Главная / Илм / МАСТИТ

МАСТИТ

mastitМАСТИТ (Mastitis; аз юн. mastos – пистон), синадард, газаки ғадуди шир. Беморӣ, одатан, баъди чанд вақти кафидани нӯги пистон ба вуҷуд меояд. Ғадуди шир ногаҳон дард мекунад, варамида сахт ва пӯсти он сурх мешавад. Ҳарорати бадан баланд гашта, табларза ба вуҷуд меояд.
М. – ро, одатан, микробҳои фасодзо ба вуҷуд меоваранд. Натанҳо кафидани нӯги пистон, балки ҳар гуна осеби пӯсти ғадуди сина, гарчанде ниҳоят хурд бошад ҳам (варам, харошхӯрӣ ва ғ.), барои микробҳои касалиовар «дарвозаи кушода» хоҳанд шуд. Микробҳо аз пӯсти осебдида ба рагҳои лимфа, сипас ба бофтаи пайвандии ғадуди шир гузашта, боиси илтиҳоб мегарданд. Агар нӯги сина ҳамвор ё чуқур ва пӯсташ аз ҳад нозук бошад, он гоҳ мекафад. Аз ин рӯ, дар мушоварагоҳи тиббӣ ба зани ҳомила тавсия медиҳанд, ки қаблан синаро ба макондан омода созад, нигоҳубини дурусти пистонҳоро аз худ намояд. Микробҳо аз манбаи илтиҳоб (дандонҳои пӯсида, тонзиллити музмин ва ғ.) ба тавассути рагҳои хун ба бофтаҳои ғадуди сина дохил мешаванд, аз ин сабаб дар аввали давраи ҳамл табобат кардани ин бемориҳо хеле муҳим аст. Риояи тарзи дурусти синамаконӣ ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ барои пешгирии М. аҳамияти калон дорад.
Нӯги пистон паҳн ё кӯтоҳ бошад, макидани кӯдак душвор мегардад. Бо мақсади шакли пистонҳоро тағйир додан рӯзҳои аввали ҳомилагӣ масҳ кардани гирди ғадудҳои шир муфид аст. Ин корро худи зан карда метавонад. Барои ин дастро бо оби гарм собуншӯ карда, чанд дақиқа ҳар як ғадуди ширро молидан (ба рафти ақрабаки соат) лозим аст. Дар давраи дуюми ҳомилагӣ ҳар рӯз 10 – 15 дақиқа пистонҳоро бараҳна карда, дар хонаи бодхонаш кушода дароз кашидан мумкин аст.
Баъди таваллуд ҳар рӯз пистонбандро иваз карда, пистонҳоро бо оби гарму собуни кӯдакона шустан ва бо сачоқи алоҳида хушкондан лозим аст. Пистонҳоро бо эҳтиёт шустан даркор, то ки ягон ҷои онҳо накафад. То макондани кӯдак ва баъди он пистонҳоро бо оби ҷӯшида шустан ё бо маҳлули кислотаи борат тоза кардан лозим аст. Ҳангоми макондан кӯшиш кардан даркор аст, ки кӯдак нӯги пистонро пурра ба даҳон гирад. Баъди ҳар дафъаи макондан шири боқимондаро полидан зарур аст. Дар мавриди кафидани нӯги пистонҳо, беҳад сахт, сурх ва дардманд шудани ғадудҳои шир, баланд гаштани ҳарорати бадан (аломатҳои М.) зуд ба духтур муроҷиат бояд кард.
То муоинаи духтур макондани синаи бемор ё полидани шири онро бас кардан норавост. Мунтазам қазои ҳоҷат кардан (бо истифода аз доруҳои дарунрони намакдор) ва кам истеъмол намудани нӯшокиҳо (рӯзе то 1 л) барои рафъи беморӣ муфид аст. Бо мақсади пешгирии шахшавии хуни вена ва ба дигар ғадудҳо паҳн нагаштани беморӣ пистонро андаке боло бардошта бастан лозим.
Ба ҳеҷ ваҷҳ бо маслиҳати шиносон ба худтабобат роҳ набояд дод. Дар аснои худтабобат истеъмоли доруҳо сабаби газакро бартараф намекунанд ва беморӣ идома меёбад. Минбаъд ҷои сахтшудаи ғадуди шир нарм мегардад, ки далел ба пайдоиши римхона аст. Дар ин сурат ҷарроҳӣ ногузир мебошад. Ба таъхир андохтани муолиҷа аҷаб нест, ки боиси инкишофи оризаҳои ногувор шавад.
М. дар навзодҳо низ ба мушоҳида мерасад. Сабаби он сироят ёфтани ғадуди шир аст (асосан аз стафилококкҳо). М. -и навзодон бисёр вақт дар заминаи пиодермия ривоҷ меёбад. Калон шудани ғадуди шир (одатан, яке аз ғадудҳо), сурх гашатани пӯсти болои он, ба вуҷуд омадани дард, рӯ тофтан аз сина, беқарорӣ, баланд шудани ҳарорати бадан ва ғ. аломатҳои М.-и навзодон мебошанд. М.-ро дар беморхона табобат мекунанд.
Ниг. низ Дарди синаи навзодҳо.

М. Т. Анақулова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …