Маздак

МаздакМАЗДАК, Бомдод (соли таваллуд номаълум — вафот 528, Истахр), сардори шӯриши халқӣ дар аҳди Кубоди 1 (488—531), асосгузори маздакия. Оид ба Маздак дар сарчашмаи паҳлавӣ — «Маздакнома», дигар сарчашмаҳои таърихӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ инчунин асарҳои адабиву таърихӣ маълумотҳои мухталиф ба назар мерасанд. Ҷои таваллуди ӯро Мадарийа («Таърихи Табарӣ»), Истахр («Муруҷуз-заҳаб»-и Масъудӣ), Нисо («Осор-ул-боқия»-п Берунӣ), Нишопур, Табрез («Табсират-ул-авом») гуфтаанд.

Номи падари Маздак дар «Занди Воҳуман-Ясен»-и паҳлавӣ ва тарҷумаи паҳлавии «Вандидод» Бомдод омадааст. Маздак ҳаракати деҳқониро, ки дар шароити зиддиятҳои иқтисодиву сиёсии аристократияи феодалии аҳди Сосониён ва инкишофи истисмори деҳқонон ба вуҷуд омада буд, сарварӣ намуд. Писари Қубод Хусрави I Анушервон Маздакро бо ҳиллаву найранг дастгир карда, ваҳшиёна ба қатл расонд. Дар шароити асрҳои миёнаи ибтидои ҷараёни динӣ-фалсафие бо номи маздакия ба вуҷуд омадааст, ки он аз таълимоти динӣ-дуалистии зардуштия ва монавия ғизои маънавӣ гирифтааст.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …