар авойили ҳаёт, ба фалсафа машғул шуд ва китобе дар фалсафа ва илми калом ба риштаи таҳрир овард ва дар авохири зиндагии хеш аз иштиғол ба ин илм худдорӣ кард ва гуфт: «Ман дар тариқи каломӣ ва равишҳои фалсафӣ фикр кардам, вале рафъи ъаташ ва шифойи маразро дар он суроғ натавонистам ва беҳтарин роҳ-роҳи Қуръонро дарёфтам. Дар бораи танзияти Худованд мехонам:

– «Валлоҳул ғанию ва антум ал-фуқароъ». Яъне: – «Ва Худованд бе ниёз аст ва шумо мӯҳтоҷонед». Ва ин ояти шариф? «Лайса-камислиҳи шайъун»: яъне; «Нест монанди Худованд ҳеҷ чиз» Ва: «-Қул ҳуваллоҳу аҳад» «-Бигӯ Худованд яктост». -Ва дар бораи исбот, оёти зайлро тиловат мекунам: – «Арраҳмон ъало ал-ъарш уставо», яъне: «Худованд бар ъарш уставо». Ва фармуда: «-Яхофуна раббаҳум мин фавқуҳум», яъне; «-Аз Парвардигоре, ки болои эшон аст метарсанд». Ва: «-Илайҳи ясъада калимал таййиб»; яъне, « Ба сӯи Худованд баланд мешавад калимаҳои пок». Чунончи аз бархе уламойи илми калом ривоят шуда, ки дар авохири зиндагӣ (яъне, Имом Розӣ) мегуфт: «Аз он чӣ омӯхтам, чизе ба даст оварда натавонистам ҷуз ин ки: – Мумкин ба мураҷҷаҳ мӯҳтоҷ аст ва эҳтиёҷ як сифати салбӣ аст. Мемирам, вале чизе ёд нагирифтам». 47-115.

«Пас аз мутолиайи мавқуфи аима, дар бораи илми калом, саволе эҷод мешавад, ки пас илми калом дар дин чӣ роле дорад. Ва ин дар ақволи гузаштагон ба се назария ишора шуда:

Назарияи ҳурмати иштиғол ба илми калом, ба сурати мутлақ, ба далели ин, ки саҳоба (разиаллоҳ) бо вуҷуди ошноии том, ба ҳақоиқ ва румузи  қазоҳату тартиби алфоз, ки масойили каломӣ, аз он мустанбит шуда битавонад, аз он хомӯш мондаанд. Ва хамӯшӣ барои он аст, ки медонистанд суде дар он дида намешавад ва мавриди истиноди онҳо Ҳадиси набавӣ (с) аст, ки се бор фармуда: «-Ҳалакал мутакаллимуна» Яъне: «-Ҳалок шаванд касоне, ки мубоҳисот ва мунозиротро ба ҳадди охир мерасонанд».

Ва низ бо ин ҳақиқат истидлол намудаанд, ки агар мунозироти каломӣ кори хуб ва марбут ба дин мебуд Паёмбар (с) ба он даст мезад. Ин равишро саҳоба (разиаллоҳ) идома доданд ва зиёдат бар равиши Паёмбар (с) ва асҳоб (разиаллоҳ)-и ӯ кори дуруст нест. 47.-115…

Назарияи дигар ин аст, ки агар аз илми калом истилоҳоти фалсафии юнонӣ, монанди ҷавҳар ва ъараз ва ғайра, ки дар асри Расули акрам (с) ва саҳоба (разиаллоҳ) вуҷуд надошт, мамнӯъ бошад ин кор мушкилие надорад, зеро истилоҳоти ҳар илм ба ғарази тақриб ба фаҳм, ба шакли содда ва басит баргардонида шуда, ва иборати тозае ҷиҳати далолат бар мақсад ба вуҷуд омада, монанди ихтироъи ҳуруф, ба шакли ҷадид, ба ғарази истифодаи ҷойиз. Ва агар илми калом аз нигоҳи мафҳум мамнӯъ бошад дуруст нест, зеро мақсуди мо аз илми калом ба ҷуз истидлол ба ҳудуси олам ва ваҳдонияти Холиқ ва субути сифоти Ӯ ҷалла шонаҳу чизи дигаре нест. Пас маърифати Худованд (ҷалла ҷалолаҳу) аз тариқи далел чигуна мамнӯъ қарор мегирад ва агар айби илми калом ихтилоф, адоват, бадбинӣ ва ғайра натойиҷӣ-бошад, ки аз муноқишоти каломӣ ба вуҷуд меояд, шаке нест, ки эҳтирози ин умур ҳатмӣ аст. Агар манзур аз фаро гирифтани илми калом, истидлол ва иқома (барпой)-и ҳуҷҷат бошад, кори хубе аст ва Қуръони маҷид бо оёти зайл ба ин кор ишора мекунад: «-Қул ҳо-таво бурҳонакум» (яъне: «Бигӯ, биёваред далели худро») – «Лияҳлака мин ҳалака ъан баййинат ва юҳий мин ҳай ъан баййинат» (яъне: «То ҳалок шавад касе, ки ҳалок мешавад ба далел ва зинда шавад он ки зинда мешавад ба далел»).

Ин оёти боло ва амсоли он далолат дорад бар сиҳати истидлол ва иқомаи ҳуҷҷат ҳамчунон оёти зайл:

«-Қул фалаллаҳал-ҳуҷҷатал-болиғат (яъне: «Бигӯ пас барои Худованд аст хуҷҷати комил»). Боз омада:

«-Қолу ё Нӯҳ, қад ҷодалатно фа-аксарат ҷидолано» (яъне: Гуфтанд: «Эй Нӯҳ, бо мо муҷодала кардӣ ва зиёдат кардӣ дар муҷодалаи мо». Ва низ омада: Ва тилка ҳуҷҷатано отайноҳо Иброҳим ъало қавмиҳи» (яъне: «Ва ин аст ҳуҷҷати мо, ки ба Иброҳим дар муқобили қавмаш арзон фармудем»). Ҳамчунин ишора шуда:»-Лав кона фийҳимо олиҳатан иллаллоҳал-фасадато» (яъне, «Агар мебуд дар осмон ва замин ҷуз Худованд худоёни дигаре, ҳар ойина замин ва осмон табоҳ, мешуданд») Ва боз омада: «-Ва ин кунтум фӣ райбим миммо наззално ъало ъибодино фатаво би сурати мин мислиҳи» (яъне: «Ва агар дар ончи бар бандаи мо фурӯ фиристодем шаке доред, пас биёваред сурае аз мисли Қуръон»). Ва ишора шуда: «-Қул юҳйиҳал-лазӣ аншааҳо авваламарра (т)» (яъне: «Бигӯ зинда мегардонад онро касе, ки нахуст офарида») Ва омада: «Ҷодалаҳум биаллатӣ ҳия аҳсана». (яъне: «Ва муҷодала кун бо эшон, ба қисме, ки некӯ бошад»). Хулоса, ин ҳама оёт далолат дорад бар ин, ки истидлол, дар Ислом дорои решаи мустаҳкаме аст. «Илассалому яъламу вало яъло ъалаҳ» – аз ин нуқта набояд инкор намуд, ки истидлол ва иқомаи ҳуҷҷат дар асри Паёмбар (с) ва саҳоба (разиаллоҳ) ривоҷ дошт (яъне, муборизаи ҳаққу ботил) бо ин фарқ, ки истилоҳоти мантиқӣ ва назариёти Арасту дар ин аср маъруф набуд ва ин амр далолат мекунад, ки истидлол ва тафаккур дар асри саъодат, ба пешрафти зиёде ноил буд. Чунончи нақл шуда, ки Алӣ (разиаллоҳ,) Ибни Аббос (разиаллоҳ)-ро ба муқобили хориҷиён фиристода ва бо онҳо дохили мунозира шуд ва пурсид: ки Дар Имоми хеш чи айбе суроғ мекунед? Гуфтанд:- Ҷанг кард, вале ғанимат ва каниз нагирифт. Ибни Аббос (Р) гуфт: – Ғанимат ва барда (ғулом) гирифтан махсуси ҷанги куффор аст. Ва ба ман бигӯед, агар Ойиша (разиаллоҳ дар рӯзи ҷанг асир мешуд ва ба ҳайси саҳми ғанимат ба дастраси як тан аз Шумо қарор мегирифт оё коре, ки аз як бардаи оддие гирифтанӣ будед, аз вай мегирифтед!? Охир ӯ ба насси ояи шариф: «Ва азвоҷа уммаҳотиҳум» (яъне: «-Ва занони Паёмбар (с) модарони шумоянд»)

– Айнан модари шумо буд. Пас хориҷиён гуфтанд:

– На!

Ва ба нерӯи ин истидлол ду ҳазод хориҷӣ, дар як рӯз аз мазҳаби ғалатроҳи худ баргаштанд (ва Худо кунад, ки фирқабозони ғуломи зархариди англисҳову амрикоиҳо ва дигар хориҷиҳо, ки теша бар решаи исломи муҳаммадия (с) мезананд, ба худ оянду мисли хориҷиён рӯ ба мазҳаби муҳаззаби Имоми Аъзам-Абӯҳанифа (р) оранд ва суннии воқеӣ бишаванд) (аз китоби «Эҳё вал-ъулум»-таълифи Имом Муҳаммади Ғаззолӣ. ҷ., 1., саҳ. 102)

Ҳамчунон Алӣ (р) бо як тан аз пайравони қадария мунозира кард ва Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) бо Язид ибни Умайра дар бораи имон мунозира намуд. Абдуллоҳ ибни Масъуд гуфт:

– Агар бигӯям  мӯъминам,  гӯё гуфтаам, биҳиштиам- Язид ибни Умайра гуфт: – Эй ёри Паёмбар (с) ин иштибоҳ аст! Оё имон ҷуз тасдиқи Худо ва фариштагон ва кутуби осмонӣ («Таврот», «3абур», «Инҷил» ва «Қуръон») ва Паёмбарон ва «Ҳашр» ва «Мизон» ва «иқомати намоз ва рӯза» ва «адойи закот» чизи дигаре аст? Мо гуноҳе дорем, ки агар бидонем омӯрзида мешавад,  он вақт метавонем ба биҳиштӣ будани худ ҳукм кунем ва аз ҳамин ҷиҳат мегӯем мӯъмин ҳастем ва намегӯем аз аҳли Биҳишт мебошем.-Ибни Масъуд (р) гуфт: -Ба Худо, ки рост гуфтӣ. Ман иштибоҳ кардаам (аз китоби «Эҳё вал-ъулум»-таълифи Имом Муҳаммади Ғаззолӣ, ҷ.1, саҳ.102). Имоми Аъзам (р) зарурати баҳсро перомуни мавзӯъоти каломӣ исбот намуда ва дар «Фиқҳ-ал-абсат» мегӯяд: «-Бояд донист, ки фақоҳат дар дин (манзури вай аҳкоми асосӣ аст) беҳтар аз фақоҳат дар аҳком аст ва фиқҳ иборат аст аз ошно шудани нафс ба ҳуқуқ ва воҷиботи хеш». Ва дар Ҳадисе, ки Дори Қатнӣ ва Байҳақӣ аз Абӯҳурайра (р) аз Паёмбар (с) ривоят карда, чунин омада: «-Худованд, ба ҳеҷ шакле беҳтар аз фақоҳат, дар дин парастиш нашуда». Ҳамчунон Имоми Аъзам (р) дар рисолаи «Фиқҳи акбар» мегӯяд: «Асли тавҳид ва ончи эътимод бар он дуруст аст ин аст, ки бигӯем «Оманту биллоҳ» яъне, ба Худо имон овардам».

Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) дар тамоми рисолоти хеш, ба мавқуфи динии илми калом ишора мекунад ва аз он маълум мешавад, ки Имоми Аъзам дар ин илм ва дар баҳс перомуни масойили каломӣ, дастраси кофӣ дошта, арзиши динии онро мешиносад ва эътироф мекунад бар ин, ки ваҷойиби аввалии як мусалмон шинохтани масойили «Фиқҳи акбар» (мавзӯъоти эътиқодӣ) қабл аз масойили «Фиқҳи асғар», яъне фиқҳи марбут ба ъибодот ва муъомилот аст. 47. -117.

Пас аз ҷӯйишҳову пӯйишҳои бардавом ва мутолиъоти зиёди илмӣ, дар бораи улуми илоҳиётшиносӣ ва улуми ҷамъиятӣ ва ғайра мислуҳум, Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) дар риштаи илми калом бо як шуҷоати мардонагӣ, тариқат ё худ мактаби каломии худро таъсис намуд, ки мислаш дар ислом нест, яъне пас аз Расули акрам (с) ва асҳоби Расул (с) Имоми Аъзам пешвойи ин тариқат аст, ки шамшери Ҳақ бар сари аҳли ботил ва фирқабозон задааст.

Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ба илми калом ҳамчун илми гиреҳкушои мушкилот ва илми усули дин рӯй оварда буду ба он муроҷиат мекард. Аз ин хотир аст, ки уламойи дин «илми каломро инчунин илми усули дин ё фиқҳи акбар низ гуфтаанд ва шояд аз ин хотир бошад, ки Имоми Аъзам нахустин асари каломии хеш «-Фиқҳи акбар»-ро, ки бузургтарин асари фундаменталӣ ва сарчашмавии илми фиқҳ аст, чунин номгузорӣ кардаанд, ки аз номаш пайдост, ки ин нахустин асари фиқҳии дар заминаи Қуръону ҳадис ва илми калом нигоштаи Имом Абӯҳанифа аст, С.Б.Б). 18.-83.

… Илми калом яке аз улуми исломист. Калом илмест, ки дар бораи ақоиди исломӣ, яъне, ҳар он чи мусалмонон бо он эътиқоду имон доранд, бо истифода аз ақл баҳс мекунад. Одатан тамоми таълимоти Исломро ба се гурӯҳ тақсим кардаанд: 1.Ақоид; 2.Ахлоқ; 3.Аҳком.

Илме, ки гурӯҳи аввалро меомӯзад калом номида шудааст, илме, ки мутасаддии гурӯҳи дуюм аст ахлоқ ва илме, ки мутасаддии омӯхтани гурӯҳи сеюм аст, илми фиқҳ, ном дорад. Калом метавон гуфт, фалсафаи мазҳабии Ислом аст. Дар динҳои дигар низ фалсафаи мазҳабӣ вуҷуд доранд, вале на бо номи калом. Тафовути калом аз фалсафа дар он аст, ки фалсафа дар мавриди ҳастӣ-олам бидуни побандӣ, ба ин ё он ақидаи динӣ, баҳс мекунад ва аммо калом илмест, ки барои ҳифзу пуштибонии асосҳои таълимоти Ислом, аз ҳамалоту интиқодҳои мухолифони он -илҳодгароёну даҳриён ва файласуфон, ба вуҷуд омада, рӯи масойили илоҳиётӣ (Худошиносӣ) ва дар робита бо он ҳастишиносӣ ва маъод (ҳаёти ондунёвӣ) ва масойили шинохт- маърифат (гносеология)-ӣ ва ғайра, бо истифода аз усулҳои мантиқию (мантиқи шарқӣ) фалсафӣ баҳс мекунад.

Дар мавриди пайдоиши калом низ ақидаҳо зиёд аст.Баъд аз густаришу пешравии Ислом, дар хоки кишварҳо ва миллатҳои гуногун, ки сатҳи фарҳангию илмии баландтаре назар ба аъроб доштанд, вазъият нисбат ба садри Ислом тағйир меёбад. Иртибот бо эрониён, сӯриёиён, рӯмиён, мисриён, ки ошноии том бо фалсафа ва улуми ақлӣ доштанд, бархӯрд бо намояндагони динҳои яҳудӣ, зардуштӣ, насронӣ ва интиқодоти онҳо ва ниҳоят пайдоиши ихтилофот; фирқаҳои бидъатгаро, илҳодӣ, занодиқа ва даҳрия, дар дохил ва хориҷи Ислом мусалмононро маҷбур кард, то ки воситаву роҳҳои ҳимояву ҳифз, аз ақоиди исломиро ҷустуҷӯ кунанд. Ҳамин омилҳо сабаби пайдоиши фалсафаи калом гардидаанд. Илми каломро инчунин илми усули дин ё фиқҳи акбар ҳам гуфтаанд. 18.-82-83.

Илми калом илми назариявӣ ва истидлолиест, ки дар мавриди тавҳид ва сифати Худованди мутаъол, мабдаъ ва маъод, нубувват, қазову қадар ва ғайра мислуҳум баҳс мекунад. Ва «илм-ал-фиқҳ» бошад (аз калимаи «фақаҳаи арабӣ буда, маънии дониш ва фаҳмиши амиқро дорад) илми шариъат, ба танзимдароваронда ва муайянкунандаи қавонин ва аҳкоми шаръии илоҳӣ, яъне, илми илоҳиётшиносист, яъне, возеҳтар илми ҳуқуқшиносии исломист, барои дарки аҳкому амрҳои илоҳӣ ва шинохти ҳаққу ботил, дар амвоҷи пурталотум ва пур шӯру шарри ҷомеъаи башарӣ…

Чуконе,   ки   қаблан ишора шуд Имом Абӯҳанифа (р) яке аз асосгузарони илми калом маҳсуб мешавад. Аммо дар ин ҳукм ҳам байни уламои дин ва фалосифи исломӣ баҳсҳои зиёд аст.

«Зуҳури илми каломро аксарият ибтидои асри 8-ум гуфтаанд, вале баъзе уламои Ислом бар он ақидаанд, ки усули муҳокимаву исботи каломӣ, дар худи Қуръон низ мавҷуд аст. Давраи муқаддимотии каломро бошад, уламо бо таҳияи «Фиқҳи акбар» назди Имом Абӯҳанифа (р) иртибот додаанд. Аммо оғози истидлолоти ақлӣ, дар Ислом бо номи Ҷаъд бинни Дарҳам (қатл.742-743) вобаста аст. Ӯ аввалин шуда, дар масъалаи динӣ, бо ақл эътимод кардан ва оёти ба ақл мухолифат доштаи Қуръонро бо тарзи таъвил баён кардан даъват намудааст. Баъд аз ӯ Ҷаҳм бинни Сафвон (қатл.745) кори ӯро идома додааст». 18.-82-83.

Калом дар луғат ба маънии «сухан ва нутқ» мебошад. Дар «Луғати Деҳхудо» чунин маънӣ дар ин шаън вазъ шудааст: «Илми калом- илме аст, ки дар он аз зоти шарифи латифи чигун ва -бечигуни Худойи Таъоло ва сифоти ӯ ва аҳволи мумкинот, аз мабдаъ ва маъод, мувофиқи қонуни Исломи мубин баҳс шавад». (Аз таърифоти Ҷурҷонӣ).

Муаллифи «Кашфи истилоҳот – ул – фунун» гӯяд: «-Илми калом, ки онро усули дин низ номанд ва Имоми Ҳумом Абӯҳанифа (р) онро «Фиқҳи акбар» хондааст. Дар «Маҷмаъ – уш – шукук», ба «илмун-назар вал истидлол» мавсум шуда, ҳамзамон илми тавҳид ва сифот низ номида шудааст».

Аллома Тафтазонӣ, дар «Шарҳ-ул-ақоид» мегӯяд: «-Илме, ки ба аҳкоми шаръӣ-яъне, амалӣ марбут аст, илми шароиъ ва аҳком мебошад; ва илме, ки ба аҳкоми аслӣ-яъне, эътиқодӣ марбут аст, илми тавҳиду сифот ва илми калом номида мешавад. Ин маънироТафтазонӣ боз ба тариқи зайл баён доштааст: «-Илми калом илме аст, ки бо овардани далел ва дафъи шубҳаҳо, одамӣ қудрат пайдо мекунад, ки ақоиди диниро барои шахси дигар исбот кунад» (ва тири ҳақ бар қалби ботил занад,-С.Б.Б). Ақоид гуфта, ҳамоно ҷамъи ақидаро гӯянд. Муҳаммад Хусайни Ҳавқал менависад, ки «-Ақида риштаи маънавиест, ки махлуқро ба Холиқ мепайвандад».

Қозии Армавӣ зимни тафсилу ташреҳи мавзӯи ин илм, ба чунин хулосае омадааст, ки «-Мавзӯи асосии илми калом зоти Борӣ Таъоло аст. Дар ин илм, баҳс аз аворизи зотии Худойи Таъоло шавад, яъне сифоти субутӣ ва салбии вай ва баҳс аз афъоли Худойи Таъоло, дар дунё, монанди ҳудуси олам ва ё дар охират, монанди ҳашру нашр ва ё аз аҳкоми Худо, дар дунё ва охират, чун буъси Пайамбарон ъалайҳиссалом».

Ҳуҷаттулислом Имом Муҳаммади Ғаззолӣ (р) мегӯяд: «-Натиҷаи умдаи илми калом ин аст, ки пояи тамоми маориф ва улуми исломиро истеҳком ва устувор месозад. Агар усули ақойди исломӣ собит нагардад, дигар маорифи диниро арзиш ва аҳамияте намемонад». (Аз «Кашфи истилоҳот-ул-фунун»). Пайдоиши илми каломи исломӣ, натиҷаи талоше буд, барои дифоъ, аз усули ақоиди исломӣ, дар баробари ҳамлаҳои пайравони адёни (динҳо) дигар, билхосса масеҳиён, ки бо ҳарбаи мантиқи юнонӣ, бе ақидаи бунёди худро мусаллаҳ карда буданд.

Илми калом, илми назарии истидлолист, ки дар мавриди тавҳид ва ғайра баҳс мекунад. Дар доираи илми калом баъдан, масоили фалсафӣ, ба мисли азалӣ ё офарида будани олам, араз, ҷавҳар, ҳаракат, сукут, хало, заррот ва ғайра низ матраҳ гардиданд.

Нахустин масоиле, ки мутакаллимони насли аввал рӯи он баҳсҳое монанди баҳсҳои фалсафӣ оростаанд, аз инҳо иборат аст:

  1. Чигунагии вазъи имонии шахси муртакиби гуноҳи кабира шуда (гуноҳи бузург содир карда).

2   Масъалаи сифот ва зоти Худо.

  1. Масъалаи ҷабр ва ихтиёр.

Ибни Халдун бошад, роҷеъ ба калом чунин ақидаронӣ кардааст:

 «- Илми Калом, дар баробари омӯзиши ашёи мазкӯраи мотақаддам, ҳамзамон баёнгари имон аст». Мувофиқи ташреҳоти Ибни Халдун, «имон тасдиқ ва эътирофи қалбӣ, нисбат ба чизе, ки ба забон гуфта шудааст», мебошад. Ӯ мегӯяд, ки «имон муштамил бар шаш рукн аст, зеро Расулуллоҳ (с) онҳоро дар Ҳадис таъйин кардааст:

Имон ба Худо, ба фариштагон, ба китобҳои осмонӣ (суҳуфи Иброҳим, Таврот, Забур, Инҷил ва Қуръони Маҷид) ба Расулони ӯ, ба рӯзи Қиёмат ва ба сарнавишт (тақдир) хоҳ хуб бошаду хоҳ бад».

Бад-ин тартиб, калом ба маънии илми шинохти зоти шарифи чигун ва бе чигуни Парвардигори субҳон тавсиф мешавад ва фиқҳ бошад, ба маънии «илми қонун», ё «илми ҳуқуқ» ва «қазо» аст.

Муаллифи китоби «Фалсафаи илми калом» Аҳмади Ором мутазаккир шуда, ки: «Имоми Аъзами муаззами сӯфии Кӯфӣ -Абӯҳанифа (р) аз маъруфтарин шахсоне аст, ки дар поягузории илми Калом саъйи балиғ дошта ва он илм, аз ҷониби мутааххирин инкишоф ва такмил дода шудааст».

… Имом Абӯҳанифа (р) ду сифоти Худоро баён доштааст. Сифоти зотӣ ва сифоти феълӣ. Сифоти зотии Худо ҳафт аст.

– Имом Абӯҳанифа (р) сифоти зотии Худои мутаъолро ба ин мазмун муайян ва мушаххас кардааст; «-ҳаёт, қудрат, илм, калом, самъ, басар, ирода (инҳо сифоти зотии Худованд мебошанд, ки қадимию азалӣ ва абадулабадӣ дониста шудаанд).

Сифоти зотии Худоро афзалулмуҷтаҳиддин – Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) чунин шарҳу тавзеҳ додаанд:

  1. Ҳаёт. Сухани Аллоҳ аст: «Аллоҳу ло илоҳа илло ҳувал-ҳай-юлқайюм». (Тарҷума: «Худо яктост. Ҷуз ӯ маъбуде нест. Зиндаи поянда аст»).
  2. Қудрат. Қавли Парвардигор аст: «Валлоҳу ъало кулли шайин қадир» (Тарҷума: «Ва Худо бар ҳар чиз қодир (тавоно аст)».
  3. Илм. Яъне, Худованд олиму доно аст-олими сирри вал хафиёт. «Ва аъламу мо тубдуна ва мо кунтум тактумун» (Тарҷума: «Ва медонам он чиро ошкор мекунед ва ончиро, ки пинҳон мекунед»).
  4. Калом. Худованд гӯё аст, на ба забон. Қавли Худо аст: «Ва калламаллоҳу Мусо таклимо». (Тарҷума: «Ва калом кард Худованди Таъоло, ба Мӯсо сухан кардане»).
  5. Самъ. Худованд шунавост, на ба гӯш. Ӯ таъоло овозҳоро ва савтҳоро бо қуввати самъи қадими хеш мешунавад. Қавли Худованд аст, ки: « Валлоҳу самиъун ъалим» (Тарҷума: « Ва Аллоҳ шунаво ва доно аст». Худованд садои пойи мӯрро дар шаби тор мешунавад.
  6. Басар. Худованд бино аст, ба ҳама ашё. Дидани ӯ, яъне, биноии ӯ мисли банда нест. Ӯ бо сифоти қадимӣ ва азалии худ ҳама дуру наздикро мебинад. Қавли Худованд аст: «Инналлоҳа басирун билъибод». (Тарҷума: «Ҳар оина Аллоҳ бинандаи бандагон аст»).
  7. Ирода. Қавли Худо аст: « Фаъъолун лимо юрид» (Тарҷума: («-Мекунад ҳар он чӣ ирода кунад»). Сухани Расулуллоҳ (с): « -Мошоаллоҳу кона ва мо лам яшоъ ва лам якун». (Тарҷума: «-Ҳарчи Аллоҳ ирода кунад, мешавад ва ҳарчӣ нахост, намешавад»).

Дар зимни ин, Имом Абӯҳанифа (р) сифоти феълии Худоро ҳам, дар асари маъруфаш «Фиқҳи акбар», мутазаккир шудааст, ки он се сифот аст, яъне; аввалан эҷод, дуввум ибдоъ ва саввум тарзиқ. Эҷод ва ибдоъ ба маънии офаридан аст.

  1. Эҷод. Қавли Худованд аст: «Валлоҳу ахраҷакум мин бутуни уммаҳотикум» (яъне: «Ва Аллоҳ пайдо кард шумоёнро аз шикамҳои модарони шумоён»).
  2. Ибдоъ (Шурӯъ). Гуфтаи Аллоҳ аст: «Ҳуваллазӣ халақассамовоти вал-арза фӣ-ситтати айём» (Тарҷума: «Ӯ он Худо аст, ки офарид осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз»,)
  3. Тарзиқ. Худованд рӯзидиҳандаи мардумон аст. Сухани Аллоҳ дар ин хусус ин аст: «Аллоҳуллазӣ халақакум сумма разақакум» (Тарҷума: «Аллоҳ он зот аст, ки пайдо кард шуморо ва ризқ дод шуморо»). Ва Расули акрам (с) мефармоянд: «-Холиқу куллу шайин ва розиқу куллу ҳайин» (Тарҷума: «-Худованд офарандаи ҳар чиз ва рӯзидиҳандаи ҳар зинда аст»).

Берун аз ин сифоти ёдшуда, Имом Абӯҳанифа (р) мегӯяд: «-Аллоҳ пайдокунандаи олам ва мавҷудоти он, дар азал мебошад». Расулуллоҳ (с) дар ҳадиси қудсӣ мегӯяд: «-Худованд ба ман чунин гуфтааст: «Кунту канзан махфиян фахалақтул-халқа лиуърифа» (Тарҷума: «Хазинаи пӯшида будам, пас офаридам халқро, то дониста шудаам»…).

Ва бояд таъкид намуд, ки нахустин назари Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ҳам, дар робита бо илми калом, ҳамоно масъалаи имон аст, ки оиди ин масъала дар рафти мавзӯъ муфассалан баён хоҳем дошт (махсусан дар он ҷое, ки сухан, бевосита аз расойили каломии Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ меравад, ва на дар ин муқаддимаи мавриди назари мавзӯи баҳс). Имом Абӯҳанифа (р) имонро иқрори ба забон ва тасдиқи ба қалб медонад. Ва ҳам Имом Абӯҳанифа (р) таъкид мекунад, ки Қуръон мӯъҷизаи Ҳазрати Муҳаммад (с) аст.

Имом Абӯҳанифа (р) иқрор намудааст, ки ба сабаби содир намудани гуноҳони кабира, имон аз тани шахси мӯъмин ба тамом ва бе бозгашт хориҷ намешавад, яъне, ӯ ба тамом кофир намешавад. Бо сабаби гуноҳони кабира, фоъили он дар дунё ва охират азоб карда мешавад.

Умумияти фикри Имом Абӯҳанифа (р) бо аҳли мӯътазила дар он, аст, ки Қуръон каломи Аллоҳ аст. Фарқ миёни эшон дар ин масъала он аст, ки Имом Абӯҳанифа (р) Қуръонро каломи Аллоҳ, сифати азалии ӯ ва ғайри махлуқ медонад. Мӯътазила бошад, танҳо Худоро қадиму азалӣ ва абадӣ медонад. Сифоти ӯро инкор мекунад ва Қуръонро махлуқ мешуморад…

«… Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) дар мактаби каломии хеш роҳ ва равиши хосеро бидуни инки аз фалсафаи Ғарб ва Форс мутаассир гардад, таъқиб карда ва пас аз мутолиъаи умумии нусус ва пас аз тафаҳҳус ва тааммуқ дар назариёти фирқаҳои муосири хеш, мактаби каломии худро таъсис намуд. Имоми Аъзам (р) ба Маккаи мукаррама сафар кард ва байни масойили каломӣ, ки дар онҷо маъруф буд, бо мавзуоте, ки дар Бағдод, Кӯфа ва Басра рӯйи кор буд муқоиса кард ва бо қазоёи мазоҳиби мухталифи ташайюъ ошно шуд ва роҷеъ ба хориҷ, қадария ва мӯътазила касби кофии маълумот кард (ва худи Имоми Аъзам аз асҳоби раъй буд, ки ҳанафиёнро дар ибтидо чунин ном мебурданд, С.Б.Б.,) Имоми Аъзам (р) дар муддати иқомати хеш дар Макка, ки шаш солро дар бар гирифт, дар паҳлӯи фаъолияти фиқҳӣ, ба тақвияи фаъолияти каломӣ идома дода, мегӯянд аввалин бор, ки бо Атоъ ибни Рабоҳ, бархӯрд кард, Атоъ гуфт:- Аз куҷоӣ?! ( яъне, Ато пурсид аз ӯ).

Гуфт: – Аз Кӯфа.

Гуфт: – Аз мардуме, ки дар дини худ тафриқаҳо эҷод кардаанд?

Гуфт:- Бале.

Гуфт: – Аз пайравони кадом маслак мебошӣ?

Гуфт: – Аз мардуме, ки ба гузаштагон дашном намедиҳанд. Ба қазо ва қадар имон доранд ва касеро ба асари гуноҳ такфир намекунанд.

Гуфт: – Шинохтам (ва пас мулзам шуд).

Аз ин моҷаро маълум мешавад, ки Имоми Аъзам (р) дар мусофиратҳои худ, бо саволҳои каломӣ мувоҷеҳ мешуд ва баъд аз шуғл, дар фиқҳ, ин ҷанбаро тарк гуфта буд ва низ аз он возеҳ мешавад, ки ихтилоф рӯи мавзӯъоти каломӣ, дар сарзамини Ироқ, ба дараҷаи шӯҳрат расида ва ҳамаи мардум медонистанд, ки Ироқ маркази фирқаҳои мухталиф ва мазоҳиби мутабойин аст ва Ироқ ба ҳайси маҳалли фирқаҳои мутафовут, дар назар муҷассам мегардид ва таърих собит намуда, ки Ироқ дорои хусусияти марказият ва ихтилофоти фикрӣ буда аст.

Имоми Аъэам (р) шоҳиди афкори мардуми Ироқ, дар охири асри Уммавиён ва авойили асри Аббосиён буда ва машҳур аст, ки ин аср, асри талбиси ақойид ва падидаҳои тозаи фикрӣ, дар атрофи мавзӯъоти каломӣ, аз қабили қазо ва қадар, иродаи инсон, ҳусн ва қубҳ: ҳикмат ва мукаллифият, адолати Худо ва соири масойили каломӣ буда ва мубоҳисаву мунозира, ҷиҳати ҳифзи ақоиди поку ноби исломӣ, аз мафосиди душманони дин, аз умури зарурӣ шумурда мешуд… Аз ҷумлаи далойили иддаъойии мо ин аст, ки Юҳаннои Димишқии Масеҳӣ, то асри Ҳишом бинни Абдулмулк, дар хидмати Уммавиён буд ва ба мусалмонон тариқи муҷодаларо, дар умури дин меомӯхт ва мардумро ба роҳи ғалат ҳидоят мекард (мисли Абдуллоҳ ибни Саббоҳи-яҳудӣ, ки аз дини масеҳӣ ба Ислом гаравид ва тафриқаҳо барангехт, ки аз тафриқаҳои ӯ фирқаҳо дар Ислом ба ауҷуд омад, С.Б.Б.,) ва аз фиребкориҳои ӯ яке ин буд, ки мегуфт: -Вақте арабӣ аз ту бипурсад, ки Масеҳ кист? Бигӯ калимаи Худо халимаи Аллоҳ), баъдан масеҳӣ, аз мусалмонон напурсад, ки Масеҳ ҳар Қуръон ба чи номе ёд шуда? Табъан мусалмон маҷбур аст бигӯяд: – Исм ал-Масеҳ Исо бинни Марям расулуллоҳ (Саломуллоҳиъалайҳ) «калимат -ал-қоҳо ило Марям ва рӯҳ минҳу» ба ҷуз ин нест, ки Масеҳ-Исо писари марям Паёмбари Худо ва калимаи ӯст, ки онро ба Марям афганда ва рӯҳ аст, аз ҷониби Ӯ. Баъдан аз вай бояд пурсид, ки калима ва рӯҳи Худо махлуқ аст, ё ғайри махлуқ? Пас агар гуфт: -Махлуқ аст: Бояд худ илова кунад, ки Худованд буд ва калима ва рӯҳ набуд, зеро агар ту чунин бигӯӣ, арабӣ ба роз пай мебарад, зеро касе, ки ба ин амр мӯътақид аст, дар назари мусалмонон зиндиқ аст.

Юҳаннои таҳрифкор мавозиъи мунозираро ба мусалмонон нишон медод, аммо манзури ӯ ҷуз сафсатаву мағолата чизе набуд, зеро мусалмонон мегӯянд: -Исо. калимат-Аллоҳ, ба ин маънӣ аст, ки Исо офарида шуда (дар батни духти бокира Марям, С.Б.Б.). ва рӯҳ аст аз ҷониби Худо (яъне, рӯҳулқудс, С.Б.Б.,), яъне, рӯҳе аст, ки бо ин калима халқ шуда, на ин ки рӯҳи худи Худо аст (ки чунин андеша рондан хатост, С.Б.Б.)… Ҳамчунон Юҳанно афкори фосиқ ва фосидро дар боби мавзӯъоти каломӣ, дар атрофи талоқу никоҳ, тақдис, ҳаҷар-ул-асвад ва ташбеҳи он ба эҳтироми салиб ва ғайра ақволи фосид талқин мекард, ки аз мулоҳизаи ин шароит аҳамияти мактаби каломӣ, ки Имоми Аъзам (р) бо нерӯи ақлии хеш таъсис намуд, ҳамчунон арзиши равиши Каломие, ки вай ба вуҷуд овард, возеҳ мегардад, зеро мактаби хешро дар сарзамине бунёд гузорид, ки назариёти мутафовут ва афкори мутаноқиз, дар он ҳукмравӣ дошт ва пилони худро дар фазое пеш бурд, ки дар он муҳаббат ва нафрат, комёбӣ ва нокомӣ, ҳаракат ва сукут, ҳақ ва ботил ва даҳҳо умури зид ва нақизи якдигар мавҷуд буд. Ин мактаб, ки ба дасти Имоми Аъзам (р) таъсис гардид, инкишоф ёфт ва дар сарзамини таноқизоти фикрӣ реша гирифт ва аз як лиҳоз бинои тоза ва аз ҷонибе дунболаи биное шумурда мешуд, ки аз тарафи саҳоба (разиаллоҳ) дар бораи қазоёи каломӣ таъсис ёфта буд… Чунончи макотиби Ашъарӣ, Мотаридӣ ва ғайра, мадориси аҳли суннат ва ҷамоъат, дар ҳақиқат, идомаи мадрасаи камназири каломии Ҳазрати Имоми Аъзам (р) шуморида мешавад, ки байни ҳарду тафовути бисёр ҷузъӣ аст (Имрӯз бояд мо мисли Алӣ саломуллоҳ ва мисли Имоми Аъзам разиаллоҳ ъалайҳи фирқабозони зархариди хориҷии юҳанносифату язидсифати фирқабоз, яъне алафию халафӣ бо далелҳои Қуръону Ҳадис ва афкори иҷмоъи уламои шаҳири ҳанафӣ ва ҷумла уламои аҳли суннату ҷамоъат истодагарӣ кунем, зеро мақсади ин фирқабозон фасод кардани ислом аз решу бун аст).

Бале, қазоёи каломӣ, аз ин Мадраса ба вуҷуд омада ва ба ҳайси мабодии динӣ қарор гирифт, ки қарнҳо аз як забон ба забони дигар интиқол ёфт ва меёбад. Ва як манбаъи асосӣ, барои мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат гардид. Имоми Аъзам (р) бо зӯҳд ва тақвои каммисли хеш, як қисмати умдаи сақофати исломиро тамсил мекард ва мехост барои ин дини мубин ва роҳи ростин хидмати шоистае анҷом диҳад, (ки аъроби фирқабоз дар ин кор оҷизанд, С.Б.Б.,) ва аз тариқи дониш ва илми калом, фиқҳ ва ғайра аз он дифоъ намояд. Таърих собит карда, ки Имоми Аъзам (р) дар тӯли ҳаёти хеш, аз таҳсил ва ҷустуҷӯву пажӯҳиш ва омӯхтани илм боз нанишаст.

Ӯ ба Маккаи мукаррама мусофират мекард ва вақтро ғанимат дониста, аз Атоъ ибни Рабоҳ истифодаи илмӣ менамуд. Ҳамчунон дар Макка, дар пайи фаро гирифтани илми Ибни Аббос (р) кӯшон буд. Тавре, ки илми Ибни Умар (р) ва назариёти ӯро аз Нофеъ ба даст овард, аз улуми Ибни Масъуд ва Алӣ (р) ба василаи шогирдони онҳо, ки дар Кӯфа мезистанд, мустафид гардид. Ва низ аз мутолиаи таърихи зиндагии вай бармеояд, ки бо Зайд ибни Алӣ (р).Муҳаммади Боқир ибни Муҳаммад Абдуллоҳ ибни-Ал-Ҳусайн (р) ва амсоли эшон (аз ҷумла Имом Ҷаъфари Содиқ раҳматуллоҳи, С.Б.Б.). мулоқот ва аз сӯҳбати онҳо истифодаи илмӣ карда аст. Гарчи машҳур ин аст, ки истифодаи вай аз ин донишмандон хос дар риштаи фиқҳ буда, вале шахсияти илмии ӯ монеъи ин қазоват аст, зеро имоме, ки дар тамоми бахшҳои динӣ аъм, аз усулу «фурӯъ тааммуқ ва диққат дошт, гарчи ба дараҷае расида буд, ки мардум аз вай истифода мекарданд, ба вай иқтидо мекарданд, ва мушкилоти худро ҳал менамуданд, бо он ҳам аз талаби илм сер нашуда буд (ва шиори ӯ ин ҳадиси Расули акрам саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам буд, ки омада: «-Аз гаҳвора то ба гӯр дониш биҷӯ», С.Б.Б.). ва низ намехост, ки муноқишоти илмии худро хусуси як ришта гардонад ва аз вай шунида нашуда, ки дар муқобили пурсиши мардум, роҷеъ ба масойили каломӣ гуфта бошад, ки каломро тамоман тарк гуфта ва аз ҷавоб ба эшон маъзарат хоста бошад (ӯ тарк гуфта буд, тӯдаи ҷоҳталабону насабхоҳони соҳибшаҷараро, ки ғофил аз масали арабии «Магӯй, ки ҷадди ту кист, бигӯй, ки ту худ кистӣ», худро аҳли калом меҳисобиданд, дар баҳсҳо бо мардум оҷиз омада, байни худ аз тафриқаи хеш фирқаҳои ғалатӣ эҷод мекарданд; Имоми Аъзам мактаби каломии ин тӯда «устодон»-и каломро тарк гуфт, аммо ӯ дар асоси илми каломи воқеъӣ, ки муборизаи шадиди ҳаққу ботил аст мактаби каломии хешро асос гузошт ва барои исботи он «Фиқҳи акбар» -ро бинвишт -Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр) зеро муноқишоти динӣ, ба сурати мустақим ва ё ғайримустақим  бо тамоми бахшҳои динӣ иртибот дорад. Ва басо қазоёи фиқҳӣ ба мавзӯоти каломӣ марбут аст, монанди масъалаи ҳалф (қасам) ба Қуръон, ки ба мавзӯъи халқи Қуръонро инки Қуръон махлуқ аст ё ғайри махлуқ, ки назарияи аввалиро душманони Имом бар вай тӯҳмат бастаанд, марбут мебошад ва аз расойили Имом ба сароҳат маълум аст, ки вай тарафдори назарияи дуввумӣ буда аст, ҳамчунон аксари ҷузъиёти фиқҳӣ», ба масойили каломӣ, бе алоқа намебошад, пас мулоҳизаи нукоти фавқ ба куллӣ нодуруст аст, бигӯем Имом ҷанбаи каломиро як қалам тарк гуфта аст. Эй кош медонистем, ки мақсуд аз ин тарк гуфтан чист? Оё Имом аз ин мутанаффир шуда? Ва ё мӯътариф (иқрор будан) буд, ки мунозироти каломии ӯ бо фирқаҳои мухталиф беҷо буда, мухолифонаш ҳақбаҷониб мебошанд ва ё инки ба илми калом аз нигоҳи дин ҳеҷ гуна ниёзмандӣ эҳсос намешавад ва билохира, аз инки Имом қабл аз иштиғол ба фиқҳ, ба илми калом машғул буда, муртакиби иштибоҳи сахту бузурге шуда? Тақозойи мо аз мардуми мунсиф (ба инсоф) ин аст, ки ба ин пурсишҳо (ҳини пажӯҳишҳои хеш перомуни аҳволу осор ва мазҳаби Имоми Аъзам, С.Б.Б.). ҷавоби адолатмандона бигӯянд, то ҳақ ба чеҳраи воқеъиаш намоён шавад. 47,-121.

Бо таъкид метавон гуфт:-Файласуфе, ки ҳаёти худро вақфи хидмати улуми динӣ карда ва теъдоди устодони ӯ аз табақаи тобиъин аз чаҳор ҳазор (ки бо ҳар яки эшон дидор кардаву баҳс карда ва аз эшон ба ғояти тамом дарси ҳикмати диниву ирфонӣ гирифта С.Б.Б.). таҷовуз мекард, (мисли Зайд ибни Алӣ, Муҳаммади Боқир, Имом Ҷаъфари Содиқи мӯҳаддиси бе мисл) ки аз он ҷумла Лайс ибни Саъд, Молик ибни Анас-Имоми дорул Ҳиҷрат (Мадинаи мунаввара, ки равзаи мубораки Расули муаззам ва мукаррам саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва салламро ба оғӯши худ маҳфӯз медорад, С.Б.Б.,) ва ғайра мебошанд ҷоиз нест ба вай чунин тӯҳмати нораво баста шавад, ки аз илми калом эълони безорӣ намуда дар ҳоле, ки муассиси як қисмати умдаи он, яъне, мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат буда ва дар нашр ва ишораи он ранҷҳои фаровонеро дар соҳаи ихтилофоти фикрӣ, мутаҳаммил шуда ва бо далойили қонеъкунандаву бурҳонҳои қотеъона бар мухолифини риёкору таҳрифгаро (мисли фирқабозони имрӯза, ки бардурӯғ худро ба аҳли салафуссолиҳини замони Расулуллоҳ (с) нисбат медиҳанд) пирӯзӣ ёфта ва далойилро бо дар назардошти авзоъи тарафи муқобил ҷамъ ва тартиб карда ва пас аз тай намудани ин мароҳил аз илми калом (ба хотири танзими фиқҳи исломӣ, ба нияти дифоъи Ислом ва ҳифзу эҳтироми шариъати ғурройи Муҳаммадия (с) ва роҳнамоии умматони Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи   ва   асҳобиҳи   ва   саллам,   С.Бурҳониддини   Бузургмеҳр). мутанаффир шуда аст. 47.-122.

Ҳазрати Имоми Аъзам (р) дар асри тобиъин умр ба сар мебурд ва худ мудом шоҳиди баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ, байни намояндагони фирқаҳои ибтидоии Ислом буд. Ва онҷо, ки аз зиндагии худи Имоми Аъзам (р) равшан мегардад, ӯ бо бисёре аз уламойи давр, баҳри дарёфти ҳақ аз ботил ва саҳеҳ аз носаҳеҳ зиёда баҳсҳо ва ҳатто муҷодалаҳо кардааст.

«Дар Ҷомеъи масонид»-и Имом, таълифи Имом Хоразмӣ тазаккур ёфта, ки аз Абӯҳанифа (р) манқул аст, ки: – Ҳеҷ касеро дар ҳозирҷавобӣ, беҳтар аз Зайд ибни Алӣ ибни Ҳусайн (р) наёфтам. Ба вай гуфтам, қазойи илоҳӣ, ба маъосӣ (гуноҳ) тааллуқ мегирад?

Гуфт: -Оё нофармонии Худованд ба иҷбор мешавад! Пас санг бар даҳонам кӯфт.

Ин моҷароро Талҳа ибни Муҳаммад дар «Муснад» («Ҷамъи ҳадис»)-и хеш зикр карда ва аз он бармеояд, ки Имом мунозираро дар Мавзӯъоти каломӣ, балки тарк нагуфта, зеро Имоми Аъзам (р) он шахсияти тавонгару донишвар вазифа дошт, ки дар мунозироти каломӣ иштирок варзад ва дар он амиқу дақиқ фикр кунад ва барои мубориза бо табақоти ғалатрав омодагӣ гирад, яъне, бо фирқаҳое, ки баъзан бо душманони Ислом, ба ғарази эҷоди фасод ва фитнаи динӣ балки мусалмонон (мисли Абдуллоҳ ибни Саббоҳи яҳудӣ, ки фитнаҳо байни мусалмонон барангехт ва аз фитнаҳои ӯ фирқаҳои ба ҳам зидду мухолиф дар байни мусалмонон пайдо шуд, ки дар ибтидо то омадани Абдуллоҳ ибни Саббоҳ тамоми мусалмонон аҳли суннат ва ҷамоъат буданд ва ҳама аз рӯи фармудаи Қуръону аҳодис, яъне, суннати ҷаноби сарвари олам, яъне, Расули акрам саллаллоҳу алайҳи -ва олиҳи ва саллам амал мекарданд ва ихтилофоте дар байни эшон набуд ва хулоса баъди рӯи кор омадани Абдуллоҳ ибни Саббоҳ ва чун ӯ шайхулнаҷдиён тухми тафриқу таҳриф, риё ва худгароиву худписандӣ ва хусумату кину адоват, дар сабзмарзи пурфайзу футӯҳи Ислом кошта шуд (чун фирқагароёну таҳрирбозон), вале рӯзе меояду ҳақ ба ҳақдор мерасад. Ба қавли шоҳсанами хубрӯёну лоларухон ва андалеби хушбаёни чаманситони Ҳинд шоҳдухтари порсигӯй Зебуннисо:

Навмед набояд шудан аз гардиши айём,

Ҳар шом, ки ояд зи паси он саҳаре ҳаст.

Бале, мо ҳам ба умеди онем, ки ба иродаи Парвардигор тамоми фирқаву мазоҳиби Ислом ба ҳам меоянду баҳри ободӣ ва осоиштагии бани башар ва наҷоти инсон аз рӯи Қуръони карим ва суннати Расули гиромии Худо (с) мекӯшанду амал мекунанд ва роҳеро пеш мегиранд, ки эшонро ба асли худ мепайвандад. Зеро аз, парокандагии мо мусалмонон    гавҳари мақсуд ба даст намеояд. Беҳтарин мазҳаб мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) аст, ки аз он бӯйи Қуръону бӯйи хуши Расулуллоҳ ва асҳоби киром (р) ба машом мерасад.

Олами башариро бо ҳикмати Қуръон, ки дастуроти илоҳии роҳнамову роҳкушо ва наҷотбахши башарист, обод бояд кард ва ҳам мувофиқи Ҳадис ва на бо яроқу аслиҳа ва фитнаву фасод ва ибодатҳои риёкорона чун фирқабозон, ки ин кор-кори оҷизону заифон аст. Мо, ки доройи дини мубин ҳастем ва аз умматони солеҳ, ё худ ворисони Расули акрам саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам ва ҷамиъи асҳобиҳи аҷмаъин ҳастем, бояд аз суннати расули гиромӣ (с) ва роҳи сайид, яъне, пешвойи худ берун пой нагузорем ва дурдонавор дар сабзҳалқаи Ислом ба ҳам ойем ва ба роҳи сиротал мустақим, ба сӯйи пеш гом биниҳем. Наҷотбахши мо ва муттаҳидсозандаи мову шумо ва тамоми башар танҳо Исломи ҷовидонсабз ва адолатпарвар аст (ва на баҳоиву фирқаӣ, таҳрир ва боз адёни бардурӯғу мазоҳиб ва фирқаҳои «тозазуҳӯр»-и ботила,-СБ.Б). Возеҳтар ин, ки мо бояд чун донаҳо ба сабзҳалқаи ҳаётбахшандаи Ислом ба ҳам ойем ва эҳтироми бани башарро, ки мо ҳама бандаи Худои ягонаем, ба ҷо орем… Абулмаъонй Бедил ҳам фармуда, ки:

Бе ришта парокандагии дона аён аст,

Аз сабҳа маҷӯ рабт, чу зуннор намонад.

                                                   С.Б.Бузургмеҳр).

ҳамдаст мешуданд ва онро васила барои мақомҳои сиёсии хеш қарор медоданд ва ё баръакс аз ихтилофоти сиёсӣ, барои тафриқаи динӣ  баҳрабардорӣ  мекарданд.  Ин  буд,  ки  бо  рӯи  кор  шудани фирқаҳо  мусулмонон  мутафарриқ, яъне,   пароканда   шуданд   ва мардум ба такфири якдигар шурӯъ карданд». 47-122 (мисли имрӯз, ки аз фитнаи таҳрир ва фирқагароёни халафия фирқаҳо ва фитнаҳо дар олами ислом ба вуҷуд омадааст).

Асре, ки Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) дар фазойи он умр ба сар мебурд, асри пурталотум буд ва «Имоми Аъзам (р) дар ҳамчу фазо ва дар миёни чунин шароит мактабашро бунён гузошт. Вай аз ҳама бештар тарафдори сулҳу сафо, меҳру муҳаббат бо ҳамсоягон ва хомӯш намудани фитна буд ва муртакиби кабираро гарчи ҳазорон гуноҳ аз вай сар зада бошад, ба куфр маҳкум намекард ва корашро ба даргоҳи барҳақ, яъне, Худованд ҳавола мекард (ва бо ин усули кори худ бо дӯстон муруввату бо душманон мадоро мекард, С.Б.Б.), иштибоҳи мухолифонро тавзеҳ ва онҳоро бо далойили илмӣ ва ғайриқобили инкор ба ҳақоиқ раҳнамоӣ мекард. Вазъи Имоми Аъзам (р) дар мактаби каломиаш бадон мемонад, ки гӯё дар иҷтимоъи мураккаб,аз пайравони фирқаҳои мухталиф хитобае эрод мекунад ва бо ҳар табақа қисме музокира мекунад, ки сабаби қаноъат шавад ва онҳоро як ба як тавзеҳ менамояд, ки ба иштибоҳи хеш, яъне, роҷеъ ба саббшайхайн ва иттиҳоди онҳо ба ғасби ҳаққи Алӣ разиаллоҳ мултафит (мутаваҷҷеҳ) гардонд ва ба аҳли байт бидуни ифрот ва дар дохили чавкоти шаръу дин муҳаббат варзанд, ба қисме, ки ҳар мусалмон ба доштани он маҷбур аст. Баъзе касон, ки ҳақиқати ақволи Имомро дарк накардаанд ӯро, яъне, Имоми Аъзам (р)-ро шиъа хондаанд ва мо дар оянда таҳқиқ хоҳем кард, ки Имом аз аҳли ташайюъ ба мафҳуме, ки маъруф аст набуда, балки бадин маънӣ аст, ки ӯ ба аҳли байти нубувват муҳаббати бе андоза дошт ва ин алоқа аз ҳадди эътидол хориҷ набуд. 47-123.

Имоми Аъзам (р) шахсияти аҷибе будааст ва бо ҳама бо лутфу марҳамати хоса муроҷиат ва гуфтугӯву мусоҳиба мекардааст! Ӯ як инсони бағояти тамом ҳалим ва хоксор будааст. Ҷое омада: «Имом мардуми мӯътазиларо бо лутфи хосе ба таъаммуқ дар оёте мекунад, ки мазҳаби онҳоро тардид менамояд. Мазҳаби эътизол доройи нуқтаи ифротие буда, монанди нафийи сифат аз Худованд ва исботи мартабаи мутавассит байни куфр ва имон ва амсоли он. Ва Имом ба ин тартиб аз эҳсосоти ифротии эшон мекост ва тарафи дигар иштибоҳоти хориҷ ва равофизро ангуштнамо мекард ва «эшонро ба сурати умум мекӯшид табақоти мутафарриқ бо ҳам наздик шаванд ва ҳамагӣ фирқаи муттаҳидеро ба вуҷуд оранд, ба гузаштагон дашном надиҳанд, инсон бошанд ва ба куфри Ҳазрати Алӣ (разиаллоҳ) ё Муъовия (разиаллоҳ) ҳукм накунанд, гунаҳкорро кофир надонанд (аз барои мақосиди ғаразноку аҳдофи сиёсии худ мардумро ба куфр ҳукм накунанд ва қасамҳои шаръӣ, мисли талоқ, мардумро ба ҳар сӯ даъват нанамоянд, мисли Абдуллоҳи Саббоҳи яҳудӣ, С.Б.Б.,) ва ба рехтонидани хуни якдигар иқдом наварзанд, балки адовату кинаи байни ҳамдигарии худро як сӯ гузошта, дар бандагии Худо, бародари ҳамдигар (ба қавли Расули акрам салъам: «-Ин-намал мӯъмину ихватун» яъне: «Мӯъмин бародари мӯъмин,» С.Б.Б.,) бошанд. Ин ҳама аҳдоф дар мунозироти каломӣ ва фиқҳии Имоми Аъзам (р) ва аз рукнҳои асосии афкору андеша ва дархостҳои Имом дар ду мактаби маъруфи ӯ, яъне, мактаби каломӣ ва мактаби фиқҳии вай, ба сурати возеҳ ҷилва мекунад, зеро забони нарм, дили гарм ва адами хушунат аз одоти барҷастаи вай буд. Чунончӣ аз рисолае, ки ба шогирдаш нахустқазоиюлқуззоти Ислом-Абӯюсуфи Яъқуб ибни Иброҳим ибни Холид-Ал-Кӯфӣ Ал-Ансорӣ навишта возеҳ мешавад. Дар ин рисола пеш аз, он, ки шогирдашро тавсия ба хидмати динӣ, иҷтимоъӣ ва ахлоқии ҷомеъа ташвиқ фармуда мегӯяд: «-Аз ҷангу дуруштӣ бигзар, касе ки ба ту носазо мегӯяд, ба вай носазо магӯ ва ҳақро ба касе, ки ба суханони ту гӯш фаро медиҳад бирасон: -Ба мардум таклифе раво мадор, ки бар ту раво надоранд ва он чиро, ки барои худ ба нияти неку кори хайр мехоҳанд ту ҳам ба он розӣ шав…». 47-123.

Бале, ҳақ ба ҷониби Имоми Аъзам (р) аст, ки шахси толибилм ва умуман ҳар як фарди солимақл ва мусалмон бояд мӯъмин бошад ва бо хулқу атвори ҳамидаи худ соҳибэҳтиром бошад ва бо атрофиёни худ бо мурувват рафтор кунад ва бояд бидонад, ки «Мӯъмин бародари мӯъмин аст». Ва ниҳоят аз ҳама муҳим он аст, ки инсон бояд аз кибру ғурур, риёкорӣ ва худманишӣ орӣ бошад, ки такаббур аз пешаи шайтони   лаъин аст. Ҳамеша бояд бикӯшем, ки бо мардум ва дар байни  мардум  бошем  ва  ба доми  ҳавову  ҳаваси дунёву  нафси шайтонӣ гирифтор набошем, зеро бузургон фармуданд, ки: «-Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоъат бош!» Ва ё худ шоҳбайти Шайх Аттори Валиро метавон барои тақвияти гуфтаҳои боло мисол овард, ки оиди мазаммати кибру ғурӯр хеле хуб фармуда:

Ҳар, ки шуд аз кибр боло гарданаш,

Дӯстон гарданд охир душманаш.

Ҳама он васиятҳо ва садҳо назири он, ки Имоми Аъзам (р) ба шогирдонаш тавсия карда, доройи арзиши хуби илмӣ, дар соҳаи фиқҳ ва калому иҷтимоъ мебошад.

Оре, Имом марде буд сулҳписанд, афифу покдомон ва аз ихтилоф нафрат дошт, чунончи ин эҳсос дар мунозироти каломии вай ва дар васоёи ӯ машҳуд аст ва рӯҳияи он дар муҳовароти иҷтимоӣ маҳфӯз буда, арзиши он аз назари мунсиф (шахси боинсоф) пӯшида нест. Ҳамчунон тавсияи ӯ барои шогирди маъруфаш Имом Абӯюсуфи Яъқуб, ки ба дараҷаи бузурги илмӣ расида ва дар муҳовароти илмӣ, ба хубӣ ёд мешавад ва ҳатто ҳамеша хулафойи давр ва ҳукумравоёни асри худро мудом насиҳат ва раҳнамоӣ мекард, ба таъаққул (яъне, хирадмандиву мутафаккирӣ, С.Б.Б…,)-и Имоми Аъзам (р) далолати возеҳ дорад ва нишон медиҳад, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) беҳтарин хадамотеро барои роҳнамоии мардум ва тарбияи шогирдони донишмандаш анҷом дода аст (ки орзӯи Расули акрам ва мақсади он Ҳазрат (с) ҳам чунин тарзи роҳнамоӣ буд). 11.47-124.

Баҳси мавзӯи ин бахш каме тӯл кашид,(маъзарат, аз мутолиъини борикбин) ва ҳоло сухан, ки ба анъанаи баъзе нигоришот то ба ин ҷо расида, зарур мешуморем, ки зикру нигориши чанд нукоти баённашударо, ки дар сароғози мавзӯи ин бахш, возеҳтар, дар сарлавҳаи ин мавзӯъ оварда будем (оиди номгӯи расоили каломии Имоми Аъзам разиаллоҳу анҳу ва баёни фишӯрдаи мӯҳтавиёти онҳо), бо чанд ҷумлае ба анҷом бирасонем.

Бояд бигӯем, ки то ба имрӯз перомуни осори илмии мансуб ба Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), байни муҳаққиқини таърихи дину мазоҳиби Ислом ва байни аҳли илму ҳикмат баҳсҳое ҷой доранд. Аммо назди мо равшан ин аст, ки муносиб, ба андозаи насибамон, ки Худованд ба мо арзонӣ дошта, аз осори гаронсангу мероси қудсиёнаву ҷовидонаи бешумори Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа разиаллоҳу анҳу, то ба имрӯз (бояд зикр намуд, ки 1300-солагии бузургдошти ин абармарди ҷаҳонӣ, бо қарордоди ЮНЕСКО, КУИ-КОНГРЕССИ УМУМИҶАҲОНИИ ИСЛОМӢ – Мутамар ал-олам ал- исломӣ, ва ЛОИ – ЛИГАИ ОЛИИ ИСЛОМ – Робитат ал-олам ал-исломӣ, соли 2000-и мелодӣ, дар тамоми олам бо тантана ҷашн гирифта шуд), бо гузашти айёму ҳаводиси рӯзгор, аз қаъри ниҳонхонаи дарёи пурталотуми таърих, ба дасти ғаввосони дарёи илму-маънӣ, яъне, муҷтаҳиддин ва саррофони гавҳаршиносу ҷӯяндагони борикбин ва муҳаққиқону муаррихони бостонгуҳар, шаш, гавҳари ноёби дину ҳикмат, яъне, шаш рисолаи динӣ-мазҳабӣ (дар асоси Қуръон ва Ҳадис) (ва ба қавле ҳафт рисола ба ӯ мансуб аст) – Имом Абӯҳанифа (р), яъне, «Фиқҳал-акбар» («Фиқҳи акбар» низ гӯянд), «Фиқҳал-абсат» (фиқҳи густурда, яъне, муфассалбаёншуда), «Ал-олим вал-мутааллим», ва «Китоб-ал-Осор», «Рисолаи Абӯҳанифа, ба Абӯмуслим Ал-Баттӣ» Имоми Басра» ва «Ал-васият», ки дар риштаи фиқҳ ва илми калом нигошта шудаанд, ошкор гардидаву ба даст омадаанд, ки маҳз бо кӯмаки Ҳаммод (р)-писари Имоми Аъзам (р) ва шогирдони содиқаш Абӯюсуфи Яъқуб ибни Иброҳим ибни Холид ибни Муҳаммади Қозӣ, Имом Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, Имом Зуфар ибни Ҳузайл, Абӯмуқотили Самарқандӣ, Имом Абӯмутеъи Балхӣ ва наберааш Имом Исмоил ибни Ҳаммод ибни Абӯҳанифа (р) ва дигарон, баъди даргузашти Имоми Аъзам (р) гирдоварӣ шудаанд. Зеро, ки аксари таълимот ва суханрониҳову аҳодиси овардаи Ҳаким Имом Абӯҳанифа (р), дар фиқҳ ва дигар улуми динӣ, ба тарзи шифоҳӣ будааст.

Як нуктаи дигареро бояд қайд намуд, ки баъзе аз сарчашмаҳои энсиклопедии илмии муосир (аз ҷумла «Ислом-маълумотномаи мухтасар», Душанбе «Ирфон»-1990, саҳ.,30-31) дар асоси такя ба дигар маводи илмӣ «Муснад». («Ҷамъи ҳадис») ном асарро низ ба Имом Аъзам (р) нисбат додаанд, ки он ҳам бошад гӯё аз тарафи шогирдонаш ҷамъоварӣ карда шудааст. Вале як чиро бояд қайд намуд, ки воқеъан Имом Аҳмади Ҳанбал низ «Ал-Муснад» ном асари машҳур дорад, ки то ба рӯзгори мо омада расидааст. Аммо ба «Муснад» ном асаре, ки таалуқ ба Имоми Аъзам (р) дошта бошад то ба имрӯз дар даст надорем. Вале ҳеҷ ҷои тааҷҷубе ҳам нест, ба он ки Имоми Аъзам (р) воқеан чунин асаре (китоби «Хайрот ал-ҳисон…». ҳам шаҳодат медиҳад, ки Имоми Аъзам соҳибмуснад аст) дошта бошад, зеро Ҳаким Имом Абӯҳанифа, машҳур ба Имоми Аъзам (р) барин шахсияти бузурги илму маънӣ, ки дар ҳар нафаси худ ҳадисе пурҳикмат аз Расули акрам салъам, ба шогирдону пайравонаш баён медошту мегуфт, метавонист, ки даҳҳо чунин асаре дошта бошад, ва ё ҳикматномае нигошта бошад ва ё ба шогирдони худ, барои китобат баён дошта бошад. Зеро аз зиндагии ӯ маълум мешавад, ки ӯ ҳамчун пайрави Қуръону Ҳадис тамоми аҳодиси аз устодон азбаркардаи худ ва аҳодиси аз асҳоби киром (р) ва тобиъин ҷамъовардаи худро китобат мекардааст. Муҳимтарин манбаъе ки савияи каломии Имоми Аъзам (р)-ро муаррифӣ мекунад ва намоён медорад, ин таълимоти каломии ӯст, ки пас аз таҳқиқи асноди он ва итминон ба ин, ки нисбати он ба Имоми Аъзам (р) дуруст аст, дар паҳлӯи назариёте, ки аз тариқи дигар аз Имом ба мо расида, бо як силсилаи назариёти каломии ӯ, аз хилол (миён)-и таълифот ошно мешавем. Дар бораи таълифоти Имоми Аъзам (р) маъонуддин (ситезакор, хасм, яъне, бадхоҳ ва душман)-и вай изҳори шак намуда ва хостаанд собит кунанд, ки ин рисоили каломӣ, дар воқеъ аз Имом нест, ҳамчунин пайравони фирқаҳои мухталиф кӯшидаанд, аз тариқи тавлиди шак, дар мавриди расойили мазкур афкор ва назариёти аҳли суннат ва ҷамоъатро (ки беҳтарин далойилу назариёт ва афкору андешаҳои роҳнамоест, ки дар асоси ду сарчашмаи муқаддас Қуръони маҷид ва аҳодиси Расули гиромӣ саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам, ки аз ҷониби Имоми Аъзам разиаллоҳ ва низ шогирдони ӯ, барои мунавварсозии роҳи умматони Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам ва амалӣ намудани суннат ва ормонҳои неки ҷаноби сарвари олам Ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин, яъне, эҳтиром ва ҳифзи шаръу дин, танзиму тартиб ва эҷод шудаву нигошта шудааст, бо унвони мактаб ва ё мазҳаби ҳанафия, С.Б.Б…,) мухтал (яъне, халалёфта ва сусту табоҳ созанд.С.Б.Б.,) гардонанд.

Имом Ҳорисӣ (р) дар «Ал-кашф ал-кабир» мегӯяд: «-Ибни Муборак (р) роҷеъ ба фазойили Имоми Аъзам (р) ривоёти зиёде зикр карда, зеро вай ба сурати мустақим ва ё ба василаи дигарон аз вай шунида мегӯяд: – Имоми Аъзам (р) доройи таълифоти зиёд дар риштаи калом мебошад». 47.-125.

Имом Абулмузаффари Исфароинӣ (мутаваффии соли 471 ҳиҷрӣ) рисолаҳои «Ал-олим вал мутааллим», «Ал-фиқх, ал-акбар» ва «Ал-васият»~ро ба сароҳат ба Имоми Аъзам (р) мансуб намуда ва дар китоби хеш «Ат-табсир фид-дин» (саҳ.,113) мегӯянд «-Агар касе хоста бошад собит кунад, ки байни ду гурӯҳ, (мақсади Исфароинӣ ду гурӯҳи мавриди баҳс аст) ихтилоф вуҷуд надорад, лозим аст то китоби «Ал-олим вал-мутааллим»-таълифи Имом Абӯҳанифа (р)-ро таҳти мутолиъа қарор диҳад, дар ин китоб далолилу бурҳони зиёдеро дар муқобили илҳод (аз дин баргаштагӣ) ва бидъат (гӯё чизи нав, вале бе бунёду бе собиқа ва бурҳони пойдарҳаво, С.Б.Б.,) мулоҳиза мекунад ва роҷеъ ба ақоиди мутакаллимин (аҳл ал-калом) ва раддия бар мухолифин, шарҳе дар он нигошта шуда, ҳамчунин дар китоби «Ал-фиқҳ ал-акбар», ки аз тариқи қобили итминон ва ба асноди саҳеҳ аз Насир ибни Яҳё (р) ривоят шуда, ки ӯ аз Абӯмутеъи Балхӣ (шогирди Имом Аъзам) ва вай аз Абӯҳанифа (р) ривоят карда ва низ китоби «Ал-васият», ки Абӯҳанифа (р) онро бз Умар ибни Усмон Ал-Баттӣ (Имоми Басра) навишта ва дар он бар афкори аҳли бидъат хати батлон кашида шуда аст». 47. – 125.

Душманон ва мухолифони Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ба ҳадди ифротӣ ба муқобили ӯ бархоста, расойили каломии ба Имоми Аъзам (р) мансубият доштаро инкор намуда, устодӣ ва пешвоии ӯро дар илми калом дидаву дониста рад кардаанд. Онҷо чунин аст, ки омада: «Баъзе муаллифин маноқиби Имоми Аъзам (р)-ро тасреҳ кардаанд, ки мӯътазила иддао мекунанд, ки Имоми Азам (р) дар илми калом таълифе надорад». Онҳо ба ин тартиб мехоҳанд бигӯянд, ки «Ал-фиқҳ ал-акбар» ва «Ал-олим вал мутааллим» аз таълифоти Имоми Аъзам (р) нест. Ба далели ин, ки кутуби мазкур ҳовии аксари мабодии аҳли суннат ва ҷамоъат аст, дар ҳоле, ки Имом пайрави мазҳаби мӯътазила мебошад (Ҳошо (!) ҳаргиз) ва ин ду китоб аз таълифоти Абӯҳанифаи Бухорӣ аст. Вале, ин иддао ба тамом ва комилан ғалат аст, зеро дар ин кутуб назариёте ба мулоҳиза мерасад, ки бо равиши каломии Имом, ки аз тариқи дигар дастраси мост, мутобиқ ва мувофиқ мебошад ва дар он далеле барои ин, ки ду китоби мазкур таълифи Имом нест, ба назар намерасад». 47. -126.

Ва ҷое дигар омада: «Мавлоно шамсулмиллат вад-дин Баротақинии Имодӣ мегӯяд: – Ин ду китоб аз таълифи Абӯҳанифа (р) аст, ва теъдоди зиёде аз донишмандон бо ин назария ҳамнаво мебошанд. Боре як шахс ки дар асри Маъмун кутуби Имом Абӯҳанифа (р)-ро ба об шуста буд, аз тарафи Маъмун барои чунин рафтораш шадидан муҷозот гардид». 47. – 126. Пас метавон ҳукм кард, ки иддае аз мӯътазилиён, ки ақидаашонро нисбати Имоми Аъзам (р) ва асарҳои таълифнамудаи ӯ баён доштаанд ботил буда, як адоват ва душманиест, нисбати Имом Абӯҳанифа(р) ва нодидагиест, нисбати истидлоли худододи оиди илми калом ва фиқҳ доштаи Имом Абӯҳанифа (р). Зеро агар Имом Абӯҳанифа (р) асари таълифнамудае намедошт, шогирдонаш Мавлоно Имодӣ ва даҳҳо дигарон ба муаллифи асарҳои каломӣ ва фиқҳӣ будани Имоми Аъзам (р) шаҳодат намедоданд ва он шахс барои дар об андохтани кутуби Имом ҳамчун шахси ҷоҳилу нодон, яъне, авомунноси кӯрдил, аз ҷониби халифа Маъмун сахт ба итоб гирифта намешуд. Вале, чи метавон гуфт, ки зиндагӣ худ зарбаи пай дар пай аст ва майдони муборизаи ҳаққу ботил аст (мисли имрӯза афроди халафӣ, ки муборизаҳои айёрона ва инглисонаву ғарбиёна ва саббоҳиёнаи худро бо мазҳаби муҳаззаби ҳанафия шурӯъ кардаанд). Хасмони Имоми Аъзам (р) мисли абрҳои сиёҳ бо он қалбҳои пуркин ва басо тору афкори ботилашон, ҳама ноумед рафтанд, ки рафтанд. Аммо «Чароғи уммат»- Имоми Аъзам (р) ҳамчу шамъ худсӯзиҳо кард ва ҳаёти худро вақфи роҳи ҳақ кард, ва тавассути афкору андешаҳои волояш осмони олами Исломро мунаввар ва роҳи миллионҳо умматони Расули акрам (с)-ро дар роҳи Қуръон ва мувофиқи суннат ва аҳодиси набавии он Ҳазрат (с) дурахшон намуд ва ҳарчи қудрате, ки дар вуҷуди муборакаш дошт тавонист, ки зиёда тири ҳақ ба сӯи ботил занад. Ин аст, ки 1310 сол ин ҷониб ҳама умматони солеҳи Расули акрам (с), яъне, фирқаи аҳли суннат ва ҷамоъат ва тӯдаҳои рӯшанфикр ва дилогоҳу бедормағзи ҷомеъаи башарӣ ӯро, яъне, Имом Абӯҳанифа (р) -ро ҳамчун пешво, яъне, Имоми Аъзам ва фақеҳи кабиру имоми шаҳир мешиносанд. Яъне, Имоми Аъзам (р) он шахсияти камназир ва нобиғаву инсони комил аст, ки дар ҳақи ӯ метавон чунин ҳукм ва ба тарзи холисона ва бидуни ғараз баҳодиҳӣ кард, ки ӯ воқеъан Абӯҳанифа аст ва ҳам Абулъадл асту вал-инсоф, яъне, намунаи барҷастаи инсони воқеъӣ ва ормонӣ, возҳетар бандаи солеҳи худотарсу худошинос, яъне, мӯъмину мусалмон ва ахиран уммати шоистаи Расули акрам (с).„

«Имом Абӯмансури Мотаридии Самарқандӣ бошад, далойили хешро дар атрофи мавзӯъоти каломӣ, ба рисолоти Имом (Абӯҳанифа) иттикоъ бахшида ва аз он маълум мешавад, ки дар бораи ин таълимот таҳқиқ намуда ва интихоби он, ба Имом (Абӯҳанифа) дар назари вай собит буда, чунончи аз таълифоти ӯ низ маълум мегардад. Ҳамчунин Имоми Муҷтаҳид Абӯҷаъфари Таҳовӣ, дар китоби хеш бо номи «Баён эътиқод аҳл-ал-суннат вал-ҷамоъат ъало мазҳаби фуқаҳо ал-миллат Абӯҳанифа, Абӯюсуф ва Муҳаммад ибн Ал-Ҳасан», ки ба «Ақоиди Таҳовӣ» маъруф аст, аз ҳамин равиш истифода карда аст…». 47.-126.

Ва ҳақ ба ҷониби муҳаққиқи варзидаи ҷабҳаи фаъолияти каломии Имоми Аъзам (р), устод Иноятуллоҳи Иблоғ аст, ки пас аз муқоисаи нусхаҳои гуногуни рисолаҳои матбӯъ ва хаттии мансуб ба Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ба хулосае омадаву гуфтаанд, ки: «Вақте назариёти каломии Имом (Абӯҳанифа)-ро, ки аз хилоли расойили матбӯъ ва хаттии ӯ намудор аст, бо назариёти вай, ки аз тариқи дигаре ба дастраси мо қарор гирифта муқоиса мекунем, байни онҳо тавофут ба назар намерасад ва он гоҳ ҳеҷ касе (аз муҳаққиқон ва муддаъиён, С.Б.Б.,) мункир шуда наметавонад, ки рисолаи мазкур аз таълифоти Имом Абӯҳанифа Ал-Кӯфӣ) намебошад, ҳамчунон асноде, ки дар он мулоҳиза мешавад ва силсилаи он мураккаб аз риҷоли барҷаста ва қабили итминон буда, далели қавӣ аст барои он, ки ин кутуби илмӣ аз таълифоти Имом (Имоми Аъзам Абӯҳанифа) аст на аз Абӯҳанифаи Бухорӣ ва ғайра» 47. -126;

Ба қавли устоди мӯшикоф ва борикбину басо фозил Иноятуллоҳи Иблоғ «инак дар бораи рисолаҳои мансуб ба Имом (Абӯҳанифаи тоҷикзабони Кобулии -Кӯфӣ)-и Аъзам (р) як андоза рӯшанӣ меандозем.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …