Главная / Илм / МЕҲМОНЙӯЛӣ

МЕҲМОНЙӯЛӣ

mehmonyuliМЕҲМОНЙӯЛӣ, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Мурғоб. Дар соҳ. чапи д. Оқсу, 2 км ҷанубу ғарбтар аз деҳаи Қизилработ воқеъ аст. Дебиташ 0,2 л/сон., минералнокиаш 4,8 г/л; ҳарор. обаш +240С. Дар таркиби оби чашма натрий (903 мг/л), калий (93,0 мг/л), калсий (93,0 мг/л), магний (16,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (2466 мг/л), сулфатҳо (203 мг/л), хлоридҳо (111 мг/л), кислотаҳои метаборат (42,0 мг/л), радон (8,7 нКи/л), силикат (37,5 мг/л) мавҷуданд. Барои муолиҷаи бемориҳои илтиҳоби меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, ҷигар, талха, ихтилоли мубодилаи моддаҳо манфиатбахш аст. Ба обҳои маъдании Боржоми наздикӣ дорад.
Ад.: Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …