Главная / Гуногун / МЕҲРОФАРИН

МЕҲРОФАРИН

Писарак миҷҷа назада чашмони сиёҳашро аз модараш, ки миёни анбўҳи одамон бепарво мерақсид, канда наметавонист. Садои мусиқиву суруди ҳофиз, ки сар то сари тўйхонаву маҳалла танинандоз мешуд, ба гўшаш намедаромад. То ҳанўз нигоҳашро сўи модараш дўхта ба алам, қаҳру ғазаб ва ҳаяҷону изтироб аъзои баданаш меларзид. Дандон ба дандон мондаву лаб мегазид.

Модараш Шамсия, ки зани қоматбаланди дилрабо аст, чӣ тавр ҳам метавонад хушнуд набошад, охир нахустин ҷиянаш хонадор мешавад. Вай меболид, ки бародараш арўс мефарорад. Саргарми рақсу бозӣ ваъдаи ба писараш додаашро фаромўш намуда буд. Бар замми ҳамааш як ҳамсинфаш бо дастонаш аз миёни Шамсия дошта, боз ба рақс кашид. Ва ин лаҳза аз назари писарак пинҳон намонд.

bacha-ocha-otaПисарак Меҳрофарин ном дошт ва аз нав  ба синни ёздаҳ қадам гузошта буд. Вай дар аввал хост модарашро ҷеғ занад, аммо мағрурона забон хоид. Ноилоҷ монд, худро дасткўтоҳ ёфт. Аз ҷой бархост, ба умеди, ки модараш ўро мебинад. Лекин Шамсия аз аҳволи писараш ҳангоме огоҳ гашт, ки аллакай аз дидагони ў дона-дона ашк мерехт.

Шамсия ба худ омад, ҳарчанд, ки қадаҳе ҳам нанўшида буд.

– Меҳрофарин? Чӣ гап? Чаро гиря мекунӣ? – пурсид зан.

– Шумо қавл додед, ки фақат як бор мерақсед. Вале…

– Хайр чӣ? Ягон ҷоям кам шуд магар? Ё осмон ба замин фурў рафт? Тавба…

– Чаро марди бегона дасташро ба миёнатон расонд? Кӣ вай?

Шамсия гуноҳе надошт. Хислати писарашро медонист. Аммо ашкҳои чашмони Меҳрофаринро дида, забонаш беихтиёр лол монд. Дигар нарақсид. Пас аз анҷоми тўй қариб ҳарфе нагуфта, хомўшона ба хона баргаштанд.

Вориди хона шуда, Шамсия чароғро гиронд, болои курсии мулоим нишаст ва беовоз гирист.

Писарак инро пай бурда, назди модараш омаду сарашро сила кард, оромона ба мўйҳои шабгуни вай нигарист. Писарак хуб медонист, ки нўҳ сол пеш падараш онҳоро партофта рафтааст. Ҳоло зани дигар дорад…

«Агар ин дафъа диданӣ ояд ё занг занад, ҳамроҳаш гуфтугў намекунам» хаёл кард писарак.

Аммо падарашро мебинаду аҳдашро фаромўш месозад.

– Меҳрофарин, ту кай одам мешавӣ? То кай маро аз оламу одам ҷудо мекунӣ? Ба тўй рафта натавонам! Намемонӣ, ки дар рўзи таваллуди дўстон бошам?

– Чаро, чаро намемондаам? Фақат хоҳиш кардам, ки як соат пас гашта оед.

— О, баъзан роҳи рафту омад чил-панҷоҳ дақиқа аст. Ту мефаҳмӣ ё не?.. Худо накунад, ки ягон марди шиносам ба хона ояд. Аз қошу қавоқат барфу борон меборад. То рафтанаш дум барин часпида мегирӣ!…

Шамсия ҷўроби нимбофтаро ба даст гирифт.

– Модарҷон! Шумо дар вазорат кор мекунед, фурсат ёфта ба мактаббачаҳо дарс мегўед, боз то бевақтии шаб ҷўробу ҷемпер мебофед. Магар пуламон намерасад?

– Худат медонӣ-ку. Баъд одамизот бо умед зинда аст. Ҳа нагуфта ту ҳам ба воя мерасӣ…

– Ман дигар яхмос намехарам, сақич ҳам!

– Ёд дорам, аз хурдӣ ту хеле меҳрубону ғамхорӣ. Ё худо раҳми маро хўрда нармдилат офаридааст? Рўзе насиб бошад зан мегирӣ, он гоҳ аҳволат чӣ мешуда бошад? Росташро бигў, ту аз ман чӣ мехоҳӣ?

– Чаро шавҳар намекунед? – ғайриинтизори суол кард писарак.

– Намедонам… Калонтар шавӣ, Меҳрофарин, худат сарфаҳм меравӣ, – гуфт модараш.

– Мехоҳам ба шавҳар бароед…

– Дер шуд, писарам. Вақти хобат расид.

Шамсия бофтанашро идома дод. Писаракро то нисфи шаб хоб набурд. Ба сараш ҳар гуна фикрҳои парешон меомаданд. Аз ин паҳлў дигар паҳлў гашт. Чашмаш аз роғи дар ба оина афтид. Рўи он симои модараш аксандоз буд. Вай ҷўроб мебофт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …