Маздакия

МАЗДАКИЯ, ҷараёни динию фалсафӣ дар Эрони асрҳои 5—б, идеологияи ҳаракати маздакиён дар давраи гузариш аз сохти ғуломдорӣ ба феодалӣ. Бо номи асосгузори ҷараён ва роҳбари ҳаракати деҳқонӣ Маздак Бомдод машҳур гаштааст. Маздак сараввал ҳамчун фирқаи монавия пайдо шуда, минбаъд ҷиҳатҳои демократии ин таълимотро инкишоф дод. Мисли зардуштия ва монавия Маздакия низ равобити ду мабдаи қадим — хайру шарро асоси таълимоти худ қаpop додааст. Мувофиқи таълимоти аздакия ҳаракати зулмат иродӣ ва аз рӯи дониши қаблӣ набуда, кӯр-кӯрона, тасодуфист. Рӯшноӣ (нур) бошад аз рӯи ихтиёр ва ирода амал мекунад.

mazdakiya

Дар Маздакия олами моддӣ ҳамчун натиҷаи омезиши ду мабдаи мазкур абадӣ дониста шудааст. Мақсади ниҳоин такомули ин олам наҷоти хайр аст. Ин ҷиҳати таълимоти Маздакия ба ақидаҳои Монӣ қаробат дорад. Бар хилофи таълимоти монавия, ки нурро аз панҷ унсур (асир, насим, рӯшноӣ, об, оташ) медонист, Маздакия танҳо се унсур — об, оташ ва хокро эътироф мекунад. Маздакия мавҷудияти се унсури зулматро низ қоил буда, ақида дорад, ки мудаббири шарр аз он се унсур берун омадааст.

Мувофиқи тасаввуроти Маздакия чунон ки Хусрав (Хусрави I Анӯшервон) дар ин олам дар иҳотаи чаҳор шахс (мубади мубадон, ҳарбади ҳирбадон, симоҳбад ва ромешгар) аст, худо дар олами улвӣ бар тахте дар ҳузури чаҳор қувва — тамиз, фаҳм, ифз, сурур менишинад. Ин чаҳор қувва умури оламро ба воситаи ҳафт ёвари худ (солор, пешкор, борвар, парвон, кордон, дастур ва ходим) ба ҷо меоранд. Ҳафт ёвар дар доираи дувоздаҳ рӯҳиёт — хонанда, диҳанда, ситонанда, баранда, хӯранда, даванда, хезанда, кашанда, зананда, кананда, оянда ва поянда давр мезанад. Ба ақидан маздаккиён ин чаҳор қувва дар ҳар одам ҷамъ буда, ёварон ва рӯҳиёт дар олами сифлӣ ҳукмфармоянд.

Маздакия таълим медиҳад, ки нур аз зулмат тасодуфан, бидуни қасд ва ихтиёр раҳо меёбад. Дар Маздакия роҳи ягонан наҷот аз шарр ин аст, ки инсон тариқи зуҳд ва тарки дунё пеша намояд, алоқаи худро аз моддиёт кам ва аз ҳар чизе, ки ин алоқаро мустаҳкам месозад, эътироз кунад. Муборизаи хайру шарр (рӯшионю торикӣ) ниҳоят бо ғалабаи хайр бар шарр анҷом меёбад. Маздакия истеъмоли гӯштро манъ карда буд, зеро рехтани хуни ҳайвон гӯё садди роҳи наҷоти арвоҳ мегардад.

Маздакия ҳамчун таълимоти динию ахлоқӣ пайдо шуда, минбаъд ба ҳаракати иҷтнмоии оммаҳои васеи ҷамъият бар зидди аъёну ашроф табдил ёфт. Мувофиқи таълимоти иҷтимоии Маздакия ҳама одамон баробар офарида шудаанд, ки аз ин рӯ, тақсими нобаробари давлату сарват, инчунин серзании баъзеҳо ва безании дигарон беадолатии маҳз аст: Сабаби мухолифат кину адоват, нобаробарии одамон дар ҷамъият мебошад. Бинобар ин нобаробарӣ ва кину адоват бояд аз байн бардошта шавад ва мусовот барқаpop гардад. Барои ба амал баровардани он дар ҷамъият тамомн сарватҳои моддӣ бояд ҷамъиятӣ ва ҳама аъзоёни ҷамъият имконияти истифодаи баробар аз онҳоро дошта бошанд.

Мувофиқи таълимоти Маздакия сарватмандон зӯран, хилофи адолат сарвати оламро аз худ кардаанд, дар сурате, ки камбағалон низ баробари онҳо ба сарватҳои моддӣ ҳуқуқ доранд. Барои тантанаи баробарию адолат моликияти боёнро тороҷ ва дар байнн омма аз рӯи адлу инсоф тақсим кардан зарур аст. Моликият бояд мислн оташ, об, чарогоҳҳо дастраси умум бошад. Ин даъватн Маздакияро оммаи халқ писандида ба муборизаи зидди аъёну ашроф бархост ва тақсими молумулки онҳоро пеша кард. Маздакия ҳама гуна қатлро зуҳурн шарр медонист (ҳатто кушгтани ҳайвон манъ буд), вале хунрезиро дар муборизаи зидди шарри ҷамъиятӣ ҳақ мебаровард.

Дар Маздакия баробарӣ ба маънои тақсими одилона ва якхелаи сарватҳои моддӣ фаҳмида мешуд. Талаби баробарии Маздакия «…аксулҷавоби стихиявиест ба муқобили нобаробариҳои тоқатгудози иҷтимоӣ, ба муқобили тазоди байнн боён ва камбағалон, байнн хоҷаҳо ва кредостнонҳо, ишкампарастон ва гуруснагон» (Энгельс Ф., Анти-Дюринг, Д., 1976, саҳ. 107). Дар таълимоти Маздакия талаби тақсими баробари сарватҳои моддӣ назария ё талаби хушк набуда, он дар амал гузаронда мешуд. Бо даъвати Маздак оммаҳои халқ ба хонаҳои сарватмандон ҳамла оварда, манзилу боигарии онҳоро тамаллуқ мекарданд. Ғайр аз ин Маздакия ба никоҳи озоди байни аъзоёни ҷамъият даъват намуда, то андозае баробарҳуқуқии занону мардонро барқарор кардан мехост.

Бо мақсади мубориза бар зидди ашрофон, ки ҳокимияти шоҳиро маҳдуд кардан мехостанд, шоҳ Қубоди (488—531) ҳаракати маздакиёнро дар аввал дастгирӣ намуд. Минбаъд байни маздакиён ва Қубоди I мухолифат ба амал омад ва бо розигии ӯ солҳои 528—29 писараш Хусрави. I Анӯшервон пайравони Маздакияро қатли ом кард,

Ғояҳои Маздакия ба афкори ҷамъиятию сиёсии баъдина таъсири зиёд расонд. Таълимоти Маздакияро яъне фирқаҳои бидъатии нислом, алалхусус, гуррамия истифода намуданд, Таълимоти Маздакия оид ба баробарии иҷтимоӣ ливои идеологии шӯришҳои халқӣ бо роҳбарии Муқаниаъ, Бобак ва дигарон буд. Маздакия дар Ғарб низ нуфузи зиёд дошта, ба ташаккул ва инкишофи фирқаҳои масеҳӣ аз қабили богомилҳо, катарҳо ва альбигойҳо таъсир расонидааст. Ҷараён ин фирқаҳои маздакӣ то асрҳои 15—16 вуҷуд доштанд.

Ад.: Солодухо Ю. А., Движение Маздака, ВДИ, 1040. Л» 3—4; Пигулевская Н. В., Маздакитское движение, «Изв., АН СССР», сер. ист. и филос., 1044, М 4; ҳамон муалл., Города Ирана в раннем средневековье. М.. 1056; Семенов А. А., Маадакиэм, дар кит.: Вопросы истории религии и атеизма, т. 5, М., 1058; Сулаймонӣ А. Ю . Маздакитское движение и вопросы семьи, Баку, 1063; Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средиевековая история, М., 1072; КImа О., Mazdak, Praga, 1057.

А. Шарифов.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …