Главная / Ҷамъият / Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 августи соли 2018 музди миёнаи меҳнат 1214,6 сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 66,8 сомонӣ ё 5,8 фоиз зиёд шудааст. Дар нуҳ моҳи соли 2018 аз ҷониби ситодҳои кории маҳаллӣ оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат доир ба чораҳои андешидашуда маълумот пешниҳод намуда истодаанд.

Ба ҳолати 1 августи соли 2018 маблағи қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат (бо назардошти қарзҳои пешин) дар миқёси ҷумҳурӣ 23655,1 ҳазор сомонӣ мебошад ва нисбат ба аввали сол 4808,6 ҳазор сомонӣ ва ё 27 фоиз коҳиш ёфтааст.

Қарздории музди меҳнат дар вилояти Суғд 10 066,3 ҳазор сомонӣ, дар вилояти Хатлон 5801,9 ҳазор сомонӣ, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6529,0 ҳазор сомонӣ, дар шаҳри Душанбе 645,9 ҳазор сомонӣ ва ВМКБ 612,0 ҳазор сомонӣ мебошад.

Зиёдшавии  қарздории музди меҳнат дар ВМКБ 182 ҳазор сомонӣ ва вилояти Хатлон 687,9  ҳазор сомонӣ ба назар мерасад.

mehnat-muhojirҚоҳиш ёфтани қарздории музди меҳнат дар вилояти Суғд ба андозаи 271,5 ҳазор сомонӣ, шаҳри Душанбе 1673,1 ҳазор сомонӣ ва НТҶ 3734,4 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабу омилҳои пайдоиш ва  мавҷудияти қарздорӣ аз музди меҳнат дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ гуногунанд. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷро нашудани нақшаи даромади буҷет, аз тарафи фармоишгарон пардохт нашудани маблағи корҳои иҷрошуда, ғун накардани андозҳои маҳаллӣ, ба фурӯш нарафтани маҳсулот, сари вақт маблағгузорӣ нагардидан аз тарафи сармоягузорон, ғайри мақсаднок истифода намудани маблағҳои музди меҳнат ва ғайра мебошанд.

Тибқи маълумоти варақаҳои муҳоҷиратӣ аз ҷумҳурӣ 359 054 нафар шаҳрванд ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки аз инҳо 310 359  нафар мард ва 48 695 нафар зан  мебошанд. Аз ҷумла, ба Федератсияи Россия 343 912 нафар ва ба Қазоқистон  9571 нафар сафар кардаанд.

Рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 344 нафар ё ин ки 8 фоиз кам шудааст. Дар ин давра аз хориҷи кишвар 279 398  нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба ватан бозгаштанд, аз ин 228533 нафар мард ва 50865 нафар зан мебошанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4694 нафар, ё ин ки 2 фоиз зиёд шудааст.

Дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба муддати муайян ба Федератсияи Россия манъ гардидааст, яке аз масъалаҳои муҳими ин самт маҳсуб мебошад.

Бо назардошти ин ва бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани ин категорияи шаҳрвандон тибқи фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2015, №57 «Дар бораи тасдиқи Барномаи бокортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки воридшавиашон ба ФР ва дигар кишварҳо манъ аст» аз ҷониби сохторҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 4638 нафар ба касбомӯзӣ ва ба 2296 нафар тавсия барои ҷойи кор дар дохили кишвар дода шуд. Дар натиҷа 944 нафар соҳиби касб гардида, 621 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Ҳамзамон ширкатҳое, ки барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ иҷозатнома доранд, дар баробари ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ таносуби бокортаъминкунии шаҳрвандони ватаниро риоя намуда, 7110 нафар шаҳрвандонеро, ки воридшавии онҳо ба Федератсияи Россия манъ шудааст, ба кор ҷалб намуданд. Дар маҷмӯъ дар давраи ҳисоботӣ 7731 нафар чунин шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар таъмин карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 102689 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки 72273 нафари онҳо ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 44344  нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ 47072 нафар шаҳрванд бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.

Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 3379 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 2900 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.

Дар асоси 249 шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 5206 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 16097 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд.

Ба 7942 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид.

Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 610 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 5700 нафар корҷӯ дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд, ба 5602 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд ва 1649 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардида, ба 26318 нафар шаҳрванд хизматрасонии касбӣ  расонида  шуд.

Тавассути ташкил ва баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 12951 нафар шаҳрванди бекор ва корҷӯ ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд.

Ҳамин тавр, дар нуҳ моҳи соли 2018 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ ба 166569 нафар шаҳрванд хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода шуд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешида дар нуҳ моҳи соли 2018 дурнамои нишондиҳандаҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи 101,6 фоиз таъмин карда шуд.

Давоми нуҳ моҳи соли 2018 тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 2900 нафар шаҳрванди бекор ба андозаи 8,5 млн. сомонӣ кӯмаки молиявӣ дода шуд, ки аз ин теъдод 1,7 ҳазор  нафар зан ва 1,1 ҳазор нафар ҷавон буда, мутаносибан соҳиби 4,8 млн. сомонӣ ва 3,2 млн.сомонӣ кумаки молиявӣ гардиданд.

Таҳлили таркиби ин самти фаъолият дар миқёси ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки шахсони бекор зимни бархӯрдор шудан аз кумакҳои молиявӣ асосан ба соҳаҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва ҳоло  бошад ба рушди соҳибкорӣ дар бахши ҳунарҳои мардумӣ машғуланд.

Бо эълон гардидани соли 2018 соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ, бахусус занону духтарон мусоидат менамояд, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ оид ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ васеъ ба роҳ монда шуда, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимии системаи вазорат ташкил карда шуданд. Дар ин замина 17950 нафар ба омӯзиши ҳунарҳои гуногуни мардумӣ аз қабили, адрасу атласбофӣ, заргариву зардӯзӣ ва ғайраҳо ҷалб карда шуданд, ки 22,4 фоизи шаҳрвандони дар маҷмӯъ ба касбомӯзӣ фаро гирифташударо ташкил медиҳад.

Ҷиҳати дастгирӣ ва эҳёи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба 763 нафар шаҳрванди бекор, бахусус занону духтарон ба андозаи 2518,4 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд.

Тайи давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 7942 нафар шаҳрванд ба маблағи 3,8 млн. сомонӣ  кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт гардид, ки 126,5 фоизро аз дурнамои барнома ташкил медиҳад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи ваколатҳои худ минбаъд низ таҳлили вазъи иқтисоди миллиро бо назардошти равандҳои глобалӣ ва тағйирёбии вазъи иқтисоди ҷаҳону минтақа анҷом дода, ҷиҳати коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ чораҳои таъхирнопазир меандешад ва аз натиҷааш дар муҳлатҳои муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал манзур менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …