Главная / Гуногун / Мазҳаби Моликия

Мазҳаби Моликия

Моликия; ки пайравони Имом Абӯабдуллоҳ Молик ибни Анас ибни Абиомир ал-Асбаҳӣ /715-795/ буда, дар нимҷазираи Арабистон, ба вуҷуд омада, баъдан дар Миср, Африқои Шимолӣ ва Андалусу дигар  манотиқи  исломӣ  интишор меёбад.  Дар фиққ сарчашмаи асосии  онҳо  Китобу  Суннат буда, дар якҷоягӣ «Насс»   номида мешавад.

Дар таърихи Ислом, Имом Молик ибни Анас ибни Абиомир /р/ бо номи «Имоми Мадина» маъруф аст. Ӯ муаллифи асарҳои зиёде ба монанди «Ал- Муваттаъ» /ҷамъи бонуфузтарин аҳодису ривоёт/, «Рисолаи ваъз», «Китоб-ул-масоил» ва «Тафсири ғариби Қуръон» мебошад. Ӯ, яъне, Имом Молик ибни Анас /р/ ба қавле набераи саҳобаи мӯҳтарам Анас ибни Молик /р/ аст ва аслан Яманист, ки баъд ба Мадина омад ва муқими ин шаҳри муқаддас шуд. Таълимоти ӯ зидди таъбири зеҳнии Қуръон аст. Ва баъзе ӯро Марвазӣ (Марвӣ) ҳам гуфтаанд.

Ҳамчунин таълимоти моликия бо тааммулнопазирии динӣ, эътирофи қатъии ҳадис ва ба эътибор нагирифтани раъй фарқ мекунад. Онҳо қиёсро бар хилофи ҳанафиён камтар истифода мекунанд. Моликия алҳол дар Андалус /Испания/, Тунис, Ал-Ҷазоир, Марокаш, Африқои Ғарбӣ. Миср, Судон, Мадина, Ҳиҷоз ва дигар манотиқи исломӣ пайравони худро дорад.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …