Маздакнома

«МАЗДАКНОМА», «Маздакнома», «Китоби Маздак», китобест дар бораи таърихи оғоз ва анҷоми шӯриши Маздак дар замони подшоҳи сосонӣ Қубод. Муаллиф ва соли таълифаш номаълум. Нусхаи аслии он, ки ба забони форсии миёна таълиф шуда буд, то замони мо нарасидааст. Аз китобҳои таърихии исломӣ бармеояд, ки «Маздакнома»-ро Ибни Муқаффаъ ба забони арабӣ тарҷума карда ва Обони Лоҳикӣ матни онро ба назм дароварда буда аст.

Маздакнома китоби кухна

Дар чанде аз асарҳои таърихии ба забони арабӣ ва форсии дарӣ таълиф ёфта, аз ҷумла, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Форснома»-и Ибни Балхӣ мазмуни мухтасари «Маздакнома» нақл ёфтааст. Мас., дар «Сиёсатнома» омадааст, ки Маздак гӯё тафсири ҳақиқии Авесторо дарёфта, афкору ақоиди худро дар байни мардум паҳн мекард ва онҳоро гумроҳ менамуд. Қиссаи Маздак дар ин ҷо аз нуқтан назари идеологияи синфи ҳукмрони давр, ки ба ҳар як ҳаракати озодихоҳона ва пешқадам назари бадбинӣ дошт, таъбир шуда, Ҳақиқати таърихӣ дар бораи Маздак ба шакли таҳрифёфта ба хонанда пешкаш шудааст.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …