Главная / Гуногун / Меҳмонии Шоҳ ба хонаи деҳқон

Меҳмонии Шоҳ ба хонаи деҳқон

Яке аз мулук ботане чанд аз хоссон дар шикоргоҳе ба зимистон аз иморат дур афтод. Шаб даромад, хонаи деҳқоне диданд.
Малик гуфт:
– Шаб он ҷо равем, то заҳмати саром набошад.
Яке аз вузаро гуфт:
– Лоиқи қадри подшоҳон набошад ба хонаи деҳқоне илтиҷо кардан.
Ҳамин ҷо хайма занему оташ кунем.
bednyak-i-bogach-bratia-grimm-600x400Деҳқонро хабар шуд. Моҳазаре овард ва замин бўсиду гуфт:
– қадри баланди султон бад-ин қадар нозил нашудӣ, валекин нахостанд, ки кадри деҳқон баланд гардад.
Маликро сухан гуфтани ў матбуъ омад. Шабонгаҳ ба манзили ў нақл карданд. Бомдодонаш хилъат фармуд. Деҳқон дар риқоби султон ҳаме рафт ва мегуфт:

Зи қадру шавқати султон нагашт чизе кам
Аз илтифот ба меҳмонсарои деҳқоне.
Кулохгўшаи деҳқон ба офтоб расид.
Ки соя бар сараш андохт чун ту султоне.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …