Главная / Гуногун / Масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс

Масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс

 Дар давлати ҳуқуқбунёд давлат ва шаҳрванд дар назди ҳамдигар одатан масъулияти (ҷавобгарии) баланд доранд. Тавре ки дар қ.3 моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, давлат на танҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф мекунад, балки ўҳдадор аст, ки онҳоро риоя ва ҳифз намояд. Ҳамзамон давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои кишварро риоя ва иҷро намоянд (моддаи 10 Конститутсия). Агар ба шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида зарари моддӣ ва маънавӣ расонида шавад, ин зарар бояд аз ҳисоби онҳо мувофиқи қонун рўёнида ё ҷуброн карда шавад.

Меъёри зикршудаи конститутсионӣ дар моддаҳои алоҳидаи қонунгузории амалкунанда таҷассуми худро меёбад. Аз ҷумла, дар моддаи 16 Кодекси гражданӣ омадааст: «Зиёне (зараре), ки дар натиҷаи амали (беамалии) ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ё мансабдорони ин мақомот, инчунин дар натиҷаи қабули санади хилофи қонун ё санади дигари ҳуқуқии мақомоти давлатӣ ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ расонида шудааст, бояд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти дахлдори он ҷуброн карда шавад».

Ҳамин тартиб, доираи амали мақомоти давлатӣ, суд ва прокуратура ва дигар мақомот низ дар доираи қонун маҳдуд карда шудааст. Онҳо мисли ҳамаи шаҳрвандон ба қонун итоат менамоянд ва барои рафтори зиддиҳуқуқии худ дар назди қонун ҷавобгаранд.

Ҳамзамон шаҳрванд низ барои рафтори зиддиҳуқуқии худ дар назди дигар шахсон, давлат ва ҷомеа ҷавобгар мебошад. Ў низ вазифадор аст ўҳдадориҳое, ки Конститутсия ва дигар қонунҳо муқаррар намудаанд, риоя ва иҷро намояд. Риояи Конститутсия ва дигар қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқи озодӣ ва шаъну шарафи дигарон, ҳифзи Ватан, пардохти андозҳо ва ғайраҳо аз ҷумлаи ўҳдадориҳои шаҳрванд мебошанд, ки барои риоя накардани он шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …